Главная / Илм / МУКОВИМАТ БА КОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДХОИ БО РОХИ ЧИНОЯТ БАДАСТОВАРДА ВА МАБЛАГГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ

МУКОВИМАТ БА КОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДХОИ БО РОХИ ЧИНОЯТ БАДАСТОВАРДА ВА МАБЛАГГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ

 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

muqovimat-nizomnoma

  • Низомномаи мазкур бахри ичроиши талаботи конун, ки дар банди 2 моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» оварда шудааст, тахия гардидааст.
  • Низомномаи мазкур бо назардошти он ки Конуни дар боло зикршуда муносибатхои:
  • шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд,
  • Бонкхое, ки бо воситахои пули ё бо дигар молу мулк амалиётхо мегузаронанд, инчунин
  • макомоти давлати, ки дар худуди Чумхурии Точикистон аз болои амалиётхои бо воситахои пули ё дигар молу мулк гузаронидашаванда назорат мебаранд, ба танзим медарорад, бо максади пешгири, ошкор ва решакан кардани кирдорхое, ки бо конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм алокаманданд, сохта шудааст.
    • Ба ЧСП «БОНКИ ТОЧИКИСТОН» (минбаъд Бонк) мукаррароти Конуни дар боло зикршуда хамчун ба Бонки карзи, ки бо воситахои пули ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, дахл доранд ва ба зиммаи он ухдадорихои зеринро во мегузорад:
  • Мушаххассозии шахсони дар хизматрасони карордошта;
  • маълумот хангоми баркарор намудани муносибатхои кори, кушодани суратхисоб ё бо супориши мизоч анчом додани дигар амалиётхои бонкии хатман назоратшаванда, хуччати сабт карда шавад;
  • мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ба макоми ваколатдор нисбати амалиётхои хатман назоратшаванда маълумот пешниход намояд. Тартиб ва мухлати пешниходи маълумот ба макоми ваколатдор аз чониби Бонки миллии Точикистон муайян карда мешавад.
    • Дар Низомномаи мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
  • Конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда – анчом додани ахдхои молумулки ё дигар амалиёт бо даромадхое, ки баръало бо рохи чиноят ба даст оварда шудаанд, махфи нигох доштан ё пинхон намудани хусусияти асли, манбаъ, махалли чойгиршави, тарзи ихтиёрдори, аз чо ба чо гузаронидан, хукук ба молу мулк ё тааллукдори, инчунин истифода бурдани ин гуна даромадхо барои машгул шудан ба фаъолияти сохибкори ё дигар фаъолияти иктисоди, ё истифодаи онхо бо рохи дигар;
  • Маблаггузории терроризм – ин бевосита ё бавосита пешниход намудан ё чамъ намудани маблагхо бо максади пурра ё кисман истифода бурдани онхо ё бо дарки он ки ин маблагхо аз тарафи террорист, Бонки террористи, инчунин барои ташкил, тайёр ва содир намудани амалхои террористи аз чумла чиноятхои дар моддахои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон истифода мегарданд, инчунин агар ин маблагхо вокеан барои содир намудани чиноятхои дар боло зикршуда истифода нашуда бошанд;
  • Ахд ва амалиёти шубханок – Ахд (амалиёт) метавонад шубханок хисобида шавад, агар аз чониби Бонки карзи мушаххассозии мизоч ё гирифтани маълумот барои бастани ахднома ё анчом додани амалиёти мазкур (муносибати кори), ки конун пешбини намудааст, имконнопазир бошад;
  • Макоми ваколатдор – макоми давлати, ки максад, вазифа ва ваколатхояш дар сохаи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм мувофики Конуни мазкур, инчунин дигар санадхои меъёрии хукуки муайян карда мешаванд;
  • Назорати хатми – мачмуи чорахои андешидаи макоми ваколатдор барои назорат кардани амалиёт бо воситахои пули ё дигар молу мулк дар асоси иттилооти аз БОНК ва дигар Бонкхо гирифташуда, ки чунин амалиётро анчом медиханд, инчунин санчиши ин иттилоот мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;
  • Назорати дохили – фаъолияти ЧСП «БОНКИ ТОЧИКИСТОН» барои ошкорсозии амалиётхои (кушиши анчом додани ахдхои шубханоки) хатман назоратшаванда ва дигар амалиётхо бо воситахои пули ё дигар молу мулк вобаста ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм.
    • Дар Низомномаи мазкур тартиботи кори оид ба ташкили назорати дохили дар Бонк баён карда мешаванд, ки бояд дар давраи ва аз руи чамъбасти пешниходи хизматрасонихои бонки ба мизочон ичро карда шаванд.
    • Хамаи тартиботи назорати дохилии дар Низомномаи мазкур тавсифшаванда кисмати таркибии бизнес-раванди умуми мебошанд, ки бо анчомдихии амалиёти бонкии аз чониби мизоч талабшаванда алокаманд аст.
    • Тартиботи дар Низомномаи мазкур баёншуда, дар айни замон огохсозии мизочони Бонк -ро оиди максад ва усулхои ташкили назорати дохилии Бонк дар доираи талаботи Конуни дар боло зикршуда пешбини наменамояд.
    • Бонк бо сохахои зерини тичорат сарукор дошта ва/ё махсулоти зерини бонкиро пешниход намуда, бояд ба таври хадди аксар таваччух ва эхтиёткори намояд, то ки амалиётхои имконпазири конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризмро ошкор намояд:

А.  Доирахои фаъолияти тичорати бо хавфи баланд:

  • саноати киморбози, казино (киморхона);
  • мехмонхонахо, хусусан хангоми дар онхо мавчуд будани казино;
  • муассисахои молиявии гайрибонки (брокерхои (даллолхои) молияви, нуктахои мубодилаи асъор);
  • дафтари саёхат;
  • ширкатхо оид ба воридот/содирот;
  • ширкатхо/дилерхо (даллолхо) оид ба фулузоти киматбахо;
  • корпоратсияхои оффшори;
  • когазхои киматнок/хизматрасонихои брокери/ширкатхои сугуртави;
  • дилерхо оид ба пешниходи воситахои наклиёти нав/истифодашуда;
  • дилерхо оид ба пешниходи кисмхои эхтиётии механикии истифодашуда;
  • хар навъ бизнес, ки бо чараёни шиддатноки пули накд алокаманд аст;
  • бизнесе, ки муносибат дорад ба:
  • накл/истехсоли маводи мухаддир;
  • маблаггузории терроризм;
  • чамъоварии маълумоти сирии бонки;
  • сохахои фаъолият, ки дар он чо асъори мубодилашаванда васеъ истифода бурда мешавад.

Б.  Махсулотхои бонки бо хавфи баланд:

  • кушодани адади зиёди хисобхои пасандози аз чониби як мизоч, ки маблаги умумии воситахои пули дар онхо – зиёд ё минбаъд онхо барои максадхои барои мизочи мазкур хос набуда, интикол дода мешавад;
  • зуд-зуд иваз кардани пулхои зиёди когазии майда бо пулхои калон ва амалиёти баръакс;
  • амалиётхои доими, ки бо фаъолияти асосии мизоч алокаманд нестанд, оиди хариду фуруши асъори хоричи барои максадхои пардохт дар хачмхои калон аз руи шартномахо ва ахдхо;
  • гирифтани маблаги калони накди аз суратхисоб, ки то ин лахза фаъол набуд, ё ба он маблаги калон интикол дода шуд;
  • тез-тез ворид намудани маблаг ба хамон як суратхисоб аз чониби шахсони мухталифи сеюм бидуни асоси дахлдор;
  • интиколи воситахои пули ба хорича ба суратхисоби сохибаш номаълум ё воридшавии воситахои пули аз чунин суратхисоб;
  • пешниход накардан ё кашол додани пешниходи маълумот оиди максади бизнес, таърихи бонки, кормандон ё рохбарият, махалли чойгиршавии мизоч;
  • сарпечи аз пешниходи маълумот барои имконияти баходихии мизоч барои додани карз ё пешниходи дигар хизматрасонихои бонки.

Ба ибораи дигар, хар навъ махсулоти хизматрасонии Бонк, ки барои табдили пули накд ба олотхо (инструментхо) истифода бурда мешавад ва барои дар мухлати кутохтарин анчом додани пардохти фаври имконият медихад, дорои дарачаи хавфи баланд мебошад.

  • Талаботи асоси барои татбики самараноки сиёсат оид ба муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм – дар БОНК мавчуд будани маълумот, ки нишондихандахои барои БОНК нисбатан мухими мизочони онро инъикос менамояд, аз чумла маълумот дар бораи хайати муассисон, макоми ичроия, намуд ва шаклхои фаъолият, дигар мушаххасот ва тавсифоти зарури. БОНК метавонад танхо бо он мизочон муносибат баркарор намояд, ки нисбати сарчашмахои даромадхо ва маблаггузории онхо мумкин аст дар доираи акл пайдоиши конунии онхо тасдик шуда бошад.
  • Вазифаи БОНК муносибати бодиккат ба амалиётхо бо иштироки БОНК мебошад (аз он чумла кушодани депозит, сармоягузори барои хифзи воситахои пули ва арзишхо ё суратхисобхои карзии фарди/корпоративи), ки эхтимолан метавонанд барои расмикунонии маблагхо ва маблаггузории терроризм истифода бурда шаванд ва пайгирии харакати воситахои пули дар суратхисобхои мизочон барои ошкор намудани аломатхои фаъолият оид ба расмикунонии маблаг ва маблаггузории терроризм дар доираи кобили кабул.
  • Аломатхои дахлдор ва эхтиёткори нисбат ба амалиётхои гайриодди ва шубхаовар метавонанд барои ошкор кардан ва боздоштани накшаи расмикунонии маблаг ва маблаггузории терроризм мусоидат намоянд.
  • БОНК барои пешгири кардани чи хамкории баркасдона ва чи бекасдона дар расмикунонии маблаг ва маблаггузории терроризм як катор чорахо меандешад. Аз чумлаи онхо мухимтаринашон инхо мебошанад:
  • Мавчуд будани маълумоти зарури дар бораи мизочи худ ва табиати тичорати у;
  • Омузиши амалиётхои (транзаксияхои) аз чониби мизочон гузаронидашаванда, дар зумраи онхо ошкор намудани амалиётхои шубханок ва дар ин хусус хабардор кардани макоми назорат;
  • Сабт кардан ва нигох доштани маълумот оиди амалиётхои бонкии гузаронидашуда;
    • Чорахои дар боло овардашуда панч талаботи асосиро дар бар мегирад:
  • Мушаххассозии шахсияти мизоч;
  • Фахмиши тичорати у;
  • Гирифтан ё мавчуд будани маълумот дар бораи манбаи воситахои пулии мизоч;
  • Мониторинги суратхисобхо оид ба масъалаи ба самти дигар майл кардан аз рафти фаъолияти мукаррари;
  • Муайян намудан, ки чунин майлкуни бо амалиёти шубхаовар алокаманд аст.
    • Дар шароити муосир холатхои истифодаи амалиётхои бонки барои максадхои терроризми байналхалки чой доранд. Дар ЧСП «БОНКИ ТОЧИКИСТОН» тартиби хатмии санчиши хамаи мизочон аз руи руихати террористон, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати пешниход мешаванд, амал мекунад. Махз бо ин рох, БОНК риояи талаботи пешниходшаванда оид ба ошкор кардан ва махкам кардани суратхисобхои шахсони дар анчомдихии амалиётхои террористи гумонбаршударо таъмин мекунад.

2.    ТАРТИБОТЕ, КИ БАРОИ САНЧИШИ МИЗОЧ ЗАРУР АСТ

  • Мушаххассозии мизоч бо максад дастрас намудани тасаввуроти нисбатан муфассал дар бораи мизоч анчом дода мешавад.
  • Мушаххассозии шахсияти мизоч айнияти (мутобикати) пурраи тамоми маводхои хуччатии аз чониби у пешниходшуда мебошад, ки шахсияти вай ва доираи фаъолияти сохибкории вайро тавсиф менамояд. Менечери (мутахассиси) алока бо мизочони БОНК бояд ба санчиши шахсияти мизочон ва моликони (бенефитсиархои) худ бомасъулият рафтор намояд ва бо онхо танхо дар он холат кор кунад, ки агар санчиш пурра гузаронида шуда бошад.
  • Мизоч то ворид шудан ба хар навъ муносибатхои кори ё бонки бояд дуруст ва боэътимод мушаххас шуда бошад.
  • Бинобар он ки мизочони БОНК метавонанд хам шахсони вокеи ва хам шахсони хукуки бошанд, дар БОНК дар доираи назорати дохили хангоми мушаххассозии мизочон истифодаи тартиботи гуногун кабул шудааст:

А.  Талабот оид ба мушаххассозии шахсони вокеи:

  • Одамоне, ки бо фаъолияти зиддиконуни машгуланд, хамеша бехтар мешуморанд, то ки шахсияти онхо мушаххас нашавад. Аз ин ру, бисёр вакт хангоми кушодани суратхисобхои шахси, интиколи маблагхо ва хангоми гирифтани дигар хизматрасонихои Бонк, аз чониби онхо хуччатхои калбаки, сохта ё дуздидашуда пешниход карда мешаванд. Вобаста ба ин, кормандони БОНК барои омузиш ва тасдики шахсияти мизочи эхтимоли бояд саъйю кушиши зиёд намоянд. Кушодани суратхисобхо танхо пас аз тасдики пурра ва каноатбахши шахсияти мизоч имконпазир аст.
  • Талаботи асоси хангоми дида баромадани хуччат, ки шахсияти мизочро тасдик менамояд, ба таври зайл аст:
  • Хуччате, ки шахсияти мизочи эхтимолиро тасдик менамояд, бояд ба талаботи зерин мутобик бошад:
  • бояд аз чониби макоми давлати дода шуда бошад;
  • раками мушаххаси худ ва расм, ки дар он вокеан пешниходкунанда тасвир ёфтааст, дошта бошад;
  • чой ва таърихи додан дошта бошад;
  • мухр дар бораи кайд дошта бошад;
  • номи пурраи сохиби хуччат ва таърихи таваллуди онро дошта бошад;
  • имзои шахси мушаххасшавандаро дошта бошад.
  • Гузаронидани тартиби хатмии санчиши хамаи мизочон аз руи руихати террористон, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати пешниход мешаванд.
  • Хамаи маълумотхо бояд аз хуччатхои асли чамъовари шаванд, ки дар асоси онхо нусхахои хуччатхо барои чойгир кардан дар парвандаи мизоч ташаккул меёбанд, ки аз чониби БОНК ташаккул дода мешавад ва барои нигохдори то интихои мухлати таъминоти хифз гузошта мешавад.
    • Гайр аз маълумотхо аз хуччатхои расми, парвандаи мизоч бояд хар навъ дигар маълумотхоро дошта бошад, ки хам хангоми сухбат бо у, хамчун карзгири БОНК ва хам аз дигар сарчашмахои расми ва гайрирасми гирифта шудааст, масалан, дар бораи даромадхои харсолаи мизоч, сарчашмаи воситахои пулии пасандозшаванда, чойи зисти вокеи ва г.
    • Бояд ба муносибатхои кори ва ахдхои шахси вокеи бо ширкатхо ва шахсони – гайрирезиденти Чумхурии Точикистон диккати махсус дода шавад.

Б.  Талабот оид ба мушаххассозии шахсони хукуки:

  • Дар холати кушодани суратхисобхо ба мизочони корпоративи зарур аст, ки шахсияти шахси ваколатдори ширкатро муаррификунанда мушаххас карда шавад, ба ваколатхо ва хакики будани шахсон, ки у аз номи онхо баромад мекунад, бовари хосил шавад.
  • Пеш аз он ки муносибатхои кори баркарор карда шавад оид ба мукаррарсозии он ки аризадиханда пароканда намешавад, аз фехрист (реестр) хорич намешавад, бархам намехурад ё фаъолияти худро катъ намекунад чорахо андешида шавад. Илова бар ин, агар минбаъд дар сохтор ё хукуки моликияти ширкат ягон навъ тагйирот ба миён ояд ё вобаста ба тагйирот дар накшаи ичрои пардохтхо тавассути суратхисоби ширкат шубха ба миён ояд, пас бояд санчишхои иловаги гузаронида шавад.
  • Бо максади кушодани суратхисоби мизоч – шахси хукуки зарур аст, ки мавчудияти хуччатхои хукукмуайянкунандаи зерин (нусхахои асл ё нусхахои тавассути идораи нотариали тасдикшуда) таъмин карда шавад:
  • Раками бакайдгири; чойи бакайдгири; махалли чойгиршави;
  • Шаходатнома дар бораи таъсиси шахси хукуки ё хуччати муодил;
  • Оинномаи шахси хукуки;
  • Карори макоми ваколатдори идоракунии шахси хукуки оиди кушодани суратхисоб ва додани ваколат ба шахсоне, ки бо ин суратхисоб амалиётхо анчом медиханд;
  • Чустучуи парвандаи ширкат дар макомоти бакайдгирии он;
  • Маълумотхои шахсии ашхос, ки барои гузаронидани амалиёт бо суратхисоб ваколат доранд.
    • Корманди масъули БОНК бояд хангоми кабули хуччатхо ба масъалахои зерин диккати махсус дихад (талаботи хадди акал):
  • оё нусхахои аслии хуччатхои пешниход мешаванд;
  • оё мухр доранд (ранги ё барчаста);
  • оё дог, тозашуда ва гайра доранд;
  • оё расми дар хуччат буда расми пешниходкунандаи хамин хуччат аст;
  • оё синну соли пешниходкунанда ба таърихи таваллуди у, ки дар хуччати шахсияти уро тасдиккунанда ишора шудааст, мутобикат мекунад;
  • оё имзои дар хуччатхо буда бо имзои дар хузури шумо гузошташуда мутобикат мекунад;
  • оё мизоч аз хизматрасонихои миёнаравхо ё агентхо барои пешниходи хуччатхо истифода мебарад.
    • Корманди БОНК дар доираи ичрои тартиботи хатмии мушаххассозии мизочон вазифадор аст санчиши хамаи мизочонро аз руи руихати террористон, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати пешниход мешаванд, анчом дихад.

В. Аломатхое, ки метавонанд хамчун шубханок муайян карда шаванд:

2.14. Хангоми гузаронидани чорабини оид ба мушаххассозии мизочон, аз чониби корманди БОНК имкон дорад аломатхое ошкор карда шаванд, ки метавонанд хамчун шубханок муайян карда шаванд, ки пеш аз гузаронидани амалиётхои шубханоки бонки ба вукуъ оянд. Ин аломатхо метавонанд чунин бошанд:

  • мизоч аз пешниход намудани хуччатхое (маълумотхо), ки барои мушаххассози зарур мебошанд, худдори менамояд;
  • ташвиши зиёдати ва гайриоддии мизоч доир ба масъалахои махфият;
  • барои мушаххассозии хеш мизоч хуччатхои (маълумотхои) нопурра, беэътимод ё бардуругро пешниход менамояд;
  • маълумотхои мушаххассозии мизоч мувофикат намекунанд;
  • бовари кардан ба дурустии хуччатхои пешниходшуда имконнопазир аст;
  • мизоч бе ягон далел пешниход намудани хуччатхоро кашол медихад;
  • дар хуччате, ки мизоч пешниход намудааст, санаи кухнаи дода шудан гузошта шудааст, вале хуччат хакикатан нав менамояд ё худ дар он санаи нави дода шудан дарч гаштааст, дар холате ки бояд санаи кухна дарч мегашт;
  • мизоч аз пешниход намудани хуччатхои асли даст кашида, танхо нусхаи онхоро пешниход менамояд;
  • дар хуччатхое, ки аз чониби мизоч барои сурат гирифтани ахдхо пешниход карда мешаванд, номутобикати чой доранд;
  • мизоче, ки дар худуди Чумхурии Точикистон икомат ё худ хузур дорад, дар чараёни ичро намудани ахдхо руирост аз вохури бо корманди БОНК, ки ба ухдадорихои вазифавиаш мушаххассозии мизоч ё худ амалиётхои гузаронида у ворид шудаанд, канорачуи мекунад.

Г. Тартиботи назоратии иловаги хангоми мушаххассозии мизоч:

                        2.15. Баъзе намудхои санчишхои иловаги метавонанд доир ба мизоч ва маълумотхое, ки аз чониби у пешниход шудаанд, маълумоти кофии асосноккардашуда диханд. Мисоли чунин санчишхо метавонанд инхо бошанд:

  • санчиш аз руи маълумотномаи телефонхо;
  • истифодаи хар гуна низоми компютерикунонидашуда барои санчиши пойгохи дохили ва берунаи маълумотхо, бо максади пайдо намудани ягон навъ номутобикати дар маълумоти пешниходшуда (масалан, мукоиса бо маълумотхои бюрои таърихи карзхо);
  • анчом додани тамос бо телефонхои хизмати ва ё хонагии аз чониби Мизоч пешниходшуда;
  • бо розигии мизоч, дар шуъбаи кормандони мизоч аник намудани вазифахои кормандоне, ки тавре дар хуччатхои пешниходшуда номбар шудаанд;
  • санчиши маълумотхо доир ба Раками Мушаххаси Андозсупоранда, ракамхои суратхисобхои шахси ва гайра.

3.    ТАРТИБОТИ НАЗОРАТ ХАНГОМИ ПЕШНИХОДИ ХИЗМАТРАСОНИХОИ БОНКИ

  • Тартиботи назорати хатми, сабти хуччатии маълумотхои зеринро хангоми баркарор намудани муносибатхои кори, кушодани суратхисоб ё худ бо супориши мизоч гузаронидани дигар амалиётхои бонкиро дар назар дорад;

а) намуди амалиёт ва асоси доиршавии он;

б) санаи доир намудани амалиёт бо воситахои пули ё бо дигар молу мулк, инчунин хачми маблаге, ки амалиёт доир шудааст;

в) маълумоти зарури барои мушаххас намудани шахси вокеи, ки амалиётро бо воситахои пули ё худ дигар молу мулк доир менамояд (маълумотхои шиноснома ё дигар хуччати тасдиккунандаи шахсият), раками мушаххаси андозсупоранда (дар холати мавчуд будани он), сурогаи чойи истикоматии у;

г) номгуй, раками мушаххаси андозсупоранда (дар холати мачуд будани он), раками бакайдгири, чои бакайдгири ва сурогаи махалли чойгиршавии шахси хукукии бо воситахои пули ё худ дигар молу мулк амалиёт доиркунанда;

д) маълумоти зарури барои мушаххас намудани шахси вокеи ё хукукие, ки бо супориш ва аз номи у бо воситахои пули ё худ бо дигар молу мулк амалиёт сурат мегирад, раками мушаххаси андозсупоранда (дар холати мавчуд будан), сурогаи чойи истикоматии шахси вокеи ё махалли чойригшавии шахси хукуки;

е) маълумоти зарури барои мушаххас намудани намояндаи шахси вокеи ё хукукие, ки бо воситахои пули ё худ бо дигар молу мулк аз номи шахси дигар бо истифода аз ваколате, ки дар асоси бовари, конун ё санади макомоти ваколатдори давлати ё макомоти худидоракунии махалли асос ёфтааст,амалиёт мегузаронад, сурогаи чойи истикоматии намояндаи шахси вокеи ё хукуки;

ж) маълумоти зарури барои мушаххас намудани гирандаи воситахои пули ва намояндаи у аз руи амалиёт бо воситахои пули ё худ дигар молу мулк, аз он чумла раками мушаххаси андозсупоранда (дар холати мавчуд будани он), сурогаи чойи истикомати ё макони чойгиршавии гиранда ва намояндаи у, агар ин бо коидахои гузаронидани амалиёти дахлдор пешбини шуда бошад.

3.02. Баходихи ва омузиши амалиёт (транзаксия) – ин усул барои муайян намудани мувофикати бизнеси мизоч бо он эъломияе, ки у хангоми кушодани суратхисоб пешниход намудааст, кумак мерасонад. Дар холати ягон хел номутобикати ё майл намудан ба самти дигар, зарур аст, ки амалиёт (транзаксия) дакиктар омухта шуда, ба заминаи гайри одди ё шубхаовари он, бештар таваччух зохир гардад.

3.03. Дар аксар мавридхо, максади шахсе, ки маблагро расми мекунад ё худ ба терроризм маблаггузори менамояд ин аст, ки то дарачаи имкон теъдоди зиёди сатххоро барои амалиёт истифода намояд. Ин чунин маъно дорад, ки маблаг тавассути як катор сарчашмахо ва ба воситаи шахсон ё Бонкхои гуногун мегузарад. Барои ин имкон дорад суратхисоби мизоч, ки вакти тулони фаъол набуд ё худ мизочоне, ки обрую эътибори хуб ва таърихи тулони доранд, истифода шавад.

3.04. Масъулияти асосии мониторинги харакат дар суратхисоб дар зиммаи корманди амалиётии БОНК, ки хисоби мизочро пеш мебарад, мебошад. У бояд аввалин шуда ба амалиётхои шубхаовар таваччух зохир намояд.

3.05. Ахдхо ва амалиётхои шубхаовар бояд хатман назорат карда шаванд, новобаста аз хачми маблаге, ки амалиёт сурат гирифтааст ё худ метавонад сурат гирад.

3.06. Меъёрхои муайянкунии ахдхо ва амалиётхои шубхаовар инхоянд:

  а) ахдхои суратгирифта, ки мохияти вокеии иктисоди надоранд;

  б) анчом додани амалхое, ки ба канорагири аз тартиботи мониторинги молияви равона шудаанд ва дар конунгузории амалкунандаи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм пешбини шудаанд.

  в) мавчуд будани асосхои зехни ё худ шубха дар БОНК (ки тавассути он  мизоч мехохад амалиётро бо воситахои пули ё дигар молу мулк анчом дихад), дар бораи он ки ахдхо бо максади конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда  ё маблаггузории терроризм анчом дода мешаванд.

3.07. Дар поён, ба сифати мисол аломатхое оварда шудаанд, ки аз нуктаи назари махсулотхои бонки шаходатдихандаи шубхаовар будани амалиёти гузаронидашаванда мебошанд:

  1. Амалиётхо бо пули накд:
  • мизоч дар як руз бо пули накд якчанд амалиёти хачман калонро дар вохидхои амалиётии гуногуни БОНК анчом медихад ё худ чунин амалиётхоро бо кумаки дигар шахсон ташкил менамояд;
  • суратхисоби шахси хукуки асосан ба шакли накди кредит ё дебет мешавад;
  • мизоч зуд – зуд хачми калони маблагхоро бо бастахои бонкхои дигар ба амонат мегузорад;
  • мизоч микдори гайриоддии амалиётхои мубодилаи асъориро анчом медихад.
  1. Хисобаробаркунихои гайринакди:
  • чузъиёти то ба охир нофахмои пардохт ва мизоч пешниход намудани маълумотхои иловагиро рад менамояд;
  • мизоч аз далелхои асосии (транзаксия) бохабар нест ва нисбат ба андозхо, бочхо, хирочхои пардохтшаванда ва амсоли онхо гамхори зохир наменамояд;
  • мизоч аз чониби шахси хамрохикунанда назорат карда мешавад, дар холатхое, ки вакте мизоч доир ба амалиёт маълумот надорад, бовари надорад ё кухансол мебошад ва аз чониби шахси бегона хамрохи карда мешавад;
  • мизоч амалиётеро анчом медихад, ки аз имкониятхои ширкати у ба маротиб зиёд аст;
  • мизоч зуд – зуд маблаги интиколшударо мегирад ё маблаг интикол медихад, дар холате, ки намуди фаъолияти Бонки у чунин фаъолнокиро талаб намекунад;
  • мизоч сарчашмахои вокеии даромад надорад, вале у зуд – зуд амалиётхоро анчом медихад;
  • мизоч барои ба анчом додани амалиёт (транзаксия) моли серталаб, тухфа, мукофот пешниход менамояд.
  1. Амалиётхои интиколи:
  • интикол додани хачми калони маблаг ба кишвархое, ки аз чониби FATT ба сифати хамкоринакунанда бо дигарон дар самти пешгири намудани конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, мушаххас гардонида шудаанд;
  • пас аз интиколи воридшаванда молик (бенефитсиар) дархол дигар олотхои пулиро барои пардохт ба шахси дигар харидори менамояд;
  • афзоиши гайриоддии интиколхои байналхалки аз руи суратхисоб, ба он нигох накарда, ки каблан чунин таърихи интиколхо вучуд надошт ва намуди зикршудаи фаъолияти мизоч чунин маблагхоро хосил наменамуд;
  • мизоч маблагеро, ки ба суратхисоби у аз хорича дохил шудааст, ба кишвари дигар интикол медихад;
  • мизоч маблагхои интиколёфтаи хурдхачмро кабул менамояд ва пас аз он хамаи маблагро ба мамлакати дигар мегузаронад.
  1. Амалиётхои карзи:
  • ба сифати руйпушкуни, воситахои дар доираи хукукии оффшори чойгир кардашуда пешниход карда мешаванд;
  • воситахои карзии гирифташуда гайри чашмдошт ба доираи хукукии оффшори интикол дода мешаванд;
  • мизоч микдори гайримеъёрии суратхисоби бонки дорад, дар холе ки намуди фаъолияти у чунинро талаб намекунад;
  • амалиёт (транзаксия) дорои холатхое мебошад, ки БОНК-ро мачбур месозанд, бинобар сабаби шубхаовар будани пайдоиши воситахои пулие, ки барои пушонидани карз ва/ё пардохт намудани фоизхои дахлдор барои истифодабарии воситахои карзи истифода мешаванд, аз карзгузори худдори намояд.
  1. Фаъолияти инвеститсионии мизоч:
  • воситахо ба минтакахои оффшори гузаронида мешаванд;
  • инвестор нисбат ба масъалахои меъёрии ба инвеститсияхо дахлдошта, ба мисли комиссия ё олотхои нисбатан кулайи инвеститсиони бетафовут аст;
  • мизоч накдина, супоришхои пули, чекхои рох ё хазинаро ба андозаи хачми маблаги на бештар аз сатхи огохиномаи нозироти андоз, барои карзгузори ба хисоби инвеститсиони, ба амонат мегузорад.
  1. Интернет – банкинг (банкинги – онлайн) бо назардошти ворид намудани ин намуди хизматрасони дар соли 2015

                        Хангоми ба воситаи Интернет пешниход намудани хизматрасонихои бонки, се омили зерин мавчуд мебошад, ки мушаххас намудани мизоч, мониторинги меъёрии суратхисобхо ва амалиётхоро (транзаксияхоро) душвор мегардонад:

  • имконияти дастрасии номаълум тавассути Интернет;
  • алокаи фосилави миёни мизоч ва БОНК;
  • суръати амалиётхои (транзаксияхои) электрони.

                        Барои паст намудани хавфхои имконпазир, бояд БОНК таъминоти барномавии махсус дошта бошад (сохиби халхои автоматикикунонидашуда бошад), ки имконияти пайгири намудани амалиётхои шубханокро мувофики меъёрхои додашудаи шубханоки ва ба даст овардани маълумоти зарурии иловагиро доир ба шахсияти мизоч – истифодабаранда пешниход намояд.

  1. Кортхои пардохти (бо назардошти ворид намудани ин намуди хизматрасони дар соли 2015)

          Инчунин бояд дар назар дошт, ки барои конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, метавонанд кортхои пардохтии мизоч, ки калиди дастрасии электронии мизоч ба хисобхои бонкии у мебошад, истифода шаванд. Кортхои пардохти воситаи кулай барои ба хорича баровардани хачми калони маблаг мебошад, зеро барои пулхои дар кортхо буда пур намудани эъломия зарур нест.

                        3.08. Дар поён ба сифати мисол аломатхое оварда шудаанд, ки аз шубхаовар будани амалиёти гузаронидашаванда, аз руи бахогузори ба рафтори иштирокчиёни гузаронидани амалиёти бонки, шаходат медиханд:

  1. Рафтори мизочи БОНК:
  • мизоч кушиш менамояд корманди сохаи амалиётии БОНК-ро барои худдори намудан аз риояи усулхои бахисобгирии амалиётхо ва/ё риоя накардани талаботхои хисоботдихи моил созад;
  • мизоч кушиш менамояд, ки корманди БОНК-ро барои риоя накардани талаботи ба таври зарури ба расмият даровардани амалиётхо моил намояд;
  • мизоч намехохад, ки маблаги хачман калонро дар як суратхисоб тачаммуъ созад, новобаста аз он ки у ба хуби медонад, ки дар чунин холат у фоизхои нисбатан баланд мегирад;
  • баъд аз он ки ба мизоч хабар дода мешавад, ки маълумот доир ба ин амалиёт (транзаксия) метавонад дастраси макомоти андоз шаванд, аз идома додани амалиёт (транзаксия) даст мекашад;
  • мизоч маблагхоро бозшумори накарда ба амонат мегузорад;
  • мизоч пулхои сохта ё фарсуда, пулхои когазии ифлосро ба амонат мегузорад;
  • мизоче, ки манбахои доимии даромадхои хачман калонро надорад (донишчуй, нафакахур), маблаги хачман калонро интикол медихад ё мубодила менамояд;
  • гардишхои калон аз руи суратхисоб дар давоми руз, вале бакияи начандон калони воситахо ба холати ибтидо ва охири руз;
  • дар амалиёт ширкати оффшори чалб гардидааст, ки номи у институтхои молиявии шинохташударо ба хотир меорад;
  • амалиёт мамлакатхо ё чазирахои номаълумро дар бар мегирад, ки дар харита ёфтанашон номумкин аст;
  • агент, хамчун шахси боваринок ё мушовири молияви аз номи шахси дигар, бе дуруст ба расмият даровардани хуччатхо, масалан, ваколатнома, амал менамояд.
  1. Рафтори корманди БОНК:
  • корманд дар хисоботхои хаттии дар БОНК талабшаванда, маълумотхоро доир ба обрую эътибор, холати молияви ва захирахои мизоч аз буда бештар нишон медихад;
  • корманд тарзи хаёти исрофкоронаи номувофик ба андозаи музди мехнаташро пеш мебарад;
  • корманд зуд – зуд дастурамалхои назорати дохилиро риоя намекунад ё кушиш менамояд, ки онхоро сарфи назар кунад;
  • корманд воситахои пулии ширкатро барои пеш бурдани манфиатхои шахсии хеш истифода мебарад;
  • корманд ба амалиёте (транзаксияе) мусоидат менамояд, ки дар он чузъиёти молик (бенифитсиар) ё шарик кушода намешаванд;
  • корманд рухсатии мехнати намегирад, дар чои кор то бевактии шаб мемонад.

4.    АМАЛИЁТХОЕ, КИ ТАХТИ НАЗОРАТИ ХАТМИ КАРОР МЕГИРАНД

4.01.   Амалиёт бо воситахои пули ва (ё)  дигар молу мулк зери назорати хатми карор мегиранд, агар аз руи хислати хеш он ба яке аз намудхои амалиёти зерин муттаалик бошад:

Намуди амалиёт Шакли хисоббаробаркунихо Хачми маблаги амалиёт, ки тахти назорат меафтад
1.         Гирифтани бурд, аз руи натичахои гаравбанди, киморбози, инчунин лотореяи гузаронидашуда; аз чумла дар шакли электрони Ба таври накди Баробар ё бештар аз 14 000 (чордах хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
2.         Харид, фуруш ва мубодилаи асъори хоричии накд тавассути нуктаи мубодилаи асъор Ба таври накди Баробар ё бештар аз 14 000 (чордах хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
3.         Гирифтани пул аз руи чек ё вексел, хамчун амалиёти якдафъаина ва хамчун амалиёте, ки дар тули хафт рузи пай дар паи таквими сурат гирифтааст Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
4.         Иваз намудани пули когазии як арзиш дошта, ба пули когазии дигар арзиш дошта, хамчун амалиёти якдафъаина ва хамчун амалиёте, ки дар тули хафт рузи пай дар паи таквими сурат гирифтааст Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
5.         Аз хисоби бонкии мизоч гирифтан ё ба хисоби бонкии мизоч ворид намудани пул, хамчун амалиёти якдафъаина ва хамчун амалиёте, ки дар тули хафт рузи пай дар паи таквими сурат гирифтааст Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
6.         Ба хисоби бонкии мизоч ворид намудан ё интикол додани пул, аз чониби шахси вокеи ё хукуки, ки дар навбати худ дорои кайд, чои истикомат ё махалли чойгиршави дар худуди оффшори ва сохиби хисоби бонкии дар худуди оффшори бакайд гирифта шуда мебошад, сурат гирифтааст ё интиколи маблаг аз чониби мизоч ба манфиати гурухи шахсони зикршуда, хамчун амалиёти якдафъаина ва хамчун амалиёте, ки дар тули хафт рузи пай дар паи таквими сурат гирифтааст Ба таври гайринакди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
Намуди амалиёт Шакли хисоббаробаркунихо Хачми маблаги амалиёт, ки тахти назорат меафтад
7.         Ба хорича интикол додани пул ба суратхисобхое (ба амонатхо), ки ба номи шахси номаълум кушода шудаанд, ворид шудани пул аз хорича аз суратхисобе (амонате), ки ба номи шахси номаълум кушода шудааст, хамчун амалиёти якдафъаина ва хамчун амалиёте, ки дар тули хафт рузи пайдарпаи таквими сурат гирифтааст Ба таври гайринакди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
8.         Кушодани хисоби пасандози (амонат) ба манфиати шахси сеюм ва (ё) ворид намудани пул ба чунин хисоб хамчун амалиёти якдафъаина ва хамчун амалиёте, ки дар тули хафт рузи пай дар паи таквими сурат гирифтааст Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
9.         Пардохтхо ва интиколи пулхои аз чониби мизоч ба манфиати шахси дигар ба таври ройгон суратгирифта Ба таври накди ва гайринакди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
10.     Харидори намудан (фурухтани) арзишхои мадани Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
11.     Амалиётхои аз чониби шахсони хукуки суратгиранда, ки аз лахзаи бакайдгирии давлатии онхо на камтар аз се мох сипари шудааст Ба таври накди ва гайринакди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
12.     Ба Чумхурии Точикистон  ворид намудан ё аз Чумхурии Точикистон берун баровардани асъори накди, ба истиснои ворид намудан ё берун баровардан аз чониби Бонки миллии Точикистон, бонкхои тичорати ва Бонкхое, ки хизматрасонии почтавиро анчом медиханд Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
13.     Анчом додани пардохти сугуртави ё худ гирифтани мукофотпулии сугуртави Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
Намуди амалиёт Шакли хисоббаробаркунихо Хачми маблаги амалиёт, ки тахти назорат меафтад
14.     Ворид намудан, гузаронидани аъзохакихои ихтиёрии нафакави ба фондхои гуншавандаи нафакави, инчунин анчом додани пардохтхои нафакави аз фондхои гуншавандаи нафакави аз хисоби аъзохакихои ихтиёрии нафакави

 

Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
15.     Гирифтан ё худ пешниход намудани молу мулк аз руи шартномаи лизинги молияви Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
16.     Ахдхо доир ба пешниходи хизматрасонихо, аз он чумла паймон, интиколи бор, экспедитсияхои наклиёти, махфуз нигох доштан, комиссия, дар асоси бовари идора намудани молу мулк Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
17.     Харид – фуруш ва дигар амалиётхо бо фулузоти киматбахо, сангхои киматбахо ва маснуот аз онхо Ба таври накди Баробар ё бештар аз 70 000 (хафтод хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
18.     Ахдхо бо амволи гайриманкул ва дигар молу мулк, ки бояд хатман аз кайди давлати гузаранд Ба таври накди ва гайринакди Баробар ё бештар аз 500 000 (панчсад хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи
19.     Ахдхо бо когазхои киматнок Ба таври накди Баробар ё бештар аз 500 000 (панчсад хазор) сомони ё худ муодили он бо асъори хоричи

Эзох: Агар амалиёт бо воситахои пули ё дигар молу мулк бо асъори хоричи сурат гирад (намуди асъор хатман дарч мегардад), андозаи он бо асъори милли аз руи курби расмии Бонки миллии Точикистон, ба холати санаи суратгирии чунин амалиёт, муайян карда мешавад.

4.02. Назорати амалиёт бо маблагхои пули ва ё дигар молу мулк хатми мебошад, агар яке аз тарафхо шахси вокеи ва ё хукуки бошад, ки нисбати он бо тартиби муайяншудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят  бадастоварда ва маблаггузории терроризм», маълумот оид ба иштироки у дар фаъолияти террористи мавчуд мебошад ё ин, ки шахси хукуки ба таври бавосита ё бевосита тахти моликият ё тахти назорати ин гуна шахсиятхои вокеи ё хукуки карор доранд ё ин, ки шахсияти вокеъи ё хукукие, ки аз ном ва ё фармоиши ин гуна Бонкхо ё шахсиятхо фаъолият мекунанд. Номгуи ин гуна шахсони вокеи ва хукуки тавассути макомоти ваколатдори давлати муайян карда шуда, барои истифода дар кори амали ба БОНК хамчун Бонки карзие, ки амалиётхоро бо маблагхои пули ва ё дигар моликият анчом медихад, ирсол мекунад.

4.03. Заминаи дохил кардани шахсони вокеи ё хукуки ба фехрести дар банди 4.02 зикршудаи ин Низомнома, иборатанд аз:

  1. Кувваи конуни гирифтани хукми суди Чумхурии Точикистон оид ба айбдор эътироф кардани шахс дар анчом додани чинояти хусусияти террористи дошта;
  2. Кувваи конуни гирифтани хукми суди Чумхурии Точикистон дар бораи манъ кардани фаъолияти шахси вокеи дар асоси аз тарафи у анчом додани фаъолияти экстримисти;
  3. Аризаи Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон ё прокурорхои ба у тобеъ ба суд дар бораи манъ кардани фаъолияти террористии шахс ва ба чавобгари кашидани у;
  4. Карори муфаттиш ё прокурори Чумхурии Точикистон дар бораи кушодани парвандаи чинои нисбати шахсе, ки чинояти хусусияти террористи доштаро анчом додаст;

5.Ба фехрист дохил кардани шахсони вокеи ва хукукие, ки бо Бонкхои террористи ё терористхо иртибот доранд, ки аз тарафи Бонкхои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ё макомоти ухдадори эътирофшудаи онхо аз тарафи Точикистон:

  1. Хукмхои (карорхои) суди ва дигар макомоти ваколатдори давлатхои хоричие, ки аз тарафи Точикистон мувофики санадхои хуккукии байналмиллали эътироф карда мешаванд нисбати Бонкхо ё шахсони вокеие, ки фаъолияти террористи мебаранд.

5.АМАЛХОИ КОРМАНДОН ХАНГОМИ ОШКОР ГАРДИДАНИ АМАЛИЁТХОИ ШУБХАНОК

5.01. Корманди БОНК баъд аз фахмидани он, ки бо амалиёти бонкии шубханок ру ба ру шудааст ва хатто агар, ин ахд аллакай ичро шуда бошад, бояд таъчилан чунин рафтор намояд:

  • дар бораи тасдики транзаксия аз мизоч маълумоти иловаги талаб намояд;
  • дар холати чавоби рад гирифтан ё ба андешаи корманд кофи набудани маълумоти иловагии аз мизоч гирифташуда, у бояд хатман сардори бевоситаи худро шифохи хабардор намуда, баъдан дар шакли хатти дар бораи транзаксияи мазкур маълумот пешниход намояд;
  • дар холати агар, корманд аз сардори бевоситаи худ гумонбар шавад, у бояд дар ин хусус хатман ба таври шифохи ва хатти, сардори бевоситаи худро хабардор накарда, корманди масъули БОНК-ро, ки барои риояи тартиботи назорати дохили масъул мебошад, маълумот дихад;

5.02. Сардори сохтор далелхо ва нишонахои онро, ки аз тарафи корманд нишон додашудаанд, бахогузори намуда, дар холати дастгири кардани хавфи ошкоргардида, ба шахси вазифадори БОНК-ро, ки барои  риояи тартиботи назорати дохили масъул мебошад, хабардор менамояд. Дар холатхое, ки гумони корманд тасдик нагардиданд ва бо мизоч мочаро ба вучуд ояд, онгох ин масъалахо метавонанд аз тарафи худи сардори сохтор хал карда шаванд.

Дар хар маврид, бе назардошти он, ки масъалаи гузаронидани амалиёти бонкии мизоч дар он лахза ба таври мусби карор кабул гардида бошад хам, Рохбари вохиди сохтори нусхаи хисоботи авалияи кормандро оид ба шубхахои (гумон) чой дошта, дар якчояги бо тафсироти худ ба шахси вазифадоре, ки нисбати риояи коидахои назорати дохилии БОНК ухдадор мебошад , пешниход менамояд.

5.03. Шахси вазифадори масъули риояи тартиботи назорати дохилии БОНК дар шароите, ки тафсироти тасдик нагардидаи корманд бегараз тахия шуда бошанд, БОНК нисбати ин корманд ягон чорахо намеандешад ва ин набояд, таъсири манфии худро ба пешравии фаъолияти минбаъдаи e расонад.

5.04. Шахси вазифадори масъули риояи коидахои назорати дохилии БОНК бояд, реестри ин намуди хисоботхоро анчом дихад, агар чи бо гузашти замон ин руи ин шубхахо бедалел маълум шаванд.

5.05. Ба шахси вазифадори масъули риояи коидахои назорати дохилии БОНК ухдадорихои кабул намудани карор нисбати маълумот оид ба амалиётхои шубханоке, ки ба У аз тарафи кормандон ва вохидхои сохтори ворид мегарданд, вогузор карда мешавад.

5.06. Хангоми бурдани тафтиш гузаронидани амалхои зерин, зурури мебошанд:

  • Тамоми маводхои дахлдор нисбати амалиётхои гайриодди ва шубханок (яъне, санчидани дурусти ва мукамалии хуччатхои аввалияи пешниход гашта аз тарафи мизоч барои кушодани суратхисоб ва хамчунин, дигар маълумоти дастрасбуда оиди трансаксияхо), бо диккат омухта шаванд.
  • Санчидани тамоми корхои анчомшуда тавассути корманди БОНК хангоми кушодани суратхисоб барои мизоч (яъне, аз тарафи корманди БОНК риоя гардидани талаботи муайяншуда оиди мубориза ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят  бадастоварда ва маблаггузории терроризм).

Шахси вазифадори масъули риояи коидахои назорати дохилии БОНК оиди масъалахои пешгирии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории  терроризм мебошад, аз натичаи санчиши гузаронидашуда (аз натичаи гузаронидани санчиши хуччатхо бошад-Рохбари хадамоти Аудити дохили), хулосаи худро нисбати санчиши ин вокеъа ба номи Директори БОНК тахия мекунад.

Хулоса бояд далелхои тасдиккунанда ва ё ин, ки инкоркунандаро оиди гайриодди ва ё шубханок будани амалиётро дар бар гирад. Дар сурати тасдик гардидани далелхо дар хулоса бояд, пешниходоти зерин оид ба чори намудани чорахои муковимат, дарч шуда бошанд:

  • Давом додани муносибат бо мизоч бо тарики мониторинги шадид:
  • Катъ намудани муносибат бо мизоч:
  • Огох кардани сохторхои дахлдори давлати (Агар ин намуди маълумотдихи мувофики талаботи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон, зарури бошад.):

5.07. Хабар додани макомоти давлатии дахлдор бояд, тахти мухри «Сирри бонки», бо риояи катъии конунгузори ва дигар санадхои меъёрии Чумхурии Точикистон, инчунин  дастуруламалхо ва фармоишоти Бонки Миллии Точикистон, анчом гирад.

5.08. Дар мавриди ошкор шудани ахд ва амалиётхои шубханок:

а) БОНК вазифадор аст, оиди он ба макомоти ваколатдор маълумот дихад. Тартиб ва мухлати пешниход намудани маълумот ба макомоти ваколатдор аз тарафи Бонки Миллии Точикистон, муайян карда мешавад.

б) БОНК хукук дорад, супориши мизочро оид ба анчом додани амалиёт рад намояд, багайр аз амалиётхои оиди кабул намудани маблагхои пулие, ки ба суратхисобхои шахсони вокеи ва хукуки ворид шудаанд ва мувофики онхо хуччат пешниход нашудааст ё ин, ки маълумоти нодуруст дода шудааст, ки барои сабти маълумот мувофики талаботи конунгузории амалкунанда зарур мебошанд.

в) БОНК мутобики банди 3, кисми 5 ва кисми 7 моддаи 6 Конуни ЧТ «Дар бораи  муковимат ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм»  амалиётхоеро, ки бояд тахти назорати зарури гирифта шаванд (дар мувофика бо макомоти дахлдор) бозмедорад, ба истиснои амалиётхои доир ба гузаронидани маблагхои пулие, ки ба хисоби мизочони вокеи ё хукуки барои се рузи кори аз санаи амали шудани супоришномаи мизочон ичро карда шавад. Дар ин холат на дертар аз 24 соати баъд аз катъ шудани амалиёт, БОНК вазифадор аст дар бораи онхо ба макомоти ваколатдор маълумот пешниход намояд.

5.09. Макомоти ваколатдор  карори боздоштани амалиётхо бо  маблагхои пули ё дигар молу мулкро дар холате манъ менамояд, ки агар  маълумоти гирифтаи он дар бораи амалиётхое, ки бояд тахти назорати доими гирифта шаванд мувофики натичаи санчиши пешаки беасос шуморида шаванд.

5.10. Бо максади пешгири кардани конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, БОНК хукук дорад, ки аз дигар Бонкхои карзи маълумоти иловаги чамъовари намояд.

 

  1. ТАРТИБОТИ ТАЪМИНИ МАХФИЯТИ ТАФТИШОТ.

6.01. Ташкили назорати дохили дар БОНК доир ба масъалахои муковимат ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят ба даст оварда ва маблаггузории терроризм бояд дар мурофика аз руи амалхои зерин равона карда шаванд:

а) таъмини гузаронидани курси назариявии таълими ба кормандони БОНК, ки барои амали шудани тартиботи дар Низомномаи мазкур пешбинигардида;

б) мукаррар кардани тартиботи махфиятноки аз руи хамаи тафтишотхои гузаронидашаванда мувофики талаботи Низомномаи мазкур;

в) пешаки хабардор кардани кормандони дахлдори БОНК ( бо рохи талаб кардани забонхат – ухдадори) дар бораи сатхи масъулиятноки дар ичро кардани тартиботи оид ба гузаронидани транзаксияхо ва инчунин, дар бораи фош кардани сирри бонки ё тичорати байни шахсоне, ки ба маълумоти махфи аз руи тафтишотхои гузаронидашаванда ва натичаи онхо ичозат надоранд.

Тартиботи ба кор кабул кардан ва омузонидани кормандони БОНК

6.02. Раванди ба кор кабул кардан бояд аз тартиботи дахлдори санчиши кадрхоро барои бахогузори кардани хар гуна кормандони эхтимоли иборат буда, пеш аз кабули онхо ба кор амали шавад. Санчиши кормандон то давраи кабул кардани онхо ба кор бояд ба дарёфт кардани маълумотхои асли нисбати поквичдони, хакикат ва ё гузаштаи онхо, холатхои гумонбари ва ба хамин тарик ба сифати корманди БОНК лоик будани онхо мувофикат намояд. Тартиботи санчиш то давраи ба кор кабул кардани онхо бояд аз чунин чорахои нихои иборат бошанд:

  • мукаррар кардани шахсият ва чойи истикомати доими;
  • тавсияномахо аз манбаъхои боэътимод;
  • тавсиянома аз Бонки молиявие, ки корманд каблан кор кардааст;
  • мукоиса кардани шахс ва шахсони тавсиядода бо руйхати шахсони беэътимод;
  • чустучу кардани маълумот дар бораи муфлисшави ё фаъолияти гайриконуни, агар чунин холатхо чой дошта бошанд.

6.03. Кормандони БОНК омузиши назариявиро доир ба холатхои конунигардонии пулхои ба таври гайриконуни ба дастоварда ва маблаггузории терроризм ва заминаи меъёри – хукукиро доир ба масъалаи мазкур бояд пурра гузаранд.

Махфиятноки хангоми гузуронидани тафтишот.

6.04. Хар як корманди БОНК, ки бо тарики ичрои вазифахои хизматиаш дар бораи тафтишот дар  хусуси ахду амалиётхои шубханок/гайриодди ё нисбати мизоч маълум гардид, набояд  ин далелро ба хамкорони худ ва хусусан ба мизоч ошкор намояд. Ошкор кардани далели тафтишот вайрон кардани махфияти он махсуб ёфта, мувофики низомномахои дохили ва Конунгузории амалкунанда ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.

Масъулияти кормандони БОНК.

6.05. Хар як корманди БОНК, ки бо тарики ичрои вазифахои хизматиаш дар бораи тафтишот дар  хусуси ахду амалиётхои шубханок/гайриодди ё нисбати мизоч маълум гардид, набояд  ин далелро ба хамкорони худ ва хусусан ба мизоч ошкор намояд.

6.06. Шахси вазифадори БОНК, ки барои риоя кардани коидахои назорати дохили оид ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм масъул мебошад (инчунин гузаронидани тафтиши хуччатхо – кормандони Хадамоти аудити дохилии БОНК) барои тафтиши дуруст ва бегарази ингуна маълумот дар бораи гузаронидани амалиётхои шубханок аз тарафи мизочони БОНК , чавобгар мебошад. Хангоми гузаронидани тафтишот онхо тибки конунгузори ва санадхои меъёри – хукукии Чумхурии Точикистон ва инчунин Низомномаи мазкур амал мекунанд.

7. Тартиби ташкили назорат аз руи кори гузошташуда

  • Дар БОНК назорат аз руи ичроиши тартиби муковимати зидди конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, дар якчанд сатх ташкил карда мешавад:
  • назорат дар сатхи кормандони БОНК, ки ба мизоч хизмат мерасонад
  • назорат аз тарафи Хадомоти аудити дохили
  • назорат аз тарафи аудироторони беруна

Назорати ибтидоии дохили

  • Назорати ибтидоии амалиётхо аз тарафи корманди БОНК, ки ба хисоби мизоч чавобгар аст, гузаронида мешавад.

Назорати чори ва оянда аз тарафи рохбари сохтори амалиёти (сектор,шуъба) амали мегардонад, кадоме, ки амалиётхои махсусро аз руи хисоби мизоч  мегузаронад.

Назорати оянда дар сатхи шахси масъулиятнок, ки дар БОНК барои риоя намудани коидахои назорати дохили аз руи пешгири намудани расмикунонии маблаг ва маблаггузории терроризм чавобгар аст гузаронида мешавад (Сардор, сармухосиб, риск-менечер).

Дар сатхи Саридораи БОНК аз руи фармони Директор БОНК бояд мутахассиси пешбар барои назорат аз руи мувофикат кардани ичроиши ойин аз руи масъалахои пешгирии расмикунонии  маблаг  ва маблаггузории терроризм муайян карда шавад, ки ба вазифахои у дохил мешавад:

  • таъмин намудани мавчудии тартиботи мутобик аз руи масъалахои пешгири намудани расмикунонии маблаг ва маблаггузории терроризм дар БОНК;
  • таъмин намудани фахмондадихии сиёсати БОНК аз руи масъалахои пешгирии расмикунонии маблаг ва маблаггузории терроризм дар байни кормандон;
  • назорат барои дохил намудани тартибот аз руи масъалахои пешгири намудани расмикунонии маблаг ва маблаггузории терроризм дар дастури тафсири равандхои тичорати дар БОНК, инчунин дуруст истифода бурдани он;
  • саривакт расонидани маълумоти ба макомоти ваколатдор дар бораи амалиётхои шубханок;
  • таъмин намудани иттилооти махфи нисбати мизочоне, ки мувофики меъёрхои дар Низомномаи мазкур гуфта шудааст;
  • таъмин намудани мувофикаткунии расмикунонии мавчудаи Чумхурии Точикистон нисбати тартиботи дохили аз руи масъалахои пешгири намудани муковимат ба конунигардонии маблаг ва маблаггузории терроризм, иштирок дар бехтар кардани он;
  • таъмин намудани огохи дар масъалаи ташаббуси байналхалки аз дучоршавии конунигардонии маблагхо ва маблаггузории терроризм;
  • гирифтани тасдикномаи оиди он, ки БОНК таваччухи махсус ва аз руи амалиётхои алокаманди Мамлакатхо ва Минтакахое, ки дар онхо хавфи баланди гузаронидани амалиётхои шубханок чой доранд, мувофики ахдномахо амал менамояд.
  • Ташкил ва бурдани хисоботи номгуи шахсон ва Бонкхое, ки аз тарафи БОНК ба «руйхати сиёх» бо сабаби бееътимод буданашон шомил гардидаанд(аз руи реестре, ки аз макомоти ваколатдори давлати гирифта шуда, таърихи манфии карзи доранд ва каблан дар гузаронидани амалиётхои шубханок, каллоби ва гайра иштирок намудаанд);
  • Чори намудани реестри амалиётхои шубханок,ки дар БОНК ба кайд гирифта шудааст;
  • пешниход намудани хисоботи семоха оиди хама гунна амалиётхои шубханок ба Кумитаи аудит ва хавфхои назди Шурои нозирони БОНК;

Чавобгарии кормандони БОНК барои кабул накардани чорахо ё беамали накардан оиди риоя накардани сиёсати пешниходшуда бо Конуни Мехнатии Чумхурии Точикистон танзим мешавад ва  чун риоя накардани вазифахои хизмати, бо расонидани зарари молияви ва инчунин обруи БОНКро дар хавф мемонанд дида баромада мешавад.

8.  ХОЛАТХОИ НИХОИ

8.01.Фаъолият аз руи муковимати конунигардонии маблаг ва маблаггузории терроризм  ташкили  кори хамохангсозиро дар сатхи байналхалки талаб менамояд

8.02.Дар соли 1989 дар Париж Самити калони хафт давлат Комиссияи махсус аз руи Амалхои Молияви  ташкил карда буданд (FATF – Financial Action Task Force) барои хамохангсозии  фаъолияти  зидди расмикунонии маблаг ва мабагхои терроризм. Яке аз вазифахои асоси ин тахия намудани 40 Тавсиянома оиди кабул намудани чорахо аз тарафи хукуматхои милли барои расмикунонии маблаг ва мабагхои терроризм.

8.03 Аъзоёни FATF мамлакатхоеро дохил мекунанд,ки марказхои молиявии асосиро  Аврупо, Шимол ва Чануби Америка ва Азияро ишгол мекунанд.Аъзоёни FATF инчунин Комиссия ва Шурои хамкории мамлакатхои Халичи форс мебошанд.

  1. Аргентина
  2. Австралия
  3. Австрия
  4. Белгия
  5. Бразилия
  6. Канада
  7. Дания
  8. Мамлакатхои комиссияи аврупо
  9. Финляндия
  10. Фаронса
  11. Олмон
  12. Гретсия
  13. Аморати Муттахидахои Араб
  14. Гонконг, Чин
  15. Исландия
  16. Ирландия
  17. Италия
  18. Чопон
  19. Люксембург
  20. Мексика
  21. Шохигарии Нидерланд
  22. Зеландияи Нав
  23. Норвегия
  24. Португалия
  25. Федератсияи Русия
  26. Сингапур
  27. Африкаи Чануби
  28. Испания
  29. Шветсия
  30. Швейцария
  31. Турсия
  32. Бритониёи Кабир
  33. ИМА

9.04.Номгуи минтака ва мамлакатхое, ки речаи имтиёзнокии андозро пешниход менамоянд ё ин ки маълумоти заруриро ба пурраги ба макомоти назорати бонки пешниход намекунанд (минтакахои оффшор) ташаккул дода шуд ва дар навбати худ дар холати гузаронидани мониторинги молиявии амалиётхои транзаксияви  ин номгуй бояд ба инобат гирифта шавад.

Аз чумла:

  1. Ангилья
  2. Шохигарии Андорра
  3. Чазирахои Антилья (Шохигарии Нидерланд)
  4. Чазираи Антигуа
  5. Аруба
  6. Самоаи гарби (Давлати сохибистиклоли Самоа)
  7. Чазирахои муштарофеи Багама
  8. Чазираи Барбуда
  9. Шохигарии Белгия
  10. Белиз
  11. Чазирахои Бармуд
  12. Чазирахои Бритониё Виргиния
  13. Гватемала
  14. Гренада
  15. Муштарофеи Доминик (чазираи Доминика)
  16. Чазирахои Теркс и Кайкос (минтакаи Бритониёи Кабир)
  17. Чумхурии Либерия
  18. Шохигарии Лихтенштейн
  19. Чазирахои Кайманов (минтакаи Бритониёи Кабир )
  20. Чумхурии Коста-Рика
  21. Чазирахои Маршаллов
  22. Чазираи Мен (минтакаи Бритониёи Кабир)
  23. Шохигарии Монако
  24. Монтсеррат (минтакаи Бритониёи Кабир)
  25. Чумхурии Кипр
  26. Чумхурии Науру
  27. Ниуэ
  28. Гибралтар (минтакаи Бритониёи Кабир)
  29. Чумхурии Сан Марино
  30. Федератсияи Сент-Китс ва Невис
  31. Сент-Люсия
  32. Сент-Винсент ва Гренадины
  33. Чумхурии Вануату
  34. Чумхурии Шимолии Уругвай
  35. Чазирахои Кука (Зеландияи Нав)

9.05. Рохбарияти ЧСП «БОНКИ  ТОЧИКИСТОН» салохияти ворид намудани тайгирот ба Низомномаи мазкур вобаста ба  тайгиротхо дар  мухити хукуки-меъёри, талаботи макомоти ваколатдори давлати оиди мониторинги молияви, тавсияхои аудити дохили ва берунаи Бонк мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …