Главная / Илм / МОДДАДОИ СОДДА – ОМЕХТАИ МОДДАХО

МОДДАДОИ СОДДА – ОМЕХТАИ МОДДАХО

Холо дар илм як чанд миллион модда маълум гардидааст. Дар як модда таври васеъ тахлил гардида, номи марбутаи худро гирифтааст.

▲ Моддахое, ки аз атомхои якхела иборатанд, моддахои содда номида мешаванд.

Ба моддахои содда дохил мешаванд: водород, кислород, графит, сулфур ва хама физилот (металлхо): охан, мис, магний ва гайра. Графит аз як навъи атом – танхо аз углерод, охан танхо аз атомхои охан, мис танхо аз атомхои мис иборат хастанд.

Дар хаёти рузмарра мо хамеша омехтаи моддахоро дучор меоем. Бурро дар об мунхал намуда, омехтаи обу бурро ба даст меоварем. Хиссачахои бурро бо чашмони оди дидан мумкин аст. Вале на хамеша метавон аз руи намуди зохирияшон омехтаи моддахоро муайян кардан мумкин аст.

Масалан, шир ба назари мо моддаи якчинса менамояд. Вале агар онро дар зери заррабин, яъне микроскоп бубинед, пас дар он катрахои майдаи шинокунандаи равганро дидан мумкин аст.

Пас шир ин омехтаи моддахост.

Нишонаи махсуси омехтахо ин махдулхо мебошанд. Агар шакар, намакро дар об андохта, бичунбонем, пас ба чойи моеъи гайришаффоф махдули шаффофи ша­кар ва намак хосил мешавад. Шакарро дар он на танхо тавассути чашмони оди, бал­ки зери микроскоп низ дидан гайримкон аст. Вале ба осони мухтавои шакарро дар махлул мушаххас кардан мумкин аст, агар мазаи онро бичашем ва онро болои шишаи тоза бичаконем ва хушк намоем. Хангоми хушк кардан шакар дар шиша дар шакли кристалчахои майда боки мемонад.

Дар ёд доред! Чашидани мазаи моддахои ношинос мумкин нест!

Кабл аз омухтани мавод онро аз чизхои дигар чудо карда, аз омехтагихо тоза бояд кард.

Чунин методхои чудо кардан аз омехтагихо, чун такшин намудан, тасфия намудан, буг кунонидан мавчуд мебошанд.

Онхоро дар мисоли тоза кардани намаки ошй барраей менамоем.

  • Супориши амалй:

ТОЗА КАРДАНИ НАМАКИ ОШЙ

  1. Обро ба истакон рехга, сипас аз болои он намаки чиркиншударо бипошед. Онро тавассути чумча омехта карда, махлул созед. Вакте намак хангоми омехта кар­дан дигар аз махлул шудан бозмеистад, илова намудани намакро дать кунед.
  2. Пас аз чанд муддат дар таги истакон намакреза шуруъ ба тахшин шудан меку- над. Ин кадом методи тозакунй аст?
  3. Тасфия намудани махлули гализи намак. Барой огози кор як вараки тасфиякунандаро бигиред. Бояд, ки варак, шакли мураббаъ дошта бошад. Варакро чоркат намуда (хамон тавре ки дар расми 25 нишон дода шудааст) канорахои онро бо кайчи бибурред.

Ин тасфияи когазиро ба дахана, яъне кифи шишагин бихалед.

Ба болои филтр (когази тасфияви) махлули гализи намакро бо чубаки шишагин, ки нуги он ба девори дахана (киф) равона шудааст, бирезед. Дар ин маврид фавраи моеъ ба деворхои дахана мезананд. Агар фавраи моеъ ба канораи болоии тасфияи когазин бархуранд, пас вай медарад.

  1. Бухор кардани махлули тозакардаи намак. Ба зарфи фахфурин каме моеъи тасфияшударо бирезед ва ё ба болои шиша бичаконед. Онро гарм намоед. Вакте дар сатки шишагин кристалчахои намак пайдо мешаванд, гарм карданро бас кунед. Намаки хосилшударо бо намаки пешина мукоиса бикунед.

Пурсишхо

  1. Кадом моддахо содда номида мешаванд? Мисолхо биёваред.
  2. Шир чй гуна модца аст?Намакро чй тавр тоза кардан мумкин аст?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …