Главная / Илм / МУОЛИЧА БО МЕХНАТ

МУОЛИЧА БО МЕХНАТ

mehnatМУОЛИЧА БО МЕХНАТ, истифодаи мехнат барои табобати баъзе беморихо ва узвхои осебдида. Бефаъолиятии дуру дароз инсонро заиф карда, ба холати бетамрини гирифтор месозад. Хангоми дуру дароз бемор будан, имкониятхои неруии инсон кам мешаванд. Ин нафакат аз бемории шахс бармеояд, балки натичаи бефаъолияти низ мебошад. Дуру дароз аз чамоат дур будани бемор низ аз чихати психологи чоиз нест.
Дар рафти табобат истифода бурдани мехнат вазифаи тиб аст. Вакти огози М.-ро факат пизишк дуруст муайян карда метавонад. у дар хар холати чудогона ахволи беморро ба назар гирифта, навъи кор ва андозаи онро тавсия хохад кард.
М.-ро хамчун устули табобат дар марказхои реабилитасияи тибби истифода мебаранд. Дар он чо беморони зарбхурда ва ашхосе, ки гардиши хуни майнаашон халал ёфтааст, тадричан ба мароми мукаррарии хаёт баргардонда мешаванд. Ин усули муолича имкон медихад, ки одам баъди осеби рагхои магзи сар фаъолияти худро баркарор созад, окибати дарди фалачро (агар онхо зухур ёфта бошанд) сабук гардонад; ба беморе, ки сактаи дилро аз сар гузарондааст, барои ба зиндагии одатии пештара баргаштан кумак мерасонад. М. хангоми табобати беморихои устухону бугумхо ахамияти калон дошта, инкишофи анкилоз (бехаракатии бугумхо)-ро пешгири менамояд.
М. барои табобати беморони рухи, ки муддати дароз аз чамъият ва наздиконашон чудо мемонанд, ахамияти махсус дорад. Ихтилоли рухи (эмотсионали, фиреби назар, шаклхои гуногуни васвос) муносибатхои инсони, нигох доштани муносибати пешина ва баркарор кардани равобити навро душвор мегардонад. Мехнат ва фаъолияти якчояи беморон бо иштирок ва ёрии пизишк муносибатхои хамдигарии беморонро сабук мекунанд, холати изтиробро рафъ месозанд. Ба ичрои коре машгул шудани бемор таассуроти нохушро аз у дур мекунад. Хангоми баъзе иллатхои рухи (олигофрения, шизофрения, саръ) бемор, харчанд кобилияти хуби кори дошта бошад хам, дар шароити мукаррарии истехсолот кор карда наметавонад. Барои беморони рухи ахамияти фаъолияти мехнати ва ба воситаи кори якчоя нигах доштани алокахои ичтимои ба дарачаи бузург аст. М.-ро хамчун ёрии тибби кабл аз хама равонпизишкон истифода бурда бурдаанд. Дар ибтидо ба беморон асосан корхои кишоварзи мефармуданд, чунки беморхонахои рухи дар канорхои шахр, дар дехот чойгир буданд. Холо дар чунин беморхонахо устохонахо сохта шудаанд, ки дар он чо корхои мураккаб (мас., дастгоххои радиотехники) сохта мешаванд ва беморон ба дарачае сохиби ихтисос мегарданд. Устохонахо дар назди беморхонахои амрози рухи барои беморони он чо, дар назди диспансерхои психоневрологи бошад, барои бемороне, ки дар хона бо ахли оила зиндаги мекунанд, ташкил карда мешаванд. Ба беморон музди мехнат дода мешавад, ки нафакат ахамияти модди, балки ахамияти рухшифои низ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …