Главная / Илм / «МИЗОНУ-Т-ТИБ»

«МИЗОНУ-Т-ТИБ»

mizonu-tib«МИЗОНУ-Т-ТИБ», асари хаким Мухаммадакбар ибни Мухаммадмукими Дехлавии маъруф ба Арзони (ваф. баъд аз с. 1718). Китоб мухтасаре дар бораи тамоми беморихои тан ва роххои муоличаи онхост. Он аз се макола ва хар макола аз чанд фасл иборат аст. Маколаи аввал дар баёни аломати чахоргона, яъне харорат, бурудат, рутубат ва юбусат, маколаи дуввум дар баёни адвияи муфрада ва мураккаба ба хасби хочат ва агзияи муносиби хол, маколаи севвум дар баёни амроз ва илочи онхо мебошад. С. 1882 Мирсаид Умар ном шахс бар ин китоб шархи муфассале бо номи «Уммону-т-тиб шархи Мизону-т-тиб» таълиф кардааст. Як нусха аз дастнависи чилди дуввуми ин шарх дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавси зери раками 1729 махфуз аст. М. с. 1910 дар Лакхнав (Хинд) ба табъ расидааст, ки аз 184 сах. иборат мебошад.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …