Главная / Гуногун / МУШОХИДАИ ГОВ ДАР тукай (камишзор)

МУШОХИДАИ ГОВ ДАР тукай (камишзор)

Аслан гирем, тукай хучаини аник надошт. Серобу алаф ва дар сохили чапи дарёи Сир вокеъ буд. Гов аз чониби шарк аввал равшании чароги мошинро дид, пасон овозашро шунид. Баъди як дам чанд нафар мардон пои пиёда то мобайни тукай расиданд. Ба говони дигар бо чашми харидори нигариста, маслихат мекарданд. Гов ин гуна манзараро аз он бозе, ки омад-омади фасли бахор ба шохаш халка зада ва ин чо оварданд, маротибаи нахуст мушохида менамуд…

qamish

Вайро беаргамчин озод ба холи худ вогузошта рафтанд. Тукай ба сахро шабохат надошт ва он бегох писари сохиби наваш бахри пешандоз карда бурданаш наомад. Бегохи дигараш низ… Ва ба говони дигар унс гирифт. Бахору тобистон мечариданду мечариданд. Алаф фаровон…

Одамон ба шохи гов аргамчин андохтанд. Вай хатари ба сараш омадаро хис карда худро ба чор тараф мезад. Чонвар аз тарс надониста монд, ки чи сон ду пои акибаш ба халкаи аргамчин дарафтод, лахзае пас ду пои пешаш хамчунин.

Одамони бозувонашон бокувват нуги аргамчинхоро якбора кашиданд. Гови алои фарбех пахлу ба замин галтид. Секаса тану пою шохашро сахт зер карданд. Чоруми пешдомани андак хунолуд дар бар, корди тез ба даст ба сари гови ало хам шуд. Лабонаш пичиррос заданд.

Аз дур гов хамашро ба чашмони худ дид. Говони дигар низ. Вале дасткутох буданд онхо. Дуздон гушти говро бардошта бурданд. Гов охиста-охиста назди гови ало омад. Сари бечонаш як тараф мехобид. Чашмони сиёхи аз косахонаи сар баромадааш бехаракат ба дуродур менигаристанд. Гуё сохиби хакикии хешро нигарон буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …