Главная / Биология / МУБОДИЛАИ ЭНЕРГЕТИКИ – КАТАБОЛИЗМ

МУБОДИЛАИ ЭНЕРГЕТИКИ – КАТАБОЛИЗМ

Раванде, ки мукобили синтез аст, диссимилятсия – мачмуи реаксияхои тачзия мебошад. Хангоми тачзия шудани пайвастагихои калонмолекула энергия хорич мешавад, ки барои реаксияхои синтези биологи зарур аст. Бинобар ин,

диссимилятсияро мубодилаи энергетикии хучайрахо ё катаболизм (аз юнони кatabole – вайронкуни, ба паст партофтан) низ меноманд.

katabolizm

Энергияи химиявии моддахои гизои дар бандхои гуногуни ковалентии байни атомхои молекулаи пайвастагихои органики мавчуданд. Масалан, хангоми кандашавии чунин банди химияви – банди пептиди, кариб 12 кЧ дар 1 мол энергия озод мешавад. Дар глюкоза микдори энергияи потенсиали, ки дар бандхои байни атомхои С, Н ва О мавчуд аст, 2800 кЧ-ро дар як мол (яъне дар 180 г глюкоза) ташкил медихад. Хангоми тачзияи глюкоза энергия бо иштироки як катор ферментхо давра ба давра мувофики муодилаи зерин чудо мешавад:

C6H12O6 + 6O2 6H2O + 6CO2 > + 2800 кЧ

Як кисми энергия, ки аз моддахои гизои озод мешавад, дар шакли гарми пароканда шуда, кисми дигар дар энергияи бандхои фосфатии АТФ захира мегардад. Махз АТФ энергияи хама намудхои фаъолияти хучайрахо – синтези биологи, кори механики (таксимшавии хучайра, кашишхурии мушак-хо), гузаронидани моддахо аз мембрана, нигох доштани потенциали мембранави дар чараёни интиколи импулсхои асаб, ихрочи усорахои гуногунро таъмин месозад.

Молекулаи АТФ аз асоси нитрогении аденин, канди рибоза ва се бокимондаи кислотаи фосфат иборат мебошад (расми 4.4). Аденин, рибоза ва фосфати аввалин аденозин монофосфат (АМФ) хосил мекунад. Агар ба фосфати аввалин фосфати дуюмин пайваст шавад, аденозиндифосфат хосил мегардад. Молекула бо се бокимондаи кислотаи фосфат (АТФ) бештар энергияталаб мебошад. Тачзияи охири фосфати АТФ ба чои 12 кЧ, ки хангоми кандашавии банди оддии химияви чудо мешавад, бо хоричшавии 40 кЧ мегуза-рад. Ба туфайли энергияи зиёди бандхо дар молекулаи АТФ хучайра метавонад дар фазои хеле хурд микдори бештари энергияро захира карда, онро ба кадри зарури сарф намояд.

Синтези АТФ дар митохондрияхо ба амал меояд. Аз ин чо, молекулаи АТФ ба кисмхои гуногуни хучайра дохил шуда, энергияи раванди фаъолияти хаётро таъмин менамояд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …