Главная / Гуногун / МУДИР, ТОЛКУЧКА ВА ДУЗД

МУДИР, ТОЛКУЧКА ВА ДУЗД

Cолхои охири хукумати Шурави дар кишвар камбуди шадиди коло хукмрон буд. Ба хадде, ки фурушгоххо комилан холи буданд. Рафхои фурушгоххоро барои зеб бо кон- сервхои касмахар пур нигох медоштанд, зеро чизи дигар надош- танд. Дар фурушгоххои сарулибос низ хол хамин буд. Хатто пул хам дошта боши, ёфтани сарулибосу пойафзоли муносиб номумкин буд. Фурушгоххо хама давлати буданд. Бокадртарин инсонхо мудирони анборхои давлати ва фурушандагон буданд. Хама пиру чавон, вазиру кабир, раису саис дастнигари инхо буданд, то либосу палоси дилхохро дастрас кунанд. Агар бахти касе механдид ва либоси хуберо ба даст меовард, онро боэхтиёт солхои дароз мепушид.

Ёд дорам, боре сари соли хониш либоси муносиб надоштам. Хамсинфам аз тарики бародараш, ки мудири анбори корхонаи таъмири мошин буд, ба мудири анборе занг зада хохиш кард, ки ба ман як костюму брюки хуб ёфта дихад. Мо бо хамсинфам ба он анбор рафтем. Мудир бе хеч салому калом, хавобаландона:

  • Додари Акбар туи? – гуфта пурсид. Ва як чуфт костюму брюки ранги сафедро бароварда дод.
  • Ранги дигар надоред? – пурсидам ман.

У ба дустам, гуё ман хозир набошам, гуфт:

  • Бигу, ки хамин, дигар нест.

Ман пурсидам, ки мумкин аст, пушида андозаашро бинам, у бо руи турш сар такон дод. Вакте пушидам, ин чуфт барои ман каме калон буд. Пурсидем, ки андозаи хурдтар надорад, у ин дафъа ба ман мурочиат карда, дахонашро накушода, аз байни дандонхояш гичирос зад:

  • Хохи бигир, нахохи, калларо гаранг накун!

Ман, ки пеш аз ин хеле саъй карда, хеч чизи мувофик на- ёфта будам, бояд интихоб мекардам, бо либосхои фарсуда ба донишгох равам ё ин чуфтеро, ки на рангаш ва на андозааш муносиб буд, бихарам. Ман як сол бо он либоси гайриоди, ангуштнамо дар донишгох тахсил кардам.

Дар солхои донишчуии ман дар магозахои Душанбе факат либосхои истехсоли худи шурави фурухта мешуданд. Ин либосхо гайр аз он ки он кадр сифати хуб надоштанд, саб- ки таррохияшон низ на хамеша дилкаш буд. Ахёнан дар фу- рушгоххо аз кишвархои сусиёлисти, мисли Лахистону Чекос- ловаки либос пайдо шавад, навбат барпо мешуд ва зуд тамом мешуд. Мудирони фурушгоххо кисми либосхоро пинхон карда, баъдан бо нархи гарон ба истилохи он замон «аз зери миз» мефурухтанд.

Аслан, камбуди сарулибос дар Шурави мавзуи хосе аст. Хамин либосхои «чинс», кафшхои варзишии брендхои маъруф аслан дастрас набуданд. Касоне, ки либосу кафши хуштархи хоричи дошта бошанд, хушбахт хисоб мешуданд ва онро бо ифтихор мепушиданд.

Вакте мегуфтанд, ки дар Амрико шалворхои «чинс»-ро хамчун либоси кори сиёх мепушанд, хама хавас мекарданд, ки як руз хам бошад дар Амрико коргари кори сиёх бошанд. Мардум он кадр муштоки либоси хоричи буданд, ки вакте як сол ниходхои савдои шурави аз Покистон либоси руй ворид кард, одамон хама аз он хариданд. Дар пушти ин болопуш бо харфхои калон «TABANI» навишта шуда буд. Душанбе ба тав- ри хандаовар шахри «TABANI»-xo шуда буд. Хар кучо нигох кунед, дар пушти одамон бо харфхои калон ин ном навишта шуда буд. Хурду калон аз ин болопуш мепушиданд.

Дар замони донишчуии ман дар Душанбе хар хафта рузхои якшанбе як бозори гайриконуни бо номи «толкучка» амал ме- кард. Ин ном дар забони руси ду маъно дорад, яке чои серодам, дигаре бозори колои дасти дувум, ки харду хам ба хамин бозор дуруст мегирифтанд. Дар ин бозор хама гуна либосу кафши хоричи харидуфуруш мешуд. Касоне, ки барояшон сафари хорича муяссар мешуд, аз он чо чомадонхои худро аз коло пур карда меоварданд ва баъдан дар ин бозор фурухта, пул мекарданд. Он солхо инчунин дар Душанбе теъдоди зиёди до- нишчуёни афгонистони тахсил мекарданд, ки онхо низ ба таври кочок молу коло меоварданд ва дар ин бозор мефурухтанд.

Он солхо ман дар хобгохи донишчуён зиндаги мекардам. Дар байни донишчуён хамеша дар бораи нарху наво ва молу колои мавчуди ин бозор сухбатхо мешуд. Баъзе аз донишчуён дар ин бозор савдо хам мекарданд. Ман як-ду бор ба ин бозор рафтаам. Ин бозор дар кисмати «Гипрозем»-и шахр, бевосита дар руи рохи мошин баргузор мешуд. Одамони зиёд, он кадр зиёд, ки доим ба хам дакка мехуранд, колои фуруши дар даст, равуо мекарданд. Яке кафшхоеро дар даст ба хама нишон дода, «Адидас» – гуфта мегашт, дигари шалвор дар китф, ба киёфаи одамон нигариста, «чинси Левис» гуфта, молашро таргиб ме- кард. Харидорон фурушандахоро нигох дошта, молашро ме- диданд ва хамон чо савдо мекарданд. Дар ин бозор хеч растае ё дуконе вучуд надошт. Як анбухи одамон хама дар холи равуо ба хариду фуруш машгул буданд.

Амир ном як хамкурси ман хар хафта дар ин бозор либос мефурухт. У аз донишчуёни афгонистонии шиносаш ду-се чуфт либоси хоричи гирифта, дар тули хафта пушида мегашт ва рузи якшанбе онхоро тозаву дарзмол карда, мисли либоси нав ба фуруш мебаровард. Агар либосе ба фуруш биравад, пулашро ба дусти афгонистониаш дода, боз ба чояш либос гирифта, то рузи якшанбеи дигар пушида мегашт. Хамин тавр, Амир дар байни хамдарсон хамчун баччаи хушсарулибос маъруф буд.

Вакте мо ба Дехли расидем, чизи аввалине, ки моро моту мабхут кард, фаровонии молу коло буд. Ошёнаи аввали тамоми бинохо фурушгох буданд. Ин фурушгоххо пур аз анвои мол буданд. Нархи онхо хам барои мо, ки пули хуб мегирифтем, дастрас буд. Дигар мо гох-гох растагарди карда, табъи дилу завк чизхои лозимиямонро харидори мекардем. Ман, ки дар Ватан хеч гох либоси дилхох намеёфтам ва агар ёбам хам, тавони харидашро надоштам, барои худам ду-се чуфт либосу кафши хуб гирифтам ва либосхои «шурави»-ямро, ки ба худам маъкул набуданд, дур андохтам. Ва аз он пас хар чанд хафтае либосхои нав ба нав мехаридаму бо завк мепушидам.

Сухроб, ки хамрохи ман аз Точикистон омада буд, низ маро доим дар растагарди хамрохи мекард ва либосу кафшхои нав ба нав мехарид, вале боре хам онхоро намепушид ва бо хамон либоси аз Ватан пушида омадааш мегашт. Бегох он либосхои кухнаашро мешуст, ки шаб бихушканд ва рузи дигар боз онхоро мепушид. Ман хайрон шуда, аз у пурсидам, ки чаро он хама либоси зеборо, ки мехарад, намепушад? У гуфт, «инхо барои Ватананд, он чо мепушам».

Вакти баргаштан, барои худу наздикон боз хам либосу сав- гои зиёд харидем. Агар багочи ман ду чомадон шуда бошад, багочи Сухроб ду баробари ман буд, зеро у тамоми сол мол андухта буд ва хануз хам бо он либосхои овардааш мегашт.

Пас аз баргаштан, рузе дар хиёбон, вакте аз мошин пиёда мешудам, уро дидам. Гамгину маъюс буд. Хол пурсидам, бо хасрат гуфт:

– Асло напурс, хонаро дузд зад, бетурсук (либоси зер) мон- дем.

Дар танаш хамон либосхои кадимияш буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …