Главная / Маданият ва санъат / МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН

МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН

Масъуд дар Лохур, дар хонаводаи дафтардори дарбори Мачдуд ибни Масъуди Газнави ба дунё омад. Падараш Саъди Салмони Хамадони марди фозиле буд. Иктисоду сиёсати давлатдории ахди Газнавиёнро хуб медонист, гох-гохе шеър хам менавишт. Писараш-Масъудро, ки хамноми фарзанди нахустини Султон Махмуди Газнави буд, хеле хуб тарбия дод, илму адаб омузонд. Масъуд аввал дар Лохур, баъд дар Газна тахсил кард. Бар иловаи забони модариаш форси- точики, забони хинди ва арабиро хеле хуб ёд гирифт, аспсавори, тирандози, чавгонбози, мусики ва адабро омухт.

sadi-salmonТуфайли заковати асли, илму дониш ва одоби некаш дардоирахои дарбори Газнавиён мисли падараш ному шухрати хосае пайдо кард. Хамин буд, ки вакте Султон Иброхими Газнави (хукмрониаш солхои 1059-1099) соли 1076/77 хокимияти Хиндустонро ба писараш — Сайфуддавла Махмуд супорид, Масъуди Саъдро дар рикоби у гузошт.

Туфайли шиносоии собика Сайфуддавла уро ба хидмати дарбор пазируфт. Дар андак муддат Масъуд дар дарбор обрую эътибори хосаеро сохиб шуд, яке аз шахсиятхои наздики султон гардид. Дар доирахои адабии Лохур ва Хиндустону Газна чун шоири хуштабъи касидасаро шинохта шуд ва амволу давлати назаррасе насибаш гашт.

Хамаи ин ба солхое рост меоянд, ки дар сарзамини Мовароуннахру Хуросон кабилаи дигари турк — Салчукиён нуфуз пайдо карда, таъсири онхо ба давлати Газнавиён руз ба руз меафзуд. Хатто баъзе амирону вазирони газнави нисбати Салчукиён ошкору нихони хусни таваччух доштанд. Азчумла, хукмрони Хиндустон- Сайфуддавла Махмуд хам. Ин асрор ба падараш — султон Иброхими Газнави ошкор шуду вай соли 1086/7 фарзанди чигарбандашро ба хиёнаткори муттахам дониста, дар як шаб дасту по баста бо чанде аз мукаррабонаш ба зиндон партофт. Масъуди Саъди Салмон хам ба носипоси бадном шуда зиндони гардид.

Баъди дах соли рузгори бисёр хуши щохоназиндагии талху захрогини дахсолаи Масъуди Саъдии Салмон дар зиндони калъахои Су, Дахак, Ной шуруъ шуд:

Хафт солам бикуфт Суву Дахак,

Пас аз онам се сол калъаи Ной.

Аз боиси нохак, бо тухмат ба зиндон афтоданаш нолаю фигони Масъуди Саъд ба фалак печида бошад хам, ба унвони Султон Иброхим ва наздикони у даххо мадхияхо, касидахо, шикоятномахо навишта бошад хам, касе ба додаш нарасид.

Масъуди Саъд то рузи охири зиндони буданаш ба ин амри нохаки рузгор тан надод. Каламаш аз навиштан боз наистод. Мавзуи марказии ашъори зиндонии у шикоят аз нобасомонихои замон, чабру зулми тудаи хокимон ба сари ом-

маи бенаво, лаззату кайфияти озоди ба хар кимате, ки бошад, махрумият аз дидори ёрону пайвандон будааст. Дар ин хангом у аслан касида менавишт, шоху амирону дарбориёнро месутуд, то кулфи дилашон кушода шаваду уро аз зиндон рахо кунанд. Вале ку дидаи хакбин?

Эчодиёти зиндонии у дар анвоъи касидаву газалу рубоию маснавию мустазод ва гайра ба унвони “Хабсиёт” дар адабиёт маълум аст. Дар таърихи адабиёти точик шоирони зиндони чанде буданд ва он чо асархо эчод кардаанд. Вале хеч кадоме чун Масъуди Саъди Салмон ин кадар тулони ва такрор ба такрор сокини зиндон набуд ва ин кадар бисёр шеъри зиндони нагуфт. Умуман, девони мукаммали МасъудиСаъди Салмон 15500 байт дорад, ки бештараш дар зиндон суруда шудааст.

Султон Иброхими Газнави ду сол пеш аз вафоташ (соли 1096) ба хотири дусташ — Абулкосими Хос, ки марди фозил, шоир ва дусти Масъуди Саъд буд, Масъуди Саъди Салмонро аз хабс озод кард. Вакте Масъуд ибни Иброхим (солхои 1099-1115) ба чои падараш ба тахти шохи нишаст, у писараш — Шерзодро хокими Хиндустон ва марди фозилу сиёсатмадори доно — Абунасри Порсиро пешкору сипахсолори у таъин кард. Абунаср яке аз дустони наздики Масъуди Саъди Салмон буд. Кори Масъуди Саъд боз омад кард. Туфайли хайрхохии Абунаср Масъуди Саъд хокими вилояти тозафатхшудаи Хиндустон — Чоландар таъин гардид. Дере нагузашта Абунасри Порси аз вазифа барканору Масъуди Саъди Салмон бори дуюм ба муддати 9 сол дар калъаи Маранч зиндони шуд. Масъуди Саъд дар касидаи “Шикоят аз сиояти Абулфарач” мегуяд:

Мар туро хеч боке н-омад аз он-к

Нуздах сол будаам банди.

Бояд гуфт, ки бехтарин солхои умри азизи шоир, яъне солхои аз 40 то 60 дар зиндонхо сипари гардид. Аммо у ноумед нашуд, хар чи ки як инсон дар ин солхо барои инсонхои дигар кори хайре бояд бикунад, кард.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …