МОШ

moshМОШ (Phaseolus aureus), як навъ зироат. Баландиаш 15 – 50 см; пояи рост ё печанда, барги калон (дарозиаш 20 – 26 см), гули бунафш, гилофаки сертухм, дони сабз дорад. Моххои июн – сент. гулу мева мекунад. Дар Точикистон М.-ро аз замонхои кадим мекоранд. Давраи нашви М. 80 – 120 руз аст. Дони М. 18,7 – 31,6% сафеда, 0,8 – 2% равган, 50 – 56% крахмалу канд дорад. Гилофак (кусак)-и хоми онро чун сабзавот мехуранд. Аз М. таомхои болаззат – мошоба, кичири, мошпалав, мошбиринч, мошатола ва г. мепазанд.
М. хусусияти давои низ дорад. Дар «Махзану-л-адвия» омадааст, ки бехтарини он сабзи тираранг, пас – сиёх, пас – сабз, пас – зарди он аст. Муаллифи ин китоб М.-ро нерубахши асаб ва аъзои босира, таскиндихандаи дарди сар, давои беморихои гурда мешуморад. Бино ба акидаи табибони гузашта М. чун гизо сабуктар аз наск мебошад ва назар ба бокило боди камтар дорад. Агар онро бихуранд, гизои хуб аст ва дар чигар моддаи солим пайдо мекунад. М.-ро мукашшар нокарда бо шилха пухта бихуранд, дарунро мебандад. Яке аз хусусиятхои М. он аст, ки бо вучуди сардии мизочаш моддаи савдоро харакат намедихад, хам барои мулоим кардан ва хам барои банд кардани дарун манфиат дорад. Истеъмоли М. барои одамони хунукмизоч, пирсолон, инчунин касоне, ки дар меъдаашон бод бисёр аст, зарар мекунад (хусусан мукашшари он); ба дандон ва бох хам зиён дорад.
Ад.: Хикмати асрхо (мураттибон В. А. Капранов, Рахим Хошим), Д., 1975; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1999.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …