Главная / Илм / МУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТХО

МУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТХО

karbogidratМУБОДИЛАИ КАРБОГИДРАТХО, мачмуи равандхои хазм, хосил шудан, тачзия ва аз организм хорич гаштани ангиштобхо ва моддахои ангиштобдор. Барои М. к. дар бофтахои одам ва хайвонот ахамияти глюкоза калон аст. Манбаи он дар организм гликоген (хусусан гликогени чигар) ва крахмали гизохои наботи мебошанд. Глюкоза хамчунин метавонад аз моддахои гайриангиштоби дар чараёни глюконеогенез хосил шавад; он бахри нигох доштани консентратсияи зарурии глюкоза дар хун ва бофтахо ахамияти калон дорад. Сахаридхои гизо, ки глюкоза доранд, дар рохи меъдаю руда зери таъсири ферментхои гидролизи (гидролазахо)-и карбогидразахо тачзия мегарданд. Глюкоза мабдаи раванди мураккаби неруофар – гликолиз аст. Гайр аз гликолиз глюкоза метавонад бо рохи оксидшави ё пентозофосфати табдил ёбад.
Дар танзими гликолиз, гликогенолиз (тачзияи ферментии гликоген) ва глюконеогенез инсулин, адреналин, глюкагон ва глюкокортикоидхо иштирок менамоянд.
Нукси генетикии ферментхое, ки дар М. к. ширкат доранд, мучиби беморихои ирсии хеле вазнин мешаванд. Мас., галактоземия ва фруктоземия дар натичаи норасоии ферментхои мубодилаи моносахаридхои дахлдор сар мезананд. Ба энзимопатияи нисбатан вазнин норасоии ферменти лактаза дар луобпардаи руда мансуб аст (чунин кудакон аз рузи таваллуд ба лактазаи шир тоб намеоранд). Ташхиси дурусти чунин энзимопатия нихоят мухим аст, зеро онро бисёр вакт исхоли хунин пиндошта бо антибиотикхо муолича менамоянд ва дар натича вазъи бемор хеле вазнин мешавад.
Ниг. низ Карбогидратхо.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …