Главная / Илм / МИОТОНИЯ

МИОТОНИЯ

miotoniyaМИОТОНИЯ (Myotonia; аз мио… ва юн. tonos – шиддат), бемории ирсие, ки хангоми он харакат ба таври гуногун халал меёбад. Дар огози харакати фаъол мушакхо дучори ташаннуч (спазм) мегарданд. Суст гаштани онхо бинобар таранчиши сахт дар ибтидои харакат душвор аст. Мушак чанд сония дар холати ташаннуч истода, баъд охиста суст мешавад. Харакатхои минбаъда тадричан осонтар ва ташаннуч батамом рафъ мегардад. Вале баъди андаке истирохат ташаннучи тонусии мушакхо боз бо неруи пешина хуруч меёбад. Ташаннуч мушакхои дасту пой, тан ва руйро фаро гирифта, хангоми хаячон ва хунук хурдан тезутунд мешавад. Нишонахои аввалини М. дар давраи кудаки ё чавони падид омада, тамоми умр боки мемонанд. Чунин беморон бисёр вакт пахлавонсурат мебошанд. М. атрофияви низ мешавад. Хангоми он дар баробари нишонахои миотонияви ихтилоли эндокрини ва дистрофияви низ падид меоянд. Дар беморон атрофияи мушакхои руй, гардан, бозу, панча, инчунин катарактаи бармахал, кали, рехтани дандонхо, хушкидани пуст, сусткамари ба мушохида мерасанд.
М.-ро бо дору, пархез, обзанхо, масх, варзиши шифои ва г. табобат мекунанд.
Ниг. низ Беморихои ирси.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …