Главная / Маданият ва санъат / МИРЗО СОДИКИ МУНШИ

МИРЗО СОДИКИ МУНШИ

Мирзо Мухаммади Содики Мунши такрибан байни солхои 1753-58 дар дехаи Чондори Бухоро таваллуд шудааст. Пас аз тахсили ибтидои Мирзосодик ба яке аз мадрасахои Бухоро дохил шуда, онро бомуваффакият хатм менамояд.

Шоир пас аз хатми мадраса хамчун донишманди заки, олими тавоно, муаррихи пухтакор ва котиби чирадаст эътироф карда мешавад. Муосири Мирзосодик, шоири заки Носехи Хатлони ба табъу санъати Содик чунин бахо медихад:

Хусусан Муншии маънимувофик,

Сипехри назмро субх аст Содик.

Кунад тахрири иншо он гухаррез,

Калам гардад саропо найшакаррез.

arabСодик хамчун шоир ва олими забардаст тез машхур мешавад. Уро ба зудди шохони мангити ба дарбор даъват мекунанд. Содик дар дарборхои амир Дониёл (1758-85), амир Шохмурод (1785-1800) ва амир Хайдар (1800-1827) хидмат намудааст. Содик баробари дафтардори ва муншиги, инчунин ба мадхи амирони мазкур камар бастааст. Аз баъзе ишорахояш маълум мешавад, ки Содик аз хидмати дарбор чандон хурсанд набудааст. Чунончи:

Гах мадхи яке зи нафси томеъ кардам,

Гах кадхи яке беманофеъ кардам.

Шуд умри азиз сарф бо нокасу кас,

Афсус, ки накди умр зоеъ кардам.

Содик хеле шахси хозичавоб будааст. Рузе у хамрохи амир Шохмурод дохили чорбог мешаванд. У аз он чо себе мечинад, ва амир фавран аз шоир талаб мекунад ки таърихи чахорбогро иншо кунад. Содик мегуяд:

Таърихи чахорбоги гулгун кардам,

«Себе» зи «чахорбог» «берун кардам».

Дар ин байт калимахои «себе» ва «чахорбог», ки мутаносибанд, таърих буда, вожаи «чахорбог» ба хисоби абчад 1212 мешавад. Аз он се «б»-ро берун кунем, яъне шашро тарх кунед, 1206 боки мемонад, ки он ба соли 1792 м. баробар буда, таърихи бинои чахорбог аст.

Баъдтар Мирзосодик бо игвои хасудон ба Дарвоз бадарга карда мешавад. Дар ин бора баъзе ишорахои худи шоир низ гувохи медихад. У ба хокими дарвоз Мухаммад Рахимхон ду касида бахшидааст, ки дар яке аз онхо чунин ишорахои шархихоли дида мешавад:

Намуда нафйи ватан омадам суи Дарвоз,

Ки то зи худ кунам исботи фикри султони.

Зи гарди рохи Мухаммадрахим Баходурхон,

Ба чашми бахт кунам сурмаи Сулаймони.

Аз ин казоват бармеояд, ки дар пиронсоли шоир ба ин каламрав бадарга гардида будааст. Шоир баъдтар ба амир Хайдар маъзаратномае навишта дар он ёд мекунад, ки синнаш аз 63 гузашта ва то ин муддат хидматхои арзандае ба дарбор кардааст. Вале акнун дар айёми пири уро аз дарбор дур кардаанд. Пас аз ин у ба ватан меояд ва соли 1819 дар Карши вафот мекунад.

Дар ин бора хамасри у Хумулии Могиёни бахшида ба санаи вафоти Содик китьаи таърихие эчод намудааст:

Умри гузарон далели мо бас, ки хаким

Аз оби равон хаёти куллу шайъ кард.

Аз чоми фалак касе, ки як нуш кашид,

Сад неши ситам нишонааш аз пай кард.

Муншии фалак чаноби Мирзосодик,

К-абнои замона офарин бар вай кард.

Бигзашт чун аз хаёт дар таърихаш:

«Муншии кадар номаи умраш тай кард» Содик ба сухан,

Хумули, он Хусрав буд,

К-аз Хинд сипохи фатхи руму Рай кард.

Яьне «Муншии кадар номаи умраш тай кард» моддаи тарих буда, ба хисоби абчад 1235 (соли 1819/20) мешавад.

Мероси аДабии МирзосоДик

Олими фозил, муаррихи шинохта, муншии мумтоз ва нихоят шоири тавоно Содик аз худ девон ва мачмуаи дигаре боки гузоштааст. Яьне девони газалиёт ва дигаре мачмуаи мусаммати мухаммас, китьа ва маснавихои у мебошад. Девони газалиёти Содик аз 345 газал, 14 мусаммат, 59 рубои, 20 китьа, 2 касида, 34 муаммо ва 20 фард иборат мебошад. Мачмуаи дигари асархои шоир, маснавихои «Дахмаи шохон», «Рафьи тумани Охугиру Хайробод», манзумахои «Казову кодир», «Ба духтаре ошик шудани дарвеш» ва 33 китьаи таьрих мебошанд.

Мавзуъ ва мазмуни газалиёти шоир

Мирзосодик лирик, шоири газалсаро аст. У дар газалсарои голибан ба Саьди, Хусрав, Хофиз, Камол ва ба Соибу Бедил пайрави кардааст. Аз у то ба имруз 345 газал боки мондааст, ки 2291 байтро ташкил медихад. Вале аслан девони Содик дорои 15 хазор байт будааст. Шоир дар аксари жанрхои назми замон: газал, касида, рубои, мусаммат, китьа, маснави ва гайра шеьр гуфтааст.

Бо вучуди шоири сермахсул будан, пеш аз хама, Содик лирик – шоири газалсаро мебошад. Уро абулмаонии сони, шоханшохи иклими сухан ном бурдаанд, ки бехуда нест.

Барои намуна чанд газали шоирро метавон зикр намуд ва зимни он аз саньати сухан, истеьдоди эчоди, хунари сухансанчи ва пояи шоирии уро метавон муайян намуд. Чунончи:

Чанд рези ба чафо ашки чигаргуни маро,

Ай чафопеша, биё, рез дигар хуни маро.

Дил ба занчири сари зулфи ту ороме дошт,

Шуд сабо силсилачунбон дили мачнуни маро.

Бо ту, ай сангдил, афсонаи ман дарнагирифт,

Дар дили сахти ту набвад асар афсуни маро.

Шуълаи охи дил оташ зада дар пираханам,

Сузи пиихои чу дарун сухта беруни маро.

Гуфти аз хотири махзуни ту шодам, Содик,

Шод карди ба хамин хотири махзуни маро.

Газали мазкур аз 5 байт таркиб ёфтааст ва дорои радиф («маро») буда, шоир радифи соддаро кор фармудааст, ки хадаф аз он тахким бахшидан ба мазмуни газал мебошад. Калимахои кофияшуда: чигаргун, хун, мачнун, афсун, берун, махзун буда, хуруфи кофия якчоя бо бандаки изофи («и») дар шакли «…уни» омадааст. «Н»-харфи рави буда худи кофия мутлак мебошад.

Аз нигохи вазн низ газали боло чолиб аст. Газал дар бахри Рамали муасаммани махбуни махзуф иншо гардида, шакли афоъили он чунин аст:

– V – – / V V – – / V V –        – / V V –

Яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаъилун.

Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво газали боло ишки буда, махбуба чафопеша, берахм, бесабру токат, бемехр, сангдил, хатто хунрез аст. Ошик бовафо, пурмехр, росткавл, собир, гамноку гамхор, хатто чоннисор мебошад. Хадафи ошик висол аст ва махз ба хотири вафои махбуба ба чоннисори розист. Албатта, охангхои кавии ичтимои касб намудани газалиёти ин давра ва махсусан, газалхои Мирзосодик ба конунияти инкишофи адабиёти давр ва авзои таърихии замон сахт вобастаги дорад. Зеро мантикан накши образхои лирики – ошик ва маъшука ба хам накши образхои лирики – ба хам зиёд гузошта шудааст. Ба назари шоир ин дарду ранчхо, азобу шиканчахо завки лаззати дигар доранд:

Дарду алами ишк ачаб лаззати завке,

Дарду аламе нест туро бас ачаб аст ин.

Ишку мухаббатро Содик беолоишу пок, озодаву соф тасаввур мекунад ва чунин ишк кори хар дуну сифла нест:

Бошад мухаббат ончунин покиза дурри бебахо,

Натвонад уро доштан хар сифлаю дун дар багал.

«Мо дар лирикаи ишкии Содик – менависад профессор У.Каримов, ду майл, ду равияи ифодаро – эхсоси ошикона ва тафаккуроти ошиконаро дида метавонем». Аз ин ру, дар лирикаи Содик хеле заъиф бошад хам, охангхои суфиёнаву орифона чой доранд ва ин майлхо голибан дар ашъори чавобии у бештар ба назар мерасад:

Ба рохат мерасонад ранч бар худ ошно кардан,

Ба нохун най шикастан банд аз шаккар чудо кардан.

Намо пахлу тихи аз тору пуди пастии гафлат,

Набояд такя бар болини ин махмал бино кардан.

Хамидан пои кадди рости зинат наафзойяд,

Зи пирон хуш наояд такя бар души асо кардан.

Дурустихои имкони шикаста вахшате дорад,

Ки аз гайр аз шикастан нест фикри мумиё кардан.

Дар ин дарё гухар шав, катрае гар обру дори,

Хубосо сари холи чи лозим бар хаво кардан.

Зуд оят занги зулмат аз миси шаб субхдам, Содик, Хамин иксир мебахшад нафас аз худ рахо кардан.

Аз нигохи шакл газали закршуда навоворие надорад. Яъне, газал дорои радифи содда («кардан»), кофияхои мукайяд: ошно, чудо, бино, асо, хаво, рахо буда, бо рави хотима ёфтаанд. Аз нигохи вазн низ чолиб аст, зеро сузу гудоз бо ранчу машаккат баробар баён шуда, табиати жанр бахри Хазачро такозо намудааст. Бинобар он, газал дар бахри Хазачи мусаммани солим эчод шудааст, ки шакли афоъили он чунин мебошад:

  • – – – / V – – – / V – – – / V – – –
  • – – – / V – – – / V – – – / V – – –

яъне: мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун.

Газал оханги хеле нозук ва муассири орифона дошта, хадаф сайри маънавии солик ва паймудани мархалахои камолот аст, ки танхо тавассути ранч, азоб, сабр, хушёри, фурутани, шикастанафси, дури аз таносои, пархезкори, канорагири аз дунё ва алоики он ва гайра мебошад. Аз ин чост, ки ру овардан ба ранч, бо нохун шикастани най (инкисори колаб), банд аз шакар чудо кардан (бархам задани хичобхо), пахлу тихи кардан аз тору пуди гафлат (дил кандан аз дунёи модди), такя бар души асо кардан (ба олами бесамар дил бастан), вахшат (душворихои рох), гавхар шудан (пинхон будан), хубоб (худнамои) ва гайра. Интихоби калимахо, коргири ва маънисозиву мазмунбофи аз онхо, рамзу киноя касб кардани баёну ифода низ вобаста ба мазмуну мухтаво ва мавзуи газал мебошад. Ин холот, албатта, хости табиати ашъори ирфонист, ки дар ашъори шоирони ин аср низ хеле кам бошад хам, дида мешавад.

Яке аз масъалахое, ки дар ашъори Содик ва бештар дар газалхои у ба назар мерасад, инъикоси охангхои ичтимои мебошад. Дар ин аср низ вобаста ба сиёсати пешгирифтаи хукуматдорони амири холати куввахои эчоди-адаби чандон хуб набудааст. Бинобар он, оханги шикоят аз холати танги мухит ва ахволи нохуби ахли адаб, бо омезиш ба панду насихат, андарзу мавъизат, танкиди чахолату нодони, зулму бедоди, ноодиливу каллоби, фитнагариву фиребдихи, инчунин танкиди зимомдорони замон, рафтори рухониён, кирдори зохидону пархезкорон ва гайра дар лирикаи Содик тасвир шудааст:

Чуз китобам хамнишини нуктадон пайдо нашуд,

Чуз наи килкам харифи хамзабон пайдо нашуд.

Дил зи танхои ба чон омад, дилороме наёфт,

Чони беоромро ороми чон пайдо нашуд…

Ё худ:

Бо мо замона тарки хусумат намекунад,

Чун сифла хеч касби мурувват намекунад.

Чанд афканад ба мачлиси мо шур мухтасиб,

Он беадаб риояти сухбат намекунад.

Дар лирикаи Содик ва махсусан, дар газалхои у дар баробари ишку ошики, васфи махбуба, баёни олами маънави ва зебоихои зохирии у, ситоиши бахор, гулу лола, насиму накхати бахорон, маю мусики низ хаст. Инчунин, мавзуъхои пандуандарзи: эхтироми инсон, дуст доштани ватан, ру овардан ба илму тахсил, мехнатдусти, хайрхохиву хоксори, фурутаниву шикастанафси, ростгуи, ширинзабони, пархезкори, халолкори, эхтироми падару модар, устоду омузгор, вафо ба ахд ва гайра хеле хуб ба мушохида мерасад. Дар баробари ин шоир хислатхои бади инсониро аз кабили катлу горат мардумозори, авомфиреби, бухтону дуруггуи, муфтхури, хавобаланди, кибру гурур, худписанди, хасисиву мумсики, танпарвари, калтабони ва гайраро накухиш менамояд. Вале мавзуи марказии газалиёти у суннати буда, ишку исёнхои калбии инсон, шуру валвалахои ботини, садои дилхо, зории ошику истигнои махбуба ва гайра хеле кави садо медиханд. Чунончи:

Зор мурдему рухат сер надидем, дарег,

Нуктае аз лаби лаълат нашунидем, дарег.

Чон зи бемории хичрон ба лаб омад аз шавк,

Шарбати васли ту харгиз начашидем, дарег.

Дар гамат гунчасифат сар ба гиребон бурдам,

Чун гул аз гусса гиребон надаридем, дарег.

Монд дар пои дили хастаи мо хор фуру,

Гуле аз гулшани васли ту начидем, дарег,

Бими онро, ки шавад сузи дили мо зохир,

Сухтем аз гаму охе накашидем, дарег.

Остони ту бувад максади арбоби вафо,

Мо ба он максади оли нарасидем, дарег.

Чон надидем чу Содик ба гами дарди ту хайф,

Сарф шуд накди матое нахаридем, дарег.

Аз нигохи шакл газали мазкур анъанави буда, дорои хафт байт, радифи сода («дарег»), кофияи мутлак (харфи рави- «д»), матлаъ, мактаъ, тахаллус ва гайра мебошад. Инчунин, газали мазкур дар бахри Рамали мусаммани махбуни максур (баъзан аслам, аслами мусаббаг) эчод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

  • V – – / V V – – / V V – – / V V ~ (баъзан: – – / – ~)
  • V – – / V V – – / V V – – / V V ~

Радиф дар ин газал бори гояви мекашад ва барои муайян намудани холати кахрамони лирики – ошик мусоъидат мекунад.

Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво бошад, газали боло ишки буда, баёни холати ошик, яъне хичрон ва дури аз висол, интихои рузгор ва афсусу хайфу дарег изхор намудани ошик мазмуни онро фарохам овардааст.

Чанбахои хунари низ хеле чолиб аст: вобаста ба мавзуи ишк: зор мурдан, сер надидани руй, нашунидани нукта, ба лаб расидани чон, чашидани шарбат, дарег ва гайра, калимахои мутаносиб хамаги дар ду байт мебошанд. Ин холат то интихо идома дорад. Киноя, мачоз – яъне мурдан – гузаштани бехудаи умр; чон ба лаб омадан – яъне токат намудан ба хама гуна душворихо; начашидани шарбати васл – иттифок наафтодани висол; гунчасифат – мисли гунча; сар дар гиребон будан – хануз нашукуфтан, яъне ба маънии хануз аз дунё бахра набардоштан ва гайра. Тавсиф: дили хаста, максади оли; истиора – гунчасифат, гул, ки танхо монандкунандахо иштирок доранду монандшавандахо нестанд ва гайра.

Албатта, чанбахои хунари дар шеъри шоирони ин рузгор мисли асрхои XII, XIII, XIV, XV нест, вале шоирони чудогона дар хар сурат нисбатан санъату хунари воло доранд, ки Содику Хозик, Шухию Пари аз он чумлаанд. Хусусан, дар газалсарои ин шоирон нисбатан панчаи кавитаре доштаанд. Зеро газали онхо дар интихои хол конуниятхои тахаввули жанрро дар ин давра муайян менамояд.

Маснавии «Дахмаи шохон».

Мирзосодик на танхо дар навъхои хурди лирики хушзавк аст, балки дар достонсарои хам адиби тавоно мебошад. Аз у чор маснави низ боки мондааст. Аз чумла: «Рафъи тумани Охугиру Хайробод», «Ба духтаре ошик шудани дарвеш», «Казову кадар» ва «Дахмаи шохон». Маснавии «Дахмаи шохон», ки соли таълифи он аник кайд нашудааст, мухаккикон таърихи онро солхои 1785, 1791 ва 1796 ишора кардаанд. «Дахмаи шохон» аз нигохи сохтор ва мазмуну мундаричаи худ хеле чолиб аст. Достон аз мукаддима ва кисмати асоси иборат мебошад. Мукаддимаи асар аз се бахш фарохам омадааст. Дар бахши аввал мулохизахои фалсафии адиб, муносибати у ба мирону шохон, адлу дод, ноодиливу бедоди баён гардидааст.

Дар бахши дуюм оид ба авзои замон, мухити зиндаги, бевафоии дунё, арзиши илму дониш, фазлу хунар бахс карда мешавад. Бахши сеюми мукаддимаи асар доир ба мушохидаву сайру гашти шоир дар атрофи шахри Бухоро ва хаводиси ба у дучоромада бахс мекунад. Мукаддимаи достон бо зерфасли «Тасвири девони маъбад» интихо меёбад.

Кисмати асосии достон, ки пас аз мукаддима меояд, «Ибтидои шуруъ дар максуд» нахустзерфасли он мебошад. Мушохидахои шоир ба тасвири «Дахмаи Субхонкулихон» огоз гардида, сони тасвири Дахмаи Убайдуллоххон, «Дахмаи Абулфайзхон» ва «Дахмаи Абдулмуъминхон» меояд ва бо хамин достон ба поён мерасад.

Дар кисмати асосии достон, хангоми сайри шоир ногах аз дахмае садое баланд мешавад, ки:

Кушо суи мо чашми ибрат, нигар,

Ки будем шохони зарринкамар!

Хадаф зикри бебакоии дунё, пушаймони аз амалхои носавобу зишт мебошад.

Баъд шоир садои басо чозибу чолибе аз як дахмаи мармарин мешунавад, ки он аз зиндагии бемаъни, кирдори носавоб, амалхои нохуби худ хангоми хукуматдори бо сузу гудоз ривоят мекунад. Ин дахмаи хокими аштархони – Субхонкулихон будааст.

Мирзосодик баъд аз шунидани садои ин амир боз пештар меравад ва дахмаи Убайдуллоххон пеш меояд. У садои ин амирро мешунавад, ки аз таърихи салтанати золимонаи худ хикоя менамояд. Амири мазкур аз фаъолияти золимонаи хеш сахт пушаймон гардида, худро хеле сарзаниш мекунад. Убайдуллоххон аз кардахояш пурра норизост ва таъкид мекунад, то ин ки одамон чунин галатхоро содир накунанд.

Мирзосодик ба оромгохи Абулфайзхон наздик мешавад. Абулфайзхон хам мисли дигар амирон аз кирдорхои худ сахт пушаймон аст:

Манам шох Абулфайзи мулки Бухор,

Падар то падар хусрави точдор.

Абулфайзхон вакти сари кудрат омаданаш асосан ба айшу нуш, танпарвариву форигболи дода мешавад. Худи амир мегуяд:

Маро модари дахр рузе, ки зод,

Дари айшу ишрат ба руям кушод.

Нишонданд дар мадх хамчун сарир,

Ба комам шакар рехт, бар чон шир.

Дувумбора бар тахти шохи нишонд,

Ба фаркам хазойини дунё фишонд.

Шоир зулми амирро аз забони муганни ва созхои мусики ба тарики ташхису тамсил зикр мекунад:

Яке дод танбурро гушмол,

Ки аз дасти ман пеши шохам манол.

Чунин гуфт танбур: Ай зулмгар,

Чаро мезани захмам андар чигар?

Расида маро корд бар устухон,

Нишаста бурун аз танам тори чон.

Ба нохун дилам хунфишон мекуни,

Маро манъ боз аз фигон мекуни?

Хамегуфт танбур нолида зор,

Дили чангу най шуд зи дардаш фигор,

Ба якбораги чумла карди фигон,

Найистон шуд аз нола руи чахон.

Ин амир хатто барои мансаб писари худро нест мекунад:

Хусусан, ки аз мастии чоми чох,

Писарро намудам ба дастам табох.

Сабохе гузаштам ба тарфи чаман,

Чу гул лаб пур аз ханда аз анчуман.

Шунидам ман аз богбони чахон,

Ки мегуфт дар хидмати гулситон: –

Бибурранд гар бехчасти нихол,

Физояд бар он нахл бори камол.

Чу бишнидам аз богбон ин сухан,

Ба суи харам омадам аз чаман.

Нихоле, ки аз решаам руста буд,

Ба пеши кадам сарв дилхаста буд.

Ба теги газаб кардам уро халок,

Ба хокаш супурдам, задам руйи хок.

Чунин кор кардам ба уммеди он,

Ки шояд маро давлати човидон.

Абулфайзхонро дар мавриди зарури, яъне хамлаи Рахимбии мангит дустон-душман, итоаткорон-нофармон ва чамъаш-парешон шуданд. Рахимби уро катл кард, аз ин ру, Абулфайзхон мукофоти амалро пеши ру меорад ва бо сузу гудоз мегуяд:

Зи бас маст будам зи чоми гурур,

Мукофотро дидам аз хеш дур.

Кунун ин мукофоти кирдорхост,

Хамин ранчам озори озорхост.

Маранчон дили халк аз бахри у,

Ки бошад чахон душмани дустру.

Яъне дар достон сокини хар як дахма саргузашти худро бо тамоми чузъиёт, бо забони худаш коил мешавад. Агар зишткору золим бошад, пас аз кардааш сахт пушаймон аст. Агар заррае кори хуб карда бошад, натичаи онро хатман дидааст. Дарего, ки ин амирон хануз солхои салтанатдори инро фикр накрдааст. Онхо салтанати худро «безаволу човид» донистаанд. «Дахмаи шохон»-и Содик дар заминаи ривояте, ки миёни мардум пахн шудааст, эчод гардидааст. Он ривояти шохони афсонавии Эрони кадим мебошад ва бо наср таълиф шуда, аз порахои шеъри барои тасдики фикр кор гирифта шудааст.

Яъне Искандари Макдуни бо Афлотун ва лашкараш ба каламрави Ачам ворид шуда, Афлотун дахмахоро ба у нишон медихад. Инхо дахмахои Чамшед, Рустам, Фаридун, Исфандиёр, Наримон, Манучехр, Барзу, Сухроб ва дигарон аст.

Тавофути асари Содик аз дахмаи ривояти аз он иборат аст, ки:

  1. Дар ривоят аз кирдори нек кисса карда мешавад ва дар асари Содик танхо амалхои зишти онхо баён шудааст.
  2. Асари халки бо усули ривоят, накл буда, асари Содик бевосита аз забони худи кахрамон аст.
  3. Дар асари халки пир донишманду сохибтачриба буда, дар асари Содик мушохидаи адиб асоси тасвир карор дода шудааст.
  4. Мавзуъ ва мазмуни асари Содик дар адабиёти точик нав буда, ба адабиёт таъсири амик мегузарад. Адибон: Мирзо Абдулазими Соми, Абдуррахмони Тамкин, Ачзии Самарканди дар пайравии Мирзосодик асар таълиф кардаанд.

Бояд гуфт, ки тозакорихо ва навоварихои Мирзосодик дар тахаввули газал ва эчоди маснави хеле ва хеле назаррас мебошад. Аз ин ру, у дар таърихи адабиёти охирхои асри XVIII ва огози асри XIX чун адиби навовар мавкеъ дорад.

Савол ва супоришхо:

  1. Доир ба овони чавонии Мирзосодики Мунши чи медонед?
  2. Сабабхои асосии ба дарбор чалб намудани Мирзосодикро дар чи мебинед?
  3. Сабаби ба Дарвоз бадарга шудани шоир чист?
  4. Поёнии рузгори Мирзосодик дар кучо ва чи гуна сипари гардидааст?
  5. Мероси адабии шоирро номбар кунед.
  6. Мавкеи газал дар таркиби девони Мирзосодикро шарх дихед.
  7. Мазмуну мухтавои газали «Чанд рези ба чафо ашки чигаргуни маро»-ро накл кунед.
  8. Газали «Ба рохат мерасонад ранч бар худ ошно кардан»-ро азёд гуед.
  9. Газали «Зор мурдему рухат сер надидем, дарег» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст.
  10. Мазмуни мухтасари маснавии «Дахмаи шохон»-ро накл кунед.
  11. Тавофути достони «Дахмаи шохон» аз ривояти халкии онро тавзех дихед.
  12. Мирзосодик дар маснавии «Дахмаи шохон» ба кадом масъалахои ичтимои бештар таваччух зохир кардааст?
  13. Хусусиятхои бадеии маснавии «Дахмаи шохон»-ро шарх дих

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …