Парчами Точикистон аз якчанд ранг иборат аст, ки маънохои худро дорад ва дар байнаш точу ситорахо мебошанд, ки онхо хам маънои хоси худро доранд.
Ранги сурхи Парчами Точикистон – Ин нишонаи муборизахои халки точик барои сохиб шудан ба истиклолият аст;
Ранги сафед – Нишонаи саодатманди ва хушбахтии халки точик аст, ки сохиби таърихи тулони, ниёгони бой ва фарханги барчаста доранд;
Ранги сабз – маънои табиати зебои Точикистон аст, ки пур аз сарсабзи, бахорони шукуфон, хуррамиву сарбаландии кухсори сабзазордор ва абадияти мулки точикон мебошад.
Дар мобайни Парчами Точикистон накши «Точ» ва «Хафт ахтарон» – ситорахо чойгир шудаанд, ки он оиди зери шохидии чирмхои осмони мавчуд будани мулкдории точикон ва сохибистиклолии Точикистон мебошад. Рамзи «Точ» аз точдории халки точик ва аз номи халки точикон гувохи медихад.
Диккат!
Парчами Чумхурии Точикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992-ум тибки Низомнома дар бораи парчами давлатии Чумхурии Точикистон аз санаи 11 декабри соли 1999 бо Карори раками 892-ум аз тарафи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик шудааст.
Парчами Точикистонро то замони сохибистиклоли “Байраки Точикистон” меномиданд ва он аз хозира парчам бо шакл ва хачм фаркият дорад. Парчами хозираи Точикистон ин матои росткунчаи 3-рангдор мебошад, ки сурх сафед ва сабз мебошад ва онхо уфуки чойгир шудаанд.
Хар сол санаи 24-уми ноябр рузи Парчами Точикистон буда дар саросари кишвар ин рузро хамчун санаи хоси милли чашн мегиранд.
Умуман рангхои парчами точикон аз замонхои кадими ориёи инчониб махз рангхои сурху сафеду сабз бартарият доштандт. Агар пай бурда бошед пас кайд намуд, ки ин рангхо дар як катор парчамхои мардуми ориёи аз чумла афгонхо, эрониён, хиндустонихо, итолиёихо акс ёфтааст.