МИРОКИЛОВА Муазама Мирсобитовна (тав. 09. 01. 1934, ш. Душанбе), духтури кудакон, доктори илми тиб (1986), проф. (1988), Аълочии тандурустии ИЧШС, Корманди шоистаи Точикистон (2000). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1959). Ординатори клиникии кафедраи беморихои кудакона (1959 – 63), ассистент ва дотсенти кафедраи педиатрия (1963 – 74), мудири кафедраи беморихои кудаконаи №2 ДДТТ. Тадкикоти илмиаш ба масъалаи омузиши камхуни ва холати гемопоэз дар кудакони сокини пасткуххо, миёнакуххо ва баландкуххо, самарабахшии муоличаи иклимии кудакони гирифтори зики нафас дар шароити миёнакух бахшида шудаанд. Натичахои тадкикоти М. оид ба ташхис, тарзи табобат ва роххои пешгирии камхуни дар дармонгоххои кудакона ва шуъбахои атфоли беморхонахои кудакони шахру навохии чумхури мавриди истифода карор доранд. Муаллифи 130 кори илмист.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …