МОДДАХОИ ГАНДЗУДО, маводе, ки барои нобуд кардани микроорганизмхои бемориовар истифода мешаванд. Дар вакти интихоби моддахои химияви, муайян кардани микдору таркиби онхо ва мухлати дорупоши хусусиятхои ангезандаи бемориро ба назар мегиранд. Ба М. г.-и нисбатан маъмул хлорамин, охаки хлордор, гипохлорити калтсий ва формалин мансубанд.
Хлорамин хокаи сафед (ё зардча) аст. Онро дар шишахои сиёхи махкам ё халтахои полиэтилени (дар чои торик) нигох медоранд. Бештар дар шакли махлули 0,2 – 3-фоиза барои гандзудонии хона, зарфхо ва г. истифода мебаранд. Мухлати дорупоши 30 –60 дак. аст. Махлули хлораминро дар зарфи сарпушдоре, ки рушноиро намегузаронад, то 15 руз нигох доштан мумкин аст.
Охаки хлордор сафед аст; аз таъсири гарми, рушнои ва нами зуд тачзия меёбад. Бинобар ин, онро дар зарфи хаво ва рушноиногузари дахонаш махкам (дар чои хушк, ки харораташ аз 20°С баланд набошад) нигох доштан лозим. Охаки хлордорро хам хушк (барои безарар гардонидани пасафканди беморон; таносубаш 1:5 дар 1 соат) ва хам дар шакли махлули 10 – 20-фоиза (барои гандзудоии хочатхона, чохи партовхо, ахлоткутти, сафед кардани девор), инчунин ба сифати махлули 05 – 1-фоизаи соф (барои гандзудоии бинохо, асбобу анчоми хона, зарфхои рузгор, чизу чораи хочатхона; мухлати дорупоши ба хисоби миёна 30 – 60 дак.) кор мефармоянд. Махлули охаки хлордор зуд вайрон мешавад, бинобар ин онро факат пеш аз истифода тайёр кардан лозим аст. Аз таъсири охаки хлордор матоъ ва филизот зарар мебинад, аз ин сабаб онхоро бо дигар моддахои химияви бояд гандзудои кард. Охаки хлордорро дар бинохои рутубатнок ва шамолпанах низ истифода намебаранд.
Гипохлорити калтсий хокаи кристаллии сафед буда, дар шакли махлули 0,1 – 1-фоиза барои гандзудоии зарфхо, ванна, дастшуяк ва г. (мухлати дорупоши 30 – 60 дак.) истифода мешавад; хокаи онро барои безараргардонии пасафканди беморон (таносубаш 1:5 ё 1:10) низ кор мефармоянд.
Формалин махлули 40-фоизаи формалдегид буда, буи тези махсус дорад. Онро барои гандзудоии камерави, инчунин пойафзору дастпушакхо дар аснои беморихои занбуругии пуст истифода мебаранд.
Ш. Самиев.