Главная / Илм / МИКЁС ВА НАМУДХОИ OH

МИКЁС ВА НАМУДХОИ OH

Аз таърифи накша фахмидем, ки микёс (масштаб) шакли хурдкардаи китъаи сатхи Замин мебошад. Барои хурд карда ба накша гирифтани китьаи сатхи Замин аз микёс истифода мебарем. Дар махале, ки онро мо ба накша мегирем, масофа бо метр ва километрхо чен карда мешавад. Мувофики Микёси интихобкардаамон онхоро ба сантиметр ва миллиметрхо табдил дода, накшаи махалро тартиб медихем.

Микёс гуногун мешавад: адади, хатти ва номи.

Микёсн адади. Пеш аз он ки ба микёси адади шинос шавем, бояд донист, ки худи микёс чист? Микёс адади касри буда, сурати он вохид ва махрачи он шумораест, ки дар накша нисбат ба махал чанд маротиба хурд карда шудани масофаи аслиро ифода менамояд. Агар мухтасар карда гуем, микёс нисбати масофаи нуктахо дар накша бар масофаи аслии онхоро нишон медихад.

miqyos

Микёс дар хама кисми накша як хел мебошад. Он оа мо бузургии назар ба махал дар накша хурд кардани масофаро аник нишон медихад. Барои мисол накшаи дар Микёси 1:1000 тартибдодаро (расми 6) тахлил менамоем. Дар он худуди махал (тамоми масофаи махал) нисбат ба аслаш 1000 маротиба хурд карда ба накша гирифта шудааст. Дар поёни накша бо таносуби 1:1000 навишта шудааст, ки онро микёси ададй меноманд, чунки вай факат бо адад ифода шудааст. Он дар накша нисбат ба махал чанд маротиба хурд кардани масофаро ифода мекунад. Дарачаи хурд кардани масофаро аз раками махрачи касри микёси адади фахмидан мумкин аст. Агар ракам дар махрачи каср хар кадар калон бошад, масофа дар накша мутаносибан хамон кадар хурд, агар хурд бошад, калон нишон дода мешавад.

  1. Микёси хатти. Дар накша Микёси хатти бо хатхои рост ифода карда мешавад. Онро ба кисматхои баробар таксим намуда, дар хар як хиссаи таксимшуда масофаи аслй, яъне ба махал баробарро менависанд. Ба хамии сабаб ин мнкёсро мнкёси хатти меноманд. Кашидан ва тартиб додани он душвор нест. Барои ин аввал дар охири кисми чапи накша хатхои рости мувозй кашида, ба микдори 1 см чудо карда, аз тарафи рости он 0 мегузорем. Баъд аз он ин 1 см-ро ба 10 хиссаи баробар таксим менамоем. Сипас аз 0 cap карда порчаи бокимондан хатхои ростро ба кисмхо (1 см) таксим намуда, дар болои хар як кисм масофаи аслии ба махал мувофикбударо менависем. Ин намуди микёсро хангоми аз руи накша ичро кардани корхои ченкуни васеъ истифода мебаранд. Тавассути он масофаи байни нуктахо ва андозаи объектхои дар накшаи махал сабтгардида хеле аник чен карда мешавад. Аз руи микёси хаттй ва бо ёрии паргор на танхо дарозии хатхои рост, балки дарозии хатхои качро хам муайян кардан мумкин аст.
  2. Микёси номй. Барои сахехтар ва бехтар кашидан ва чен кардани масофаи байнн нуктахо ва андозаи предметхо дар накша аз Микёси номи низ истифода мебаранд. Одатан онро бо калима ифода мекунанд. Дар накшае, ки (расми 7) бо микёси эдадии 1:1000 тартиб дода шудааст, 1 см дар накша ба 1000 см дар махал рост меояд. Aгap онро бо Микёси номи ифода намоем, дар он сурат вай чунин навишта мешавад: 1 сантиметр 10 метр. Инро бузургии микёс меноманд. Бо он масофаи байни ду нуктаи махал муайян карда, дар накша кашида мешавад. Хамин тавр, Микёсеро, ки бо калима ифода карда мешавад, микёси номи меноманд. Масалан, дарозии боги назди макгаб чн кадар аст? Агар дарозии бо чадвал ченкардаи боги назди мактаб 7 см ва бузургии Микёс 10 м бошад, барои ёфтани дарозии он 7 см-ро ба 10 м зарб мезанем: 7 • 10 м = 70 м. Аз ин чо маълум мешавад, ки дарозии боги мактаб 70 м будааст.

Одатан дар накшахо махалро дар микёси на хурдтар аз 1:10000 инъикос мекунанд. Дар поёни накша хар се намуди микёс: ададй, хатти. номй навишта мешаванд.

Савол ва супориш

Микёс чист? Он барои чй лозим аст? 2. Кадом намудхои микёсро медонед ва онхо аз якдигар чй фарк доранд? 3. Масофаи 55 метрро бо Микёси 1 см – 10 метр бо тарзи хати росг ифода кунед. 4. Аз накшаи атлас (сах. 5) дарозии рохи оханро муайян кунед. Барои чен кардани он аз порча истифода баред. 5. Дар Микёси адади чанд маротиба хурд кардани масофаро аз чй фахмидан мумкин аст?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …