Главная / Илм / МУМИ ЗАНБуРИ АСАЛ

МУМИ ЗАНБуРИ АСАЛ

zanburi-asalМУМИ ЗАНБуРИ АСАЛ, моддаи равганмонандест, ки дар гадуди махсуси занбури асал хосил мешавад. Аз омехтаи эфирхои мураккаб (то 75%), кислотахои хоси карбон, карбогидридхои хаднок иборат буда, ба микдори зиёд витамини А дорад. Массаи хосаш 0,956 – 0,969; дар 62 – 72°С об мешавад. М. дар эфир, хлороформ, бензол, бензин, равган, скипидар нагз хал гашта, дар об ва глитсерин хал намешавад. Занбури асал шони худро аз мум месозад. Барои хосил кардани 1 кг мум занбур бояд 3,6 кг асал, 4,7 кг канд ва андаке гарди гулро истифода кунад. Ранги М. сафед, зард бо тобишхои гуногун ё хокистари аст. Муми табии ва хушсифат ба дандон намечаспад.
Хоидани М. таби хасбедавиро даво мебахшад. Табибон М.-ро барои дармони беморихои илтихобии бини, зики нафас, парадонтоз, колит, эндартериит, бодхурда (сили пуст) ва г. тавсия мекунанд. М. хамчунин барои тахия намудани пластирхо, мархамхо, балзамхо кор фармуда мешавад. Мархами мумдор холати пустро бехтар карда, захмро зуд ба хам меорад. Ба таркиби шамъакхое, ки аз равгани какао тайёр менамоянд, бисёр вакт М. низ хамрох карда мешавад. М.-ро ба таркиби конфетхо илова месозанд. Хоидани чунин конфет оби дахон ва шираи меъдаро афзуда, боиси зуд хазм шудани гизо мегардад.
Ба акидаи табибони халки М. тахлилдихандаи варамхо ва моддахои гафс дар бадан, пазонандаи моддахои нодаркор, мулоимкунандаи асабхо мебошад. Агар 2 г онро ба андозаи донаи гандум реза карда дар равгани кунчид хал намуда бинушанд, захмхои дарун, хароши рудахо ва исхоли кухнаро шифо мебахшад, дарди даруни узвхои сина, сурфа ва силро даво мебошад, дарди гулуро ба ибро меоварад, овозро соф мекунад. М.-ро варак сохта ба пистони занхо гузошта банданд, шах шудани ширро дар он манъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …