МУОЛИЧАИ УЛТРАСАДОи, бо максади табобат кор фармудани мавчхои ултрасадои басомадашон муайян. Басомади мавчхои ултрасадое, ки барои муолича истифода мешаванд, 0,8 ва 3,0 Мгс, инчунин 22 ва 44 кГс аст. Умки ба бофтахо даромадани ултрасадо хангоми М. у. 20 – 50 мм мебошад; дар ин гуна маврид он таъсири механики, харорати, физикию химияви мерасонад, мубодилаи моддахо ва вокуниши иммунитетро метезонад. Ултрасадое, ки дар аснои табобат кор мефармоянд, таъсири возехи бедардгардони, рафъи ташаннуч, зиддиилтихоби, зиддиаллерги дошта, гардиши хуну лимфаро ба низом медарорад, тагзияи бофтахоро бехтар месозад. Бинобар ин, М. у.-ро дар клиникаи беморихои дохили, артрология, дерматология, оториноларингология ва г. фаровон истифода мекунанд.
Кор фармудани М. у. хангоми мавчудияти омосхо, беморихои сироятии шадид, захролуди, беморихои хун, ишемияи дил, стенокардия, тромбофлебит, гипотензияи артерияви, амрози силсилаи асабхои маркази, хомилаги ва г. чоиз нест.
Одатан, мавчи ултрасадои камшиддат (0,05 – 0,4 Вт/см2), баъзан миёнашиддат (0,5 – 0,8 Вт/см2)-ро истифода мебаранд. М. у.-ро метавон аз руи низом (режим)-и бефосила ва бофосила (импулси) гузаронд. Бисёр вакт низоми бефосила корбаст мешавад.
Аз сабаби он ки мавчхои ултрасадои хатто аз кабатхои нихоят тунуки хаво инъикос мешаванд, ба тани одам онхоро ба воситаи мухити тамосии бехаво – равгани вазелин ё растани, мархамхои давои, об ва г. мегузаронанд. Хангоми М. у. сараки мавчбарорро ба пуст зер карда харакат (1 – 2 см/сон.) медиханд. Дар чойхое, ки нуктахои дард рушан эхсос мешаванд, сараки мавчбарорро метавон 5 – 10 сон. нигох дошт. Муддати протседура 1 – 5 дак. аст. Дар як даври муолича 10 – 12 протседура таъйин мекунанд. М. у.-ро баъди 3 – 6 мох метавон такрор кард. М. у. пас аз 1 – 2 соати истеъмоли гизо ба амал бароварда мешавад. Онро бо тадкики рентгенологи ва масх дар як руз ичро кардан мумкин нест. Дар давраи табобат бемор бояд аз истеъмоли шароб ва дорухои хобовар худдори намояд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …