Главная / Илм / МИРАЛИЕВ Салохиддин Рачабович

МИРАЛИЕВ Салохиддин Рачабович

nophotoМИРАЛИЕВ Салохиддин Рачабович (тав. 19. 09. 1970, нох. Файзобод), духтури чаррох, доктори илми тиб (2009), дорандаи Чоизаи ба номи Исмоили Сомони (2004). Хатмкардаи фак-ти муоличаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1994). Духтур-интерни Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб дар кафедраи беморихои чаррохиталаби № 2 (1994 – 1995). Чаррохи беморхонаи маркази, дармонгох ва амбулаторияи нох. Файзобод (1995 – 1997). Аз с. 1997 то 2009 дар вазифахои мутахассиси пешбари Сарраёсати ташкили ёрии тибби ба ахоли, сармутахассис ва муовини сардори Раёсати ташкили умури тибби, сардори Шуъбаи кумаки госпитали ва махсусгаронда, сардори Раёсати банакшагири, хамохангсози ва ислохот, сардори Раёсати ислохот ва равобити байналмилалии Вазорати тандурустии ЧТ кор кардааст. Чанд муддат котиби мушовара ва мушовири Вазири тандурустии ЧТ буд. Феълан сардори Шуъбаи тахлили сиёсати тандурустии назди Вазорати тандурустии ЧТ мебошад (аз 2009). Хамзамон аз с. 1997 дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино ба донишчуён аз фанни чаррохи дарс мегуяд. Аз дек. 2010 вазифаи мудирии кафедраи нигахдории тандурустии чамъияти ва омори тибби бо курси таърихи тибро низ ба ухда дорад. Муаллифи 110 асару маколахои илми, аз чумла 2 китоб ва 5 дастури таълими. Дар робита ба масъалахои такмили усули табобати чаррохии захми сурохшудаи меъдаю рудаи дувоздахангушта пажухишхои назаррас анчом додааст.
Ос.: Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Сборник нормативно-правовых и отчётно-учётных документов по семейной медицине, Д., 2006; Руководство по управлению человеческими ресурсами системы здравоохранения Республики Таджикистан, Д., 2008; Нигахдории тандурустии чамъияти, омори тибби ва тахлили демографи, Д., 2011; Эффективность реформы здравоохранения в Таджикистане в контексте сокращении бедности. «Здравоохранение Таджикистана», № 4, Д., 2005; Финансирование и формы оплаты труда специалистов общей врачебной (семейной практики). «Вестник Авиценны», № 1, Д., 2007; Платные медицинские услуги и мнение потребителей. «Здравоохранение Таджикистана», № 3, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …