Главная / Илм / «МУХИТИ АЪЗАМ»

«МУХИТИ АЪЗАМ»

azam«МУХИТИ АЪЗАМ» («Бахри кабир»), китоби Мухаммад Аъзамхон ибни Шохаъзамхон оид ба тиб. С. 1879 ба забони форси-точики дар чор чилд таълиф шудааст. Ин китоб, ки с. 1896 дар Канпур ба табъ расидааст, 14967 номи давохои муфрадаро дарбар мегирад. Муаллиф ба гайр аз дорухое, ки тавсифашон дар китобхои тиббии форси ва араби сабт ёфтааст, дар хусуси адвияе низ маълумот додааст, ки дар маъхазхои юнони, хинди, суриёни ва г. мавчуд буданд.
Дар аввали мукаддимаи китоб гуфта мешавад, ки дар вакти навиштани он 68 асари тиббии кадим мавриди истифода карор гирифтааст. Аз маълумоти мукаддима метавон ба хулоса омад, ки таълифи китоб такрибан дар с-хои 1860 – 1865 ба итмом расидааст, зеро он с. 1867 ба регистри махсуси давлати дар бобати нигахдории хукуки муаллиф дароварда шуда буд.
«М. а.» асари бисёр мухим мебошад. Дар он захираи дорушиносии тибби пешинаи нафакат форсу точик, юнонихо ва арабхо, инчунин маълумоти тибби хинди ва кисман аврупои (асосан англиси) оварда шудаанд. Дар китоб маълумоти тибби ба се кисми асоси таксим гаштаанд. Дар назди номхои форси-точики, араби ва юнонии дорухо маълумоти тибби юнони оварда мешаванд. Аммо дар назди маълумоти хинди (урдуи)-и хамон дорухо маълумоти тибби хинди ва дар назди номхои англиси ё лотини – маълумоти тибби аврупои дарч гаштаанд. Дар эзохот хавола бар асархое, ки ба онхо истинод шудааст, бисёр дида мешавад. Кимати дигари китоб аз он иборат аст, ки дар мукаддима дар баробари асосхои назарияи тибби форсу точик асосхои тибби хинди низ баён меёбад.
Китоб аз ду максад (кисм) иборат аст. Максади аввал дах фасл дорад: баёни таърифи даво ва гизо; дар хусуси мизочхои адвияи муфрада; шинохтани кайфияти дарачоти давохо ва маротиби онхо; маърифати куввахои адвия бо тачриба; шинохтани адвияи муфрада ба киёс, вобаста будани таъсири давохо ба махал, фаслхои сол, ба бадани ашхоси мухталиф, таъсири харорат, сарди, хушки, рутубати иклим ба онхо; таъсири давохои муфрада, сифат ва номхои онхо; бо усулхои гуногун (чушонидан, куфтан, шустан, тар кардан ва г.) собит намудани адвия; чамъ ва хосил кардани адвия, захира кардан ва нигох доштани он; мухлати нигахдории баъзе адвияи муфрада; истилохот ва лугатхои тиб. Максади дуюм ба ду фасл чудо мешавад: фасли якумро муаллиф ба дах манфиат кисмат дода, дар онхо оид ба аъзои бадан, кайфияти инсон, ахлоти асл ва пояи бадан, хурдани ва нушидани, мулкхо ва иклимхо, таъми гизохо, адвия ва манфиати онхо маълумот медихад. Дар фасли дуюм маълумот дар бораи баёни вазнхо ва ченакхои хиндии тиб, пайдоиши таърихи афкори тиббии хинд, ном ва сифатхои умумии давохо ва мулохизахо оид ба аъзои бадан, истеъмоли гизо ва давохо, инчунин захрхо баён ёфтааст.
Дар ин асар муаллиф кушидааст, ки давохоро то хадди имкон ба забони соддаву фасех шарх дихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …