Главная / Илм / МОХИ дар Канзи Шифо (Китоб)

МОХИ дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин чонвари обии маълум аст. Бехтарини он дар нахрхои обаш ширин буда, сангистон ва обаш аз чохои дур ва башиддат чори мешуда бошад, ба хам мерасад. Бехтарини нахрии он шохмохи, ки ба точики гулмохи меноманд ва баъд аз он ширмохист. Барои хурдан бехтараш нав сайд кардашудаи он аст. Аз як руз ва зиёда аз он гузашта бошад, бинобар нозукии таркибаш вайрон мегардад. Вале намак кунанд, вайрон намегардад. Дар чойи дувум мохиёне, ки дар бахрхо ва дигар обхои шур наздики сохили сангдор зиндаги ба сар баранд, мебошанд.

Мизочи хамаи мохиён сард дар дарачаи якум ва тар дар дувум аст. Дар обхои шур, яъне дар бахр ва укёнусхо зиндаги ба сар баранд, инчунин мохии шур дар мизоч гарм дар дарачаи якум ва моил ба хушки мебошад.

Хислатхои шифобахши он: дар оташ кабоб кардаи он бехтар аз он, ки дар равган бирён карда бошанд, зудхазм аст ва дар чигар хуштар хазм меёбад — ин барои бадан мувофиктар мебошад; ба бадан об медавонад, фарбех мекунад, мани, шир ва чарбии гурдаро пайдо ва зиёда мекунад. Агар инро одамони гарммизоч бихуранд, бохи онхоро бармеангезад, олати мардиро ба харакат меоварад, моддахои гарммизочро ислох мекунад, касабаи шушро соф ва нарм мегардонад, захми шуш, сил ва бемории дик (логаркунанда)-ро даво мешавад, инчунин сурфаи хушкро шифо мебахшад; сустии чигар ва гурдаи гарммизочонро мувофик аст.

Агар мохиро бо оби ангур гура ва татум кабоб карда бихуранд, исхоли сафрови ва хуниро манъ мекунад. Мохиро бирён карда, дар навиаш бо пиёзи сабзи тар бихуранд ва баъд аз он шароби муътадил биёшоманд, мани пайдо мекунад ва олати мардиро ба харакат меоварад.

mohi-300x141
Сурати мохи

Мохишурборо биёшоманд, барои захрхои хурда шуда ва аз неш дар бадан ворид гашта даво мебошад. Шурбои мохиро бо мудовамат бихуранд, захрхои мори шохдор ва саги девона газидаро дафъ мекунад. Гушти мохиро бе масолех шурбо карда бихуранд, дар бадан об медавонад. Баъд аз он дар чойи дувум дар дег ё дар оташ бирён кардашудаи ин меистад; вале дар оташ кабоб кардаи он сабуктар аст ба меъда назар ба он чи дар равган бирён карда бошанд. Он чи гушти мохиро дар орд лат карда, бо равган бирён намуда бошанд, бисёр ташна мекунад ва аз меъда дер мегузарад.

Мохии бисёрро бе нон хурда, аз болояш оби гарм, асал ва сиркоасал ва инчунин оберо, ки дар он турб чушонида шуда бошад, биёшоманд, баъд кай кунанд, баданро аз моддахои нодаркори гафс ва ахлоти мурдор пок мегардонад ва барои дарди бугумхо, иркуннасо (радикулит), доги сафед ва сиёхи пуст даво мешавад ва дигар догхоро низ аз пуст дафъ мекунад.

Хурдани мохи ба одамони хунукмизоч ва тармизоч зарар дорад, инчунин ба майнаи тар, асаб ва меъдаи балгами зиён мекунад. Барои он ки зарар наоварад, бо равгани гов, равгани кунчид ё бо равгани бодом пухта бихуранд, безарар мегардад. Ва бо занчабил, кокути, асал ва гулканд низ бихуранд, ислохи зарари он менамояд.Тармизочонро хурдани он ташна мекунад. Дар ин холат сирко ва обкома биёшоманд, ислохи зарар менамояд.

Вале барои баъзе мизочхои одамон мохии намакин мувофиктар аст ва назар ба дигар намудхои мохиён онхоро камтар ташна мекунад, вале ба баъзе мизочхо навъи бенамаки он форамтар мебошад.  Баъд аз хурдани мохи ошомидани оби хунук багоят зарарнок аст ба хадде, ки гуё онро зинда ва худро мурда гардонидан аст ва боиси беморихои давомнок мешавад. Аммо баъд аз он, ки аз меъда фуромада равад, шароб биёшоманд, фоида дорад, вале пеш аз он шароб бинушанд, бинобар кисмхои хазмнашудаи он дар рагхо ва пуст гиреххо пайдо карданаш беморихои раддиро ба амал меоварад, монанди: кутур, хориш, шукуфаи пуст ва гайра.

Агар мохиро бо шир ё бо тухми мург, ё бо гушти хайвоноти дашти бихуранд, бисёр зарарнок аст ва ба беморихои кашолёбанда мубтало мегардонад. Мохии намакин, ки аз намак карда шудани он понздах ва зиёда руз гузашта бошад, мизочаш моил ба гарми ва хушки аст. Инро бихуранд, балгамро меканад, ба таом иштихо пайдо мекунад, барои одамони сардмизоч мувофик аст, балгами шаффоф ва ширин пайдо мекунад, зарархои дигарашон, ки баданро ба хориш меоварад, ба кутур ва шукуфаи пуст гирифтор мекунад, пуст мепартононад, бедори меоварад ва гайра.

mohii-bahri-300x225Мохиро, ки муддати дароз намак хурда бошад, бихуранд, дар бадан гиреххоро ба амал меоварад, ахлоти мурдор пайдо мекунад, аз чумла, савдои сухтаи мурдор хосил менамояд. Дар ин маврид давояш сирко, сиркоасал ва обкома ошомида, кай кардан аст. Мохии намаксуди хушк бадтарини кисмхои мохиён аст, гаронхазм мебошад, вале балгами гафсро тахлил медихад, патхои (пашмакхои) меъдаро кави мегардонад, бо вучуди ин беморихои номбурдаро ба амал меоварад, инчунин бедори пайдо мекунад. Агар инро бардавом бихуранд, ба иллати шабкури мубтало мегардонад. Ин зарари онро низ ба воситаи истеъмол кардани чизхои дар боло зикрёфта ислох метавон кард.

Мохии шурро, ки дар сирко парварда бошанд, яъне як шабонаруз дар он тар карда бошанд, мизочаш сард ва хушк аст, хушккунандаи рутубатхо ва дерхазм, дар бадан кувватхои дар худ нигохдорандагиро зиёда мегардонад, ба меъда рехта шудани моддаи сафровиро манъ мекунад, вале хориш ва кутур пайдо мекунад, бар пусти бадан доначахои савдовиро медамонад.

Агар бо оби мохии шури намакин узвро бишуянд, решхои бадбуй ва кутури навро шифо мебахшад.  Мохии навкапидаро бирён намоянд ва то хунук шуданаш бигузоранд ва хусусан, ки як шаб ба он бигузарад ва ё муддати зиёд дар чои намнок монда бошад, радди ва захрнок мегардад ва агар ба хурдани он мудовамат намоянд, ба иллати пес ва истиско (водянка) гирифтор месозад ва холати занбуруги захрнок хурдаро ба амал меоварад. Тадбири начоти он кай кардан ва чизхои исхоловар хурдан аст. Агар ба касони сардмизоч зарар кунад, гуворишхои гарммизоч бояд бихуранд ва чизхои гарммизочи номбаршуда истеъмол намоянд.

Ва агар ба касони гарммизоч зиён кунад, сиркоасали турш, сирко ва обкома бояд истеъмол намоянд.  Касеро, ки аз хурдани мохи дилаш бехузур (бечо) шавад, бояд ки оби бихиро дар оташ гафс гардонда билесад ва зираи сиёхро як шабонаруз дар об тар карда, он обро биёшомад.

Мохиро дар об чушонида, дар он об даромада нишинанд, захми рудахоро, ки дар холати ибтидо бошад, шифо мебахшад ва моддахоро ба руйи пуст мекашад. Агар бо ин хукна (клизма) кунанд, барои иркуннасо (радикулит) дору мебошад.

tuxmi_mohi-300x176
Тухми мохи

Тухми мохиро бихуранд, барои кави гардонидани бох пуртаъсир аст, мани пайдо мекунад, олати мардиро ба харакат меоварад; барои сурфа, исхол, ки аз гарми бошанд, дору мешавад.  Захраи мохи, хусусан мохии шаббут (мохии карп) дар мизоч гарм ва хушк аст. Инро ба чашм бикашанд, гули чашмро дафъ мекунад.

Чун мохии зиндаро чок кунанд ва хамон кисм, ки харакат дошта бошад, ба узв гузошта банданд, моддахо, шиша, хор ва гайраро ба беруни пуст мекашад. Ин барои дафъ кардани бечошавии зехн хангоми варами пардахо ва худи майна ва варамхои дигар давои бемисл аст.  Агар сари мохии шурро сухта, гузошта банданд, варами макъадро тахлил медихад ва кафидани онро ба хам меоварад, инчунин газидани каждум ва саги девонаро сихат мебахшад: агар инро бо равганхо ва луобхо хамир сохта. гузошта банданд, варами сахти забончаи халкро тахлил медихад.

Устухони сухтаи мохиро бо сирко сиришта бимоланд, барои иллати пес фоида дорад. Чун мохиро бо намакоби гарм бишуянд, неку мебошад ва ба он кохгил бимоланду муддате хамон тавр бигузоранд, баъд хуб бишуянд, буйи мохиёнаи он нест мегардад. Агар мохиро бо нону орд бихуранд, зуд хазм мегардад ва агар бо орд ва нон бихуранд, бадхазм мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …