Главная / Илм / МОХАКИ БУГУМ

МОХАКИ БУГУМ

mohaki-bugumМОХАКИ БУГУМ (Meniscus) тагояки бугуми зону, мениск, чуфти (дар хар бугум дутои) тагояки хилолшакл, ки дар байни бугумхои устухони рон ва устухони калони соки пой вокеъ аст. Тарафи гафси берунии М. б. бо парда (капсула)-и бугум пайванд буда, тарафи озод ва борики он дар чавфи бугум чойгир шудааст. Вазифаи физиологии М. б. аз он иборат аст, ки доираи расиши сатхи бугумхои устухонро зиёд карда, ба бугум устувории бештар мебахшад. Гайр аз ин, он чун амортизатор хангоми давидан ва чахидан хар гуна такон ва зарбаро сабук мегардонад.
Аксар вакт тагояки зонуи варзишгарон, чавонон ва одамони калонсол чок ё канда мешавад (бо кудакон ва шахсони аз 40-сола боло ин ходиса кам руй медихад) ва дар ин маврид бештар мохаки дохили зарар мебинад. Одатан, хангоми ногахон тоб хурдани рон, вакте ки соки по ночунбон бошад (хангоми футболбози, бо лижа тоб хурдан ва г.), тагоякхо канда мешаванд; дар ин вакт мушаки дарунии устухони рон ба мохаки дохили фишори зиёд меорад. Дар вакти чок ё канда шудани мохак бугум дард карда, баъд аз 1 – 2 соат аз сабаби дар он чамъ шудани хун варам мекунад. Ёрии аввалин хангоми канда шудани М. б. чунин аст: зонуро бо бандинаи фишоровар баста ба соки пой чабира (шина) мегузоранд. Баъд осебдидаро хатман ба назди духтур мебаранд. Одатан, баъд аз паст шудани дарди шадиди мохаки кандашуда чунин нишонахои садама боки мемонанд: кас банди зонуашро каме ноустувор хис мекунад, гох-гох бугуми пой шах мешавад (дар ин хол кисми кандашудаи мохак дар байни бугумхои устухони рон ва устухони калони сок дармемонад). Аз дарди ногахон пой шах гашта, зону хаму рост намешавад, банди пой варам мекунад. Барои рафъи зухуроти бемори, одатан, чаррохи (бурида гирифтани мохаки осебдида) зарур аст. Вобаста ба тагйирот дар банди зону мухлати амали чаррохиро духтур муайян мекунад. Тавсияи духтурро дар бораи чаррохи рад кардан чоиз нест, зеро махдудии харакати банди зону, ки сабабаш гусастани мохак аст, ба хузол (кохидан ва махдуд шудани вазифа)-и мушакхои пеши рон, махсусан мушаки чорсари рон, мусоидат мекунад. Дар натича ин мушакхо банди зонуро нигох дошта наметавонанд ва зону зуд-зуд шах мешавад; минбаъд дар тагояки банди зону тагйироти носолим руй дода, тадричан артроз ба вучуд меояд. Агар саривакт чаррохи карда шавад, окибати гусастагии мохак комилан бартараф мегардад, вагарна факат инкишофи артрозро бозмедоранд, вале дарди бугум мумкин аст идома ёбад. Баъд аз чаррохи бо маслихати духтур мушакхоро тамрин медиханд. Гайр аз варзиш масх (худмасхкуни)-и мушакхои рон ва мунтазам бо усули «крол» (харакат дар об бо пойхои рост) шино кардан хеле муфид аст.
Барои пешгирии кандашавии М. б. фаъолияти мушакхоро ба дарачаи баланд нигох медоранд (хар руз варзиш мекунанд, мунтазам бо спорт машгул мешаванд), мушакхои ронро тамрин медиханд, хангоми мусобикаи спорти аз зонубанд ё бандинахои эластики истифода мебаранд.
Бемории М. б. нисбат ба осеби бугуми зону хеле кам руй дода, одатан, зухуроти амрози умумии бугумхо, мас., артрози мушаввех (дигар кардани шакл) мебошад, ки дар натичаи он мохак чандириашро гум мекунад ва баъзан сахт мешавад.
Дар дигар узвхои одам (дар банди соиду панча, банди устухони чанбар, банди манах) низ чунин ташкилахои тагоякии вазифаашон ба вазифаи М. о. монанд мавчуданд. Онхо курс (диск) ном дошта хеле кам, одатан, факат хангоми баромадани устухон осеб мебинанд.
О. Т. Девонаев.
КЛ
Мохаки банди зонуи пои рост хангоми солими ва осеб дидан (сатхи бугуми устухони сок аз боло нишон дода шудааст); а – мохаки солим (1 – мохаки беруни, 2 – бандаки мохакхо, 3 – мохаки даруни); б ва в – шаклхои гуногуни чок шудани мохаки даруни (бо тирча ишора шудааст).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …