Главная / Илм / МЕЗАДЕНИТ

МЕЗАДЕНИТ

mezedenitМЕЗАДЕНИТ (Mesadenitis; лот. mes[enterium] – масорика ва aden – гадуд), илтихоби укдахои лимфавии масорикаи руда. М. мукаррари (одди ва фасоди) ва сили, вобаста ба чараён бошад, шадид ва музмин мешавад. М.-и мукаррарии шадид бо дарди ногахонии кабзкунанда ё доими дар гирди ноф ё росттар аз он огоз меёбад; дард аз чанд соат то 2 – 3 руз давом карда, харорати бадан баланд, набз тез мешавад, бемор хиккак мезанад, дилаш бехузур гашта кай мекунад, халк ва руй сурх мегардад. Хангоми ламс кардан шикам ба дард медарояд. Дар сурати М.-и фасоди холати бемор вазнин мешавад, захролуди ва лейкоситоз рух менамоянд. М.-и музмин бо дарди кутохмуддати пароканда ва исхол ё кабзият падид меояд.
Аломатхои болинии М.-и шадид бисёр вакт ба аппендитсит монанд мебошанд, бинобар ин бемороне, ки дар онхо аз М. гумонбар шудаанд, бояд хатман дар шуъбаи чаррохи бистари гарданд. М.-и мукаррарии шадид бо дору ва усулхои физиотерапия табобат карда мешавад. М.-и фасоддорро чаррохи мекунанд (чавфи думбалро мекушоянд). Фарчоми бемори, одатан, хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …