Главная / Илм / МОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТи

МОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТи

mononukleozМОНОНУКЛЕОЗИ СИРОЯТи (Mononycleosis infectiosa), бемории Филатов, лимфобластози некфарчом, касалии шадиди сироятиест, ки ба он ангина, захролудии умуми, таби баланд, калон шудани укдахои лимфави, тагйири хун хос аст. Ангезандаи он вируси эпстайн – Барр мебошад. М. с.-ро чун бемории сироятии мустакил с. 1885 Н. Ф. Филатов тавсиф кардааст («илтихоби худзоди укдахои лимфа»). Манбаи сироят аз вируси М. с. одами бемор мебошад. Ангезандаи маризи ба тавассути заррахои оби дахон интикол меёбад. Ба сироят ёфтан анбухи одамон, истифодаи зарф, чогах ва сачоки умуми мусоидат мекунанд. Дар бораи такроран бемор шудани шахс маълумот чандон зиёд нест. Ба М. с. бештар кудакон ва чавонон гирифтор мешаванд. Инчунин дар оилахо ва коллективхои кудакону наврасон авчгирии эпидемии он чой дорад. Бемори бештар тирамоху зимистон хуруч меёбад. Хангоми назлаи халку бини ва роххои болои нафас хассосияти организм ба М. с. меафзояд.
Давраи нихонии бемори аз 4 то 28 шаборуз (аксар 7 – 10 шаборуз) аст. Аломатхои бемори: бехоли, дарди сар, баланд гаштани таб, калон шудани укдахои лимфави, вакти фуру бурдани обу гизо дард кардани гулу. Баъзан бемор табу тасф накарданаш хам мумкин аст. М. с. имкон дорад, ки оризахои ногувор низ дошта бошад: стоматит, отит, пневмония, сарсоми зардоби, эндокардит, зардпарвин (хангоми осеби чигар).
М. с.-ро дар асоси маълумоти тадкики хун, натичаи мусбати вокуниши серологи ва аломатхои хоси бемори ташхис мекунанд.
М. с.-ро духтур табобат мекунад. Агар бемори сабук бошад, маризро метавон дар хона табобат кард. Беморони вазнинро ба беморхона мехобонанд. Одатан, фарчоми бемори хуб аст. Бахри пешгирии М. с. саривакт ошкор ва чудо нигох доштани беморон ахамияти калон дорад.

Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …