Главная / Илм / МОДДАХОИ МИНЕРАЛи.

МОДДАХОИ МИНЕРАЛи.

mineralМОДДАХОИ МИНЕРАЛи. Дар баробари моддахои органики – сафеда, ангиштоб ва чарбу дар хучайраи организмхои зинда пайвастхое низ мавчуданд, ки ба М. м. тааллук доранд. Ба онхо об ва намакхои гуногуни халшуда мансубанд. Онхо диссосиатсия (тачзия) шуда, ионхо – катионхо (мусбатзаряд) ва анионхо (манфизаряд)-ро хосил мекунанд. Аксар М. м. ба таркиби моддахои мураккаби органики, мас., металлопротеидхо (металлсафедахо) дохил мешаванд. Чунончи, охан ба таркиби гемоглобин, магний, манган, мис, кобалт ва диг. металлхо ба таркиби бисёр ферментхо дохиланд. М. м. чузъи мухими гизо буда, хаёт ва инкишофи муътадили организмро таъмин месозанд.
Организми хайвонот ба М. м. нихоят хассос аст. Олими маъруфи рус Ф. Ф. Эрисман навишта буд: «гизое, ки намаки минерали надорад, сарфи назар аз конеъ гардондани хамаи шартхои тагзия тадричан ба марг оварда мерасонад, зеро аз намак танкиси кашидани организм боиси номураттабии хурду хурок мешавад». Чунин хулоса дар нисбати моддахое, ки микдори онхо дар организм зиёда аз 0,001% (оксиген, карбон, гидроген, калсий, калий, нитроген, фосфор, сулфур, магний, натрий, хлор ва охан), инчунин дар бораи микроэлементхое, ки вояашон аз 0,001 то 0,000001% мебошад (манган, рух, мис, бор, молибден, кобалт ва г.), билкул дуруст аст. Мавкеи М. м. дар ташаккули бофтахои чисм, хусусан устухонхои скелет, калон буда, барои дар организм нигох доштани мувозанати кислотаю ишкор, дар бофтаю хучайрахо ва моеи байни онхо ба вучуд овардани микдори физиологии ионхои гидроген (яъне ба вучуд овардани реаксияи муътадили мухит) ва ба онхо бахшидани хусусиятхое, ки барои рафти муътадили чараёни мубодилаи моддахо ва энергия (аз чумла мубодилаи обу намак) заруранд, мухим мебошад. М. м. бахри хосил шудану ташаккули сафеда низ ахамияти калон доранд. Мохияти М. м. барои фаъолияти гадудхои эндокрини (мас., йод барои гадуди сипаршакл), инчунин мавкеи онхо дар раванди ферменти ба хама маълум аст.
М. м. кислотахоро бетаъсир гардонда, «туршидан»-и организм яъне асидозро, ки ба рафти муътадили реаксияи мубодилаи моддахо халал ворид сохта, иллатхои гуногунро ба вучуд меоварад, пешгири мекунанд. Омузиши мавкеи М. м. дар организм бахри пешгири ва бартараф намудани беморихо, мас., чогари эндеми, флюороз ва г. мухим аст.
Об мухимтарин кисми таркибии хамаи организмхост. Хайвоноте, ки аз об махрум гаштааст, баъди мухлати кутох нобуд мешавад. Об моддахои гуногунро хал мекунад; дар мухити об реаксияхои гуногуни химияви, аз чумла ферменти, ба вукуъ меоянд; об чун махсули реаксияи оксидшавии моддахои органики хосил мешавад. Аксар реаксияхои химиявие, ки асоси фаъолияти организм мебошанд, бо иштироки об мегузаранд. Такр. 65%-и организми одами калонсол аз об иборат аст.
Ахамияти калсий дар организм хеле калон аст. Намакхои он кисми таркибии доимии хун ва шираи хучайраю бофтахо мебошанд; онхо ба таркиби ядрои хучайра дохил шуда, дар чараёни инкишоф ва фаъолияти хучайрахо мавкеи мухим доранд. Калсийи хурокро организм хазм намуда, ба мубодилаи моддахо таъсири мухим мерасонад, барои пура сарф шудани моддахои гизои дар организм мусоидат мекунад. Пайвастхои калсий муковимати организмро устувор мегардонанд, тобоварии онро ба омилхои номусоиди беруни, аз чумла ба сирояти беморихои гуногун афзун менамоянд.
Калсий кисми таркибии устухонхо буда, дар ташаккули онхо мавкеи мухим дорад. Бокимондаи калсий ба таркиби хуну бофтахо дохил мешавад. Мубодилаи калсий тавре сурат мегирад, ки хангоми бо хурок кам ворид гаштан, он аз хисоби захираи организм ба микдори пештара чудо шудан мегирад. Дар сурати аз меъёр зиёд истеъмол кардани намакхои калсий ва дар руда бештар чаббида шудану аз гурда кам ихроч шудани он микдори калсий дар плазмаи хун меафзояд (гиперкалсиемия).
Дар шир ва махсулоти шири – творог ва панир микдори калсий зиёд аст. Шир ва махсулоти шири ба хазми калсийи махсулоти дигар низ мусоидат мекунанд. Зардии тухм, карам, соя, баъзе навъхои мохи, чаъфари ва г. низ манбаи калсий мебошанд. Умуман, калсий ба катори элементхои душворхазм дохил мешавад, намакхои он факат дар натичаи таъсири кислотахои талха хазм мегарданд.
Фосфор ба таркиби хамаи бофтахои организм, махсусан мушакхо ва магзи сар дохил шуда, барои кори муътадили системаи асаб, мушакхои дил ва г. зарур аст. Фосфор дар бофтахои организм ва хуроквори ба сифати кислотаи фосфат ва пайвастхои органикии он вучуд дорад. Мубодилаи нисбатан босуръати пайвастхои фосфор асосан дар мушакхо руй медихад.
Микдори пайвастхои органикии фосфор дар хуни одам тагйир меёбад. Вале микдори фосфори гайриорганики то андозае доими аст (3,0 – 5,5 мг%). Дар сурати бештар истеъмол кардани махсулоти шири, инчунин хангоми баъзе беморихо – дарди гурда, шикастагии устухон (дар давраи сихатшави), диабети канди, акромегалия, бемории Аддисон ва г. микдори фосфори гайриорганики меафзояд. Дар сурати норасидани фосфор организм фосфори бофтахохоро бударо сарф мекунад, аз ин ру микдори он дар хун тагйир намеёбад (факат хангоми гум кардани 40%-и микдори умумии фосфор он дар хун 10% кам мешавад).
Мубодилаи фосфор дар организм бо мубодилаи магний алокаманд аст. Кисми зиёди магний дар таркиби бофтаи устухон чой гирифтааст. Дар плазмаи хун, эритроситхо ва бофтахои нарм магний асосан дар холати иони вучуд дорад. Як микдори он бо сафедахо, махсусан сафедахои ферменти, пайваст шудааст; магний барои фаъолияти баъзе ферментхо комилан зарур аст. Дар сурати ба хайвонот хурондани гизое, ки намаки магний надорад, фаъолияти дил халал ёфта, он мефавтад. Агар ба хун микдори зиёди намаки магний гузаронда шавад, холати бехуши руй медихад. Таъсири боздорандаи ионхои магнийро ба асабия бо рохи ба хун фиристодани намаки калсий бартараф месозанд. Магний рагхоро васеъ, ихрочи талхаро зиёд мекунад, бинобар ин бисёр пайвастхои он (мас., сулфати магний, аскорбинати магний, тиосулфати магний ва г.)-ро чун дору истифода мебаранд. Одами калонсол бояд хар руз 500 мг, зани хомила 925 мг, модари синамакон 1250 мг, кудакон аз 140 мг (3-сола) то 530 мг (14 – 17-сола) магний истеъмол кунанд. Микдори магний дар зардоби хуни одам аз руи меъёр 1,6 – 2,9 мг% аст.
Калий дар чараёни мубодилаи дохили хучайрахо ахамияти калон дорад. Бисёр ферментхо фаъолияти худро бидуни ионхои калий анчом дода наметавонанд. Калий барои таъмини устувории мухити дохилии организми одам, инчунин ба мушакхо интикол ёфтани импулсхои асаб мухим аст. Дар организм чамъ шудани калий боиси харчи бештар ихроч шудани натрий мегардад. Калий хосияти пешоброни дорад. Нарасидани он дар организм боиси хар гуна варам ва ночурихои интиколи импулсхои асаб мегардад.
Натрий ахамияти бузурги физиологи дорад. Микдори натрий дар плазмаи хуни одам 300 – 330 мг% аст. Аз организми одам бо пешоб хар шаборуз 3 – 6 г натрий ихроч мешавад. Намаки натрий дар мубодилаи об фаъолона иштирок мекунад. Микдори натрий дар хуроквори кам аст, он ба организм бо намаки ош – хлориди натрий дохил мешавад. Норасидани намаки ош дар хурок барои одам ногувор аст. Одами калонсол рузе то 15 г намаки оширо истеъмол карда, хамин микдорро аз организм хорич мекунад. Микдори намаки ошро дар хурок рузе то ба 5 г (бе ягон зараре ба саломати) расондан мумкин аст. Хлориди натрий дар танзими мубодилаи об ахамияти калон дорад. Микдори зиёди хлориди натрий бо пешоб ва арак хорич мешавад.
Бо вучуди он ки хлор ба организми одам асосан ба сифати хлориди натрий дохил мешавад, рохи мубодилаи натрий ва хлор гуногун аст. Хлор кобилияти дар пуст тахшин шудан дорад. Хангоми барзиёд ворид гаштан дар организм нигох дошта шуда, зиёдатии он бо арак хорич мешавад. Меъёри хлор дар плазмаи хуни одам 340 – 380 мг% аст.
Ихтилоли мубодилаи хлор боиси пайдоиши варам, кам чудо шудани шираи меъда ва г. мегардад. Якбора кам гаштани микдори хлор дар организм хатто ба марг расонданаш мумкин аст. Такр. 90%-и хлори хурок бо пешоб ва танхо 6% бо арак ихроч мешавад. Дар байни микдори хлор дар хун ва ихрочи он бо пешоб (хангоми бемори) вобастагии бевосита вучуд надорад.
Бром ба организми одам асосан бо махсулоти растани ва микдори ками он бо намаки оши омехта бо бром ворид мешавад. Намаки бромро дар тиб ба сифати дору фаровон кор мефармоянд.
Фтор ба микдори хеле кам дар хамаи бофтахои одам мавчуд аст. Дар хуни одам низ аз 0,03 то 0,07 мг% фтор хаст. Устухонхо (10 – 30 мг%), махсусан дандон (сири он 120 – 150 мг%) нисбатан зиёдтар фтор доранд. Дар чойхое, ки микдори фтор дар обу хуроквори камтар аст, бисёр одамони гирифтори кариеси дандон мешаванд, барзиёдии фтор бемории флюорозро ба вучуд меорад.
Йод дар хамаи бофтахои одам, вале асосан дар бофтахои гадуди сипаршакл, аниктараш дар таркиби гормонхои он – трийодтиронин ва тироксин мавчуд аст. Организми одами калонсол кариб 25 мг йод дорад, ки 10 – 15 мг-и он дар гадуди сипаршакл чамъ шудааст. Эхтиёчи одам ба йод дар як шаборуз 100 – 150 мкг аст. Аз нарасидани йод дар таркиби гизо фаъолияти гадуди сипаршакл халал ёфта, он калон мешавад.
Охан ба таркиби пайвастхои органикии аз чихати биологи багоят мухим – гемоглобини хун, миоглобин, ферментхои каталаза, ситохромхо дохил мешавад. Кариб 70%-и хамаи охани организм дар гемоглобин гирд омадааст. Ахамияти асосии физиологии охан дар чараёни хунофари иштирок доштани он аст (ниг. Хун). Нарасидани охан боиси камхуни мегардад. Кудакон бо захираи зиёди охан таваллуд мешаванд. Микдори гемоглобин дар эритроситхо ва микдори эритроситхо дар хуни кудакони навзод хафтахои аввали баъди таваллуд нисбат ба давраи минбаъдаи хаёт зиёдтар аст. Баъди чанд хафтаи ба дунё омадан, суръати махви эритроситхо дар организми кудак аз суръати хосил гардидани онхо зиёд мешавад, вале барзиёдии охан дар организм боки мемонад. Кобилияти оханро нигох дошта тавонистани организми кудак ахамияти калон дорад, чунки дар шири модар бешубха охан намерасад. Кудак аз захираи охани организми худ такрибан як сол таъмин мешавад. Охан дар чигар (махсусан чигари хук), чаъфари, магзи сар, зардии тухм, занбуругхои сафед ва махсулоти дигар бисёр аст. Охани таркиби меваю сабзавот (шафтолу, себ, испанох ва г.) шояд аз сабаби кислотаи аскорбинат доштан зудхазм мебошад. Зардоби хуни марди калонсол 120 мг%, зани калонсол 80 мг% охан дорад.
Мис дар организм ба таркиби баъзе ферментхои оксидкунанда дохил мешавад. Ахамияти мис дар чараёни хунофари хеле калон аст. Микдори мис дар плазмаи хуни одам 0,1 мг% -ро ташкил медихад. Мис ба кори гадудхои усораи дохили мисли инсулин таъсир мерасонад, аз хамин сабаб беморони гирифтори диабети канди баъзан пайвастхои мисро истеъмол мекунанд.
Микдори мис дар чигари гов, хук, занбуруги шампинон, чигар баъзе мохихо нихоят бисёр мебошад.
Ахамияти микроэлементхо (кобалт, стронсий, манган, рух, сезий ва г.) низ барои организм багоят бузург аст. Организм ба микдори нихоят ками ин элементхо эхтиёч дорад, вале онхо дар мубодилаи моддахо хеле заруранд. Мавкеи биологии кобалт бештар бо иштироки он дар фаъолияти ферментии витамини В12 алокаманд аст. Стронтсий ба таркиби устухони одам дохил мешавад. Хуроке, ки аз меъёр зиёд стронсий дорад, ихтилоли устухонбанди (ба ном рахити стронтсий)-ро ба вучуд меорад. Нишонахои он ба рахити мукаррари монанд бошад хам, вале аз истеъмоли витамини D табобат намешавад. Манган ба таркиби молекулаи баъзе ферментхо дохил шуда, фаъолияти онхоро метезонад. Рух дар ферментхо вучуд дорад, ки онхо бе хамин элемент фаъолияти худро гум мекунанд. Микдори ками сезий ба таркиби бофтаи хайвонот дохил мешавад; мавкеи биологи ва физиологии он пурра муайян карда нашудааст.

Ч.С. Лангариева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …