Главная / Илм / МУРОДОВ Мухтор Кодирович

МУРОДОВ Мухтор Кодирович

nophotoМУРОДОВ Мухтор Кодирович (20. 2. 1936, дехаи Хамичуи нох. Конибодом – 01. 10. 1996, Душанбе), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1970), проф. (1974), Арбоби шоистаи илми Точикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абуали ибни Сино (1996). Хатмкардаи ДДТТ (1959). Духтур-анестезиолог ва реаниматологи беморхонаи клиникии чумхуриявии касалихои сил (1959 – 64), ассистенти кафедраи беморихои сил (1964 – 67), дотсенти кафедраи чаррохии умуми (1967 – 71), мудири кафедраи анестезиология ва реаниматология (1971 – 96), хамзамон декани интернатура ва тачрибаи истехсолии ДДТТ (аз 1978). Бо ташаббуси М. маркази реаниматсия барои калонсолон ва лабораторияи «гурдаи сунъи» ташкил карда шуд. М. муаллифи зиёда аз 175 асари илми, аз чумла 9 монография, 3 дастури таълим, 6 тавсияи методи мебошад. Тадкикоти у ба масъалахои патогенез ва табобати нокисии нафасгири баъди чаррохи, тагйироти патофизиологи ва биохимияви дар холатхои нихоят вазнини бемори ва г. бахшида шудаанд. Дар илми тиб алоими ихтилоли фаъолияти гайриреспиратории шуш «Алоими Муродов» ном гирифтааст. М. саранестезиолог ва реаниматологи Вазорати тандурустии ЧТ, раиси Чамъияти чумхуриявии анестезиологхо ва реаниматологхо буд. Бо ордени «Байраки Сурхи Мехнат» сарфароз гаштааст.
Ос.: Диагностика и лечение миллиарного ателектаза лёгких, Д., 1973; Асрори кушодани банди ачал, Д., 1975; Интенсивная терапия и реанимация астматических состояний (бронхиальная астма), Д., 1979.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …