Главная / Маданият ва санъат / МОЛИК ИБН-УР-РАЙБ -Хикоя

МОЛИК ИБН-УР-РАЙБ -Хикоя

Чанде пеш накукорони хокими Мадина бори дувум азпайи у афтода буданд, лекин уро хеч дошта наметавонистанд. Паланги биёбони хилагар буд, дум ба даст намедод. Падари бодиянишини Молик ибн – ур – Райб хам рохзан буд. Шабхо баромада рохи мусофиронро мепоид, пагохи писари навчавонашро низ хамрох мегирифт.

Молик пас аз марги падараш касби уро махкам ба даст гирифт ва равнак, дод. Чун баъди як горату куштори фочеъ навкарони хокими Мадина ба таъкиби рохзани котил баромаданд, Молик ба Ирок гурехт ва дар Басра пайдо гашт. Амири Ирок, бародари халифа, мустабидтарин (худсартарин) ва хунхортарин хокимони араб – Зиёд ибни Абусуфён буд. Молик ба хизмати у рафт, амир уро аввал чаллод ва сониян, миршаби Басра таъйин кард. Боре мардумони Бас-

ра бар амиру амалдоронаш шурида буданд, ки сарбозони амирро гарки хун карданд ва сипас Зиёд гардиши мардумро баъд аз хуфтан дар кую кучахои шахр манъ кард, ба асасхо (посбонони шаб) фармон дод, ки шаб хар киро дар кучахо ёбанд, бикушанд.

Он гох теги хунрези Молик ибн-ур-Райб ба чавлон омад. Вай шаб хама шаб дар кучахо одам шикор мекард ва хар киро медид, хох мард, хох зан ва хох кудак бошад, мекушт.

Дар аввалхо вай курбонихои худро пеш аз куштан калимае чанд «истинток» карда, боиси дар куча пайдо шуданашон, аз фармони амир огох будан, ё набуданашонро мепурсид, лекин баъди як вокеа онхоро бе хеч пурсиш якбора кушта партофтан гирифт. Вокеа ин ки вай шабе аз шабхо араберо бо ду сар гусфанд дар буни деворе ёфт ва пурсид: «Кисти ва чаро дар ин чо нишастаи!» Араб гуфт: «Аз бодия омада будам, мехостам гусфандамро кушаму фурушам, лекин дер расидам, акнун онхоро нигох медорам, то ки пагох бикушам». Молик бовар кард ва мардакро накушта ба зиндон бурд. Рузи дигар уро дар пешгохи амир хозир кард, амир узри он мардро шунида гуфт: «Ба суханат бовар кардам,

лекин ман дар мамлакат расм ниходаам, ки кучагардони баъд аз хуфтанро бикушанд, агар ман туро зинда гузорам, фардо шаб дигаре омада хамчунин бахонае хохад кард ва ин расм табох хохад шуд. Ту бегунохи, аммо барои табох нашудани расм бояд кушта шави». Асас ин сухани амирро дар гуши худ гирифт ва ба сафхаи хотираш навишт. Вай арабро бо ишораи амир дар пеши у бо шамшер сар бурид ва ду гусфанди уро тасарруф кард. Аз он баъд шабе набуд, ки Молик панч – шаш марду занро накушад.

Дар фосилаи байни ин кушторхо вай ба хонахои мардум зер карда медаромад ва мардонро баста ё ки ронда, бо зану духтаронашон зино мекард.

Бо ин хама саффокию (хунрезию) дарандагии у занхо ошикаш мешуданд, зеро чавони барнои гаюре ва ба илова касидагуй ва сарояндаи хушовозе буд. Яке аз занони сохибчамоли Зиёд ибни Абусуфён, ки шефтаи Молик буд, баъзе шабхо дар либоси мардона пинхони ба манзили у ё дигар чои хилвати ваъдаги меомад. Боре шабхангом Молик дар кую кучахо машгули мардумшикори буд, ки марде аз асас

бехабар, фаши салла ба руй кашида, шитобон аз наздики у гузашт. Молик аз паскучаи торик барчаста уро хапгир ва бо як зарбаи ханчар сарнагун кард. Саллаи мактул аз сараш париду аз зери салла муи дарозаш баромада парешон гашт: вай зан буд, хамон зани барнои амир, маъшукаи Молик, ки дар либоси мардона шояд ба манзили ошики котилаш мешитофт.

Молик нахустин бор аз куштори бошитобаш пушаймон гашт ва тарсид, аммо тарсаш аз пушаймони бештар буд, вай гурехт. Пас аз чанде вай, хамчун котиле, ки бешуурона ба чои чинояташ бармегардад, боз дар Хичоз, дар навохии Мадина пайдо гардид. Ва боз як даста котилонро ба худ гирд оварда ба касби пештарааш машгул шуд.

Касди горати корвони сугди охирин касди рохзании Молик дар Хичоз буд, ки ба нокоми анчомид.

Дере аз ин вокеа нагузашта вай дастгир шуд. Аммо ин бор хам толеаш ба вай мададгор омад. Сарханги ноэхтиёткори мадинаги асири худро ба як нафар навкараш супурд, ки ба зиндон барад ва худаш пеш рафт. Молик дар як манзил аз навкар пинхони ресмонеро, ки дастхояш ба он баста шуда буданд, ба танаи дарахт молида кариб ба канда шудан расонида буд. Чун боз ба рох афтоданд, навкар савор буд ва асирро пиёда меронд, дар биёбон Молик баногох ресмонро канда ва дастхояшро рахо карда барчасту ба кабзаи шамшери навкар чанг зад, навкар наёми (гилофи) онро гирифт, шамшер аз наём баромада ба дасти Молик даромад, Молик онро ба сари навкар зада уро кушт ва аспи уро савор шуда аз акиби сарханг тохт, вайро хам ёфта кушт ва гурехт.

Ба Бодият-уш-Шом, яъне биёбони Сурия гурехт; аз он чо боз ба Басра галтид ва натарсид, зеро дар ин миён Зиёд ибни Абусуфён аз аморати Ирок маъзул ва ба чояш каси дигар таъйин шуда буд.

Молик дар Шатт -ул-Араб ба маллохии киштии бозаргонони хинди киро шуда, муддате дар Халичи Форс шино кард ва дар охир якчанд маллохи дигарро ба худ ёр гирифта, як микдор зару сим ва чавохири бозаргононро дуздида, дар бандари Абушер ба хушки – ба замини Форс фаромаду дигар ба кишти барнагашт. Вай дар рохи Абушер – Шероз аз нав ба рохзани сар кард…

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Молик ибн-ур-Райб ки буд? Дар бораи машгулияти айёми чавонии у накл кунед.
  1. Молик чаро аз Мадина ба Ирок гурехт?
  2. Зиёд ибни Абусуфён ки буд?
  3. Молик дар Басра ба чи корхо машгул шуд? Хунхорихои уро накл кунед.
  1. Молик аз кадом кораш пушаймон шуд?
  2. Касди горати корвони сугдиёнро дар Хичоз, ки ноком шуда буд, ба ёд оред. Ки уро шикаст дод?
  1. Молик чи тавр аз дасти сарханги мадинаги рахо ёфт?
  2. Дар бораи маллохи ва дуздию рохзании у дар Шероз накл кунед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …