Главная / Илм / МУОИНАИ БЕМОР

МУОИНАИ БЕМОР

muoinai-bemorМУОИНАИ БЕМОР, тадбирест, ки бахри ташхис ва мушохидаи бемори, мукаррар кардани хусусиятхои бемор, интихоби усули босамари табобат ва муайян намудани пешомади маризи андешида мешавад.
Муоинаи умуми ва махсусро фарк мекунанд. Муоинаи умуми дар мавриди хама гуна беморихо ба ичро расонда мешавад; максади он ба даст овардани маълумот дар бораи бемор, мукаррар кардани алока байни бемории узви чудогона (мас., узвхои босира, сомеа) ва холати узвхои дигар мебошад. Муоинаи махсус аз руи нишондодхои муайян ё мутобик ба тартиби азназаргузаронии диспансери бахри ошкор сохтани беморихое, ки хоси сохахои мустакили тиб (мас., дерматовенерология, неврология, психиатрия, стоматология, офталмология, урология ва г.) мебошанд, ба амал бароварда мешавад.
Муоинаи бемор аз руи накшаи муайян сурат гирифта, дар мавриди он хама коидахои деонтология риоя карда мешаванд.
Усулхои тадкики коиникиро, ки хангоми М. б. истифода мегарданд, ба асоси ва иловаги чудо мекунанд. Ба усулхои асоси пурсучу (чамъ овардани анамнез) ва аз назар гузаронидаи бемор, ангуштзани, палмосидан, аускултатсия мансубанд. Усулхои иловаги тадкикоти гуногуни лаборатори ва асбоби, аз чумла сфигмоманометрия, тадкики рентгенологи, ташхиси радионуклиди ва ултрасадои, санчиши функсионали ва г.-ро дарбар мегиранд.
Пурсучуи беморро аз мукаррар кардани шикоятхо сар мекунанд (хам шикоятхои асоси ва хам он чизхое, ки ба фикри бемор беахамият нестанд). Баъд дар бораи бемори (анамнез) ва хаёти бемор маълумот чамъ меоаранд, ба он эътибор додан лозим, ки муносибати мариз нисбати бемори чи гуна аст. Дар ин маврид мумкин аст иллати рухи доштани бемор низ ошкор шавад (он санчиши махсус мехахад). Сухбат бояд оромона ва боварнок бошад. Аз руи шикояти бемор дар навбати аввал фаъолияти узвро санчидан ё мас., чои осебро аз назар гузарондан лозим аст; фишори артерияро чен ё кори дилро гуш мекунанд ва г.
Муоинаи умуми (аз руи арзёбии аклу хуш, холати рухи, киёфа, будан ё набудани нафастанги, сианоз, зардпарвин ва г.) дар бораи дарачаи вазнинии бемори маълумоти нахустин медихад. Хамчунин habitus (мачмуи нишонахои зохирии бемор) низ ба назар гирифта мешавад (яъне чусса, конститутсия, каду комат, тарзи рохрави, таносуби тахминии кад ва вазни бадан). Сипас пайдарпай сар, руй, гардан, бадан, дасту пой, холати пуст, луобпардахо, насчи зери пуст, укдахои лимфави ва мушакхо, дар мавриди зарурат аъзои чинсиро аз назар мегузаронанд. Натичаи муоина барои ташхиси каблии бемори хеле мухим аст; дар баъзе мавридхо он хатто барои ташхис бо як назар «кумак мерасонад». Мас., хангоми муоина ошкор шудани мачмуи чунин аломатхо, ба монанди экзофталм, хароби, ларзидани ангуштони даст ва калон будани гадуди сипаршакл далолат бар он аст, ки бемор гирифтори чогари захрогин мебошад.
Баъди пурра аз назар гузарондани бемор узву бофтахоро бо ангуштон мепалмосанд. Ин имкон медихад, ки варам, омос, калон будани укдахои лимфави ва г. ошкор карда шаванд. Палмосидан барои арзёбии харорати умуми ва чузъии бадан, тонуси мушакхо, хачм ва топографияи баъзе узвхо, омосхо ва дардмандии онхо, тургори бофтахо, набз, кори дил мусоидат мекунад.
Ангуштзани барои ошкор сохтани андоза, шакл ва сархади баъзе узвхои дарун, дарачаи хавогирии шуш (барои ташхиси пневмония, эмфиземаи шуш, ателектази шуш мухим аст), гирех задани руда (ба мушохида расидани метеоризм), мавчудияти обият дар чавфи шикам ва плевра (ниг. Астсит, Гидроторакс, Плеврит) мухим аст. Ба тавассути аускултатсия дар бораи фаъолияти дил, шуш, рагхо, меъда, руда маълумот ба даст меоранд.
Усулхои иловагии М. б. барои аник кардани ташхис ахамияти калон доранд; хангоми баъзе беморихо, хусусан дар давраи аввали инкишоф, ки онхо хануз аломатхои возех надоранд (мас., даврахои аввали омосхои бадфарчоми узвхои дарун), ташхисро метавон факат дар натичаи тадкикоти рентгенологи, ултрасадои ва лаборатори гузошт. Бархе аз усулхои иловагии М. б. ба накшаи муоинахои умумии клиники дохил гаштаанд, мас., антропометрия, чен кардани фишори артерия (ФА) ва харор. бадан, тахлили умумии хун, пешоб ва пасафканд, тахкики рентгенологии узвхои сандуки сина, барои одамони аз 40-сола боло – электрокардиография.
Як катор усулхои иловагии муоина вобаст ба нишондодхои бемори таъин карда мешаванд, мас., томография, рентгенокимография, тахкики рентгеноконтрасти (меъда, талхароха, руда, гадуди шир ва г.), дар диспансерхо – флюорография; хусусан томографияи компютери ахамияти калони ташхисоти дорад. Усулхои тахкики радиоизотопи, нусхабардории гадуди сипаршакл, чигар, сипурз, гурда ва диг. узвхо имкон медиханд, ки дигаргунихо дар чойгири, андоза, холати паренхима ва фаъолияти онхо мукаррар карда шаванд. Солхои охир бахри муоина тадкикоти ултарсадои мавкеи хоссаро ишгол кардааст. Он дар баъзе холатхо аз тадкикоти рентгенологи афзалият дорад, мас., хангоми тахкики дил (эхокардиография), гурда, бачадон, тухмдон, талхадон. Аз усулхои электрофизиологи гайр аз электрокардиография хамчунин электроэнсефалография ва реографияро кор мефармоянд.
Ба сифати ташхисот хусусан усулхои тадкикоти эндескопи, аз чумла бронхоскопия, гастроскопия, ректороманоскопия, колоноскопия, систоскопия, перитонеоскопия ва г. таъсири мусоид расонданд. Онхо имкон медиханд, ки холати узвхои дохили омухта, дар мавриди зарурат бо максади ташхиси ситологи биопсия гузаронда шавад. Мурод аз истифодаи усулхои сузанхали – биопсияи гурда, чигар ва укдахои лимфави, трепанобиопсия, пунксияи чавфи шуш, перикард ва шикам, ки бевосита аз руи пуст ба амал оварда мешавад, махз дар хамин аст.
Усулхои ташхиси вазифави (спирография, фонокардиография, электрокардиография, пневмотахография ва г.) хангоми М. б. ба максади мукаррар кардани вазъи кории узвхои гуногун истифода мешаванд. Нишондодхои фаъолияти дил (мас., ЭКГ) ва диг. узвхо зери таъсири кори чисмони, хамчунин дар давоми вакти муайян (як шаборуз ва бештар), ахамияти беандозаи ташхисоти доранд. Бо ин максад аз тестхо бо таъсироти ченаки (мас., велоэргометрия), ЭКГ-и монитори, ФА-и монитори ва г. истифода мекунанд. Ташхисоти лаборатори аз усулхои сершумори хучайрави ва химияви, омузиши хусусиятхои физики, биологи ва химиявии бофтахою моеъхои организм, нишондодхои иммунитет, инчунин ошкор кардани ангезандахои беморихои сирояти иборат аст.
Санчишхои лаборатори, одатан, дар асоси муоинаи умумии бемор таъин карда мешаванд. Вале баъзе санчишхои лабораториро катъи назар аз бемории асоси низ мегузаронанд. Мас., дар беморхона дар баробари тахлили умумии хун, пешоб ва ахлот (барои тухми кичча) хуни хамаи беморонро ба реаксияи Виссерман, СПИД, хамчунин мавчудияти глюкоза, билирубин, холестерин, дурдаи пешоб низ тахкик мекунанд.
У. Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …