МЕТАН CH4, гази ботлоки, , як навъ карбогидрид. М. гази сузанда, берангу буй; t чуш. – 164,5°С, t гуд. – 182,5°С, зичиаш нисбат ба хаво 0,554 (20°С); хангоми бо хаво якчоя шудан (дар сурати ба 5 – 15% расидани консентратсия), омехтаи тарканда хосил мекунад. М. кисми таркиби ва асосии газхои табии (77 – 99%-и хачми умуми), газхои хамрох бо нефт (31 – 90%) ва газхои кон (34 – 40%) мебошад. Атмосфераи баъзе сайёрахо (Зухал, Муштари) асосан аз М. иборат аст. М.-и сунъиро бо рохи коркарди хароратии ангишт ва нефт хосил мекунанд. М.-и табии хангоми пусиши моддахои органики зери таъсири бактерияхо дар сурати нарасидани хаво пайдо мешавад. М. чун сузишвори ва ашё, барои хосил кардани пайвастхои органики (атсетилен, хлороформ, формалдегид ва г.) истифода мешавад.
Микдори зиёди М. барои организм хавфнок аст. Аломатхои аввалини захролуди (тез шудани набз, нафаскаши, калавида рох рафтан) хангоми 25 – 30% будани микдори он дар таркиби хаво ба мушохида мерасанд. Консентратсияи бештари М. дарди сар меорад. Дар конковхо ва коргарони истехсолоте, ки дар хавои он М. вучуд дорад, ихтилоли фаъолияти силсилаи асабхои вегетативи ба кайд гирифта шудааст.
Барои пешгирии захролуди аз М. тоза кардани хавои чои кор, истифодаи асбобхои нафаскаши ахамияти калон дорад.
Ш. Самиев.