МУОЛИЧАИ БОЧАДАЛ, як тарзи табобати махсуси беморон ва чабрдидагоне, ки дар онхо бинобар вазнин будани бемори, осеб, чаррохи ё захролуди ночурихои барои хаёт хавфнок ба амал омадаанд ё мумкин аст ба амал оянд.
М. б. аксар вакт хангоми сактаи мушаки дил, хунравии фаровон ва беморихои илтихобии вазнини шуш, осеби устухонхои косахонаи сар, кос ва кабургахо, беморихои шадид ва музмини гурда ва захролуди кор фармуда мешавад. М. б.-ро дар шуъбахои анестезиология ва реаниматсия ё шуъбахои махсуси пажухишгоххо ва марказхои тибби (кардиологи, нефрологи, токсикологи ва г.) ба амал мебароранд.
Мушохидаи бочадал (интенсиви) назорати доими аз болои холати бемор, аклу хуш, фишори артерия ва вена, набз, ЭКГ, адади нафасгири ва г.-ро дарбар мегирад. Хамаи маълумот ба корти махсуси мушохида ва табобати бемор ворид карда мешавад. Мушохидаи бочадал хусусан дар мавриди истифодаи мониторхо, ки параметрхои фаъолияти хаётии беморро кайд мекунанд, нисбатан босамар аст.
М. б. истифодаи мачмуи тадбирхои табобатиро дар назар дорад: тазрики дохиливариди, вентилятсияи сунъии бардавоми шуш, интубатсия, оксигеншифои, гурдаи сунъи, гемосорбсия, кардиостимулятсия, тагзияи сунъи ва г.
М. б. бидуни иштироки кормандони миёнаи тибби гайриимкон аст. Кормандони миёнаи тибби бояд масхи дил, нафасдихии сунъи, кушодани рохи нафасро донанд, тамоми асбобхоро шиносанд, тарзи кор бо мониторхо, респираторхо, ингаляторхо, дефибрилляторхоро аз худ кунанд. Корманди миёнаи тибби бояд тамоми таъиноти духтуронро аник ичро намояд, вакт ва тартиби протседурахоро риоя намояд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …