Главная / Илм / МЕЛИОИДОЗ

МЕЛИОИДОЗ

melioidozМЕЛИОИДОЗ (Melioidosis; юн. melis – манкаги, eidos – намуд), псевдохолера, пневмоэнтерит, як навъ бемории сирояти, ки чараёни вазнин дошта, бо уфунат ва пайдоиши думбал дар узву бофтахои гуногун падид меояд.
Ангезандаи М. – Pseudomonas pseudomallei каламчамикроби граммусбат буда, ба таъсири моддахои гандзудо ва харор. баланд тоб намеорад. Манбаи ангезандаи бемори хояндахо, сагу гурба, бузу гусфанд, хук, гов, асп мебошанд. Одам асосан дар натичаи тамос бо обу хоке, ки ангезандахои М. вучуд доранд, сироят меёбад. Давраи нихонии бемори аз 4 руз то чанд мох аст. М.-и шадид бо табларза, баланд шудани харорат (зиёда аз 40°), дарди мушакхо, сар ва шикам, кай, исхол пайдо мешавад; бисёр вакт бемор месурфад, балгами омехта бо хуну зардоб мепартояд; чигар, сипурз, укдахои лимфавии канори (дар гардан ва зери каш) калон мешаванд. Мумкин аст дар пуст эритемахо, пустуллахо ва обилачахо ба вучуд оянд; минбаъд дар узву бофтахои гуногун (шуш, гурда, чигар, пешобдон, луобпардахо, мушакхо, пуст ва г.) думбалхо рушд менамоянд. Хангоми М.-и музмин думбалхо дар як ё чанд узв пайдо мешаванд.
М.-ро дар шароити беморхона бо антибиотикхо муолича мекунанд. М. нихоят кам дучор меояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …