Главная / Маданият ва санъат / Маълумот дар бораи суруди миллии Чумхурии Точикистон

Маълумот дар бораи суруди миллии Чумхурии Точикистон

Суруди миллии Чумхурии Точикистон (Гимн)

Шеъри Гулназар Келди
Оханги Сулаймон Юдаков

duxtarak

Диёри арчманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонахо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем

Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!

ВИДЕО

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаи,
Ту бахри ворисон чахони човидонаи,
Хазон намерасад ба навбахори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту

Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!

Ту модари ягонаи,
Бакои ту бувад бакои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми чисму чони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту хастиву хама чахон хабиби мост,
хабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи Суруди давлатии Чумхурии Точикистон
(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон с.1994, №17-18, мод.306)

Шурои Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:
1. Тахрири нави матну оханги Суруди давлатии Чумхурии Точикистон бар шеъри Гулназар Келди ва оханги Сулаймон Юдаков тасдик карда шавад.

2. Мукаррар карда шавад, ки ичрои саросарии Суруди давлатии Чумхурии Точикистон, ки бо ин Конун тасдик гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 чори карда мешавад.

3. Фармони Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 4ноябри соли 1977 “Дар бораи тахрири нави матни Гимни РСС Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, 1977, № 23, моддаи 245) беэътибор дониста шавад.

Раиси Шурои Олии
Чумхурии Точикистон Э. РАХМОНОВ
шахри Душанбе, 7 сентябри соли 1994
№ 1074

НИЗОМНОМАИ
Суруди Миллии Чумхурии Точикистон

I. Суруди Миллии Чумхурии Точикистон рамзи давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона, ифодагари дустии пойдори хамаи халку миллатхои кишвар мебошад.
Эхтироми воло ва донистани Суруди Миллии Чумхурии Точикистон вазифаи мукаддаси хар шахрванди кишвар аст.

II. Суруди Миллии Чумхурии Точикистон ичро карда мешавад:
1) хангоми огозу анчоми ичлосияхои Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ичлосияхои намояндагони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхо, мачлису чамъомадхои тантанави ва дигар чашнхое, ки дар чумхури мувофики Конун иди умумихалки эълон гаштаанд;

2) дар огози барномахои телевизиони дар рузхои идхои умумихалки: 1 январ – Соли Нав, 8 март – Рузи байналхалкии занон, 21-22 март – Иди Навруз, 9 сентябр – Рузи Истиклолияти Чумхурии Точикистон, 6 ноябр – Рузи Конститутсия;

3) хамаруза дар ибтидо ва анчоми барномахои радиои умумичумхуриявии Точикистон;

4) хангоми гузаронидани чамъомаду чашнхо ва тадбирхои дигар, ки макомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти, корхона, муассисахо ва ташкилотхо мувофики ичозати Хукумати Чумхурии Точикистон созмон медиханд;

5) хангоми маросимхои расмии пардабардори аз руи хайкалхо, мучассамахо, лавхахои ёдбуд ва дигар иншоотхои мансуб ба мухимтарин вокеахои таърихии хаёти чамъиятию давлати, ба шарафи ходимони сиёси, давлати, харби, кахрамонони халки, ходимони илм, адабиёт ва фарханг;

6) хангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, нохияхо, шахрхо, махаллхои ахолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотхо бо мукофоти давлати;

7) хангоми барафроштани Парчами Давлатии Чумхурии Точикистон дар маросимхо ва дигар чорабинихои тантанави, ки ташкилотхои давлати ва чамъияти, идорахо, муассисаю корхонахо мегузаронанд;

8) хангоми пешвозгири ва гуселонидани сарварони давлатхо ва хукуматхои давлатхои хоричи, ки ба чумхури расман ташриф меоранд – баъди ичрои Суруди Миллии давлати мехмонони хоричи.
Конунгузории чумхури метавонад дар холатхои дигар ичрои хатмии Суруди Миллии Чумхурии Точикистонро пешбини намояд.

9) Суруди Миллии Чумхурии Точикистонро дар холатхои дигар бо карори макомотхои давлатию чамъияти, рохбарони муассисахо корхонахо, ташкилотхо бо риояи талаботи хамин Низомнома ичро кардан мумкин аст;

10) Суруди Миллии Чумхурии Точикистонро ба тарики оркестр (сози), хор, оркестри-хори ё худ тарики овозию сози ичро кардан мумкин аст. Дар ин хол аз воситахои сабти овоз метавон истифода бурд.
Дар холати ичро кардани Суруди Милли ба тарики овозию сози он пурра сароида мешавад, агар Суруд ба тарики сози кисман ичро гардад, сарахбори хор ва накаротро як бор навохтан мумкин аст;

11) Суруди Миллии Точикистон бояд сахех, мувофики матн ва мусикии Суруд, ки бо Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи Суруди Миллии Чумхурии Точикистон” аз 7 сентябри соли 1994 Шурои Олии Чумхурии Точикистон тасдик шудааст, ичро карда шавад;

12) хангоми ичро гардидани Суруди Миллии Чумхурии Точикистон иштирокдорони чорабинихои оммави Сурудро рост истода гуш мекунанд;

13) Суруди Миллии Чумхурии Точикистон дар кисмхои харби низ мувофики хамин Низомнома ва мукаррароти Оинномахои умумихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ичро карда мешавад;

14) ичрои Суруди Миллии Чумхурии Точикистон дар макомоти корхои дохили аз чониби хайати каторию хайати фармондехии он, дар мактабхои олии он тибки мукаррароти Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон сурат мегирад;

15) дар мактабхои системаи маълумоти хамагони, касби, тайёрии махсус ва олии чумхури хангоми маросимхои тантанави Суруди Миллии Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукарраркардаи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ичро мегардад;

16) хангоми гузаронидани мусобикахои дохиличумхури ва байналхалкии варзиши Суруди Миллии Точикистон мутобики мукаррароти Кумитаи тарбияи чисмони ва варзиши назди Хукумати Точикистон, Кумитаи миллии олимпии Точикистон, федератсияхои намудхои варзиши Точикистон ва ризоияти Иттифокхои касаба, Созмони чавонони Точикистон, Ташкилоти мусоидати мудофиа (ТММ) ичро карда мешавад.
Маросими ичрои Суруди Миллии Чумхурии Точикистон хангоми гузаронидани мусобикоти спорти бо назардошти тачрибаи дар амал будаи ташкилотхои байналхалкии спорти муайян карда мешавад.

17) хангоми аз тарафи идораю ташкилотхои чумхури дар давлатхои хоричи гузаронидани чорабинихо Суруди Миллии Точикистон тибки тартиби муайянкардаи Вазорати корхои хоричии Точикистон, бо назардошти анъаноти расму тартиби он давлат ичро карда мешавад;

18) назорат аз болои ичрои амики хамин Низомнома ба ухдаи рохбарони ташкилотхои давлатию чамъияти, идораю муассисахо вогузор мегардад.

Дар он холатхое, ки Суруди Миллии Чумхурии Точикистон хангоми барафроштани Парчами Давлатии Точикистон ичро мегардад, риояи катъии Низомномаи Суруди Миллии Точикистон ва Дастури тарзи татбики он ва назорати ичрои аники он низ ба ухдаи макомоти рохбарикунанда ва шахсони мансабдори масъул гузошта мешавад.
Шахсони ба тахкир кардани Суруди Миллии Чумхурии Точикистон ва дар вайрон кардани он гунахкор, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар хусуси тасдики Низомнома дар бораи Суруди Миллии Чумхурии Точикистон

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Суруди Миллии Чумхурии Точикистон тасдик карда шавад.
2. Карори мазкур аз рузи нашраш мавриди амал карор дода шавад.

Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон С.Рачабов

ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
№ 888

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …