Главная / Илм / МАСТОИДИТ

МАСТОИДИТ

mastoiditМАСТОИДИТ (Mastoiditis; юн. mastoeides – монанд ба пистон), илтихоби шадиди римдори хучрачахои шохаи пистонакшакл. Бисёр вакт чун оризаи отити шадиди римдор ба вучуд меояд. Дар пайдоиши М. баста шудани тарашшухот аз чавфи гуши миёна макоми хоса дорад.
Нишонаи асосии М. шиддат ёфтани дард дар мавзеи шохаи пистонашакл баъд аз 3 – 4 хафтаи сар задани отити шадиди римдори гуш мебошад. Дард бисёр вакт ногахон пайдо шуда, беморро сахт (хусусан шабхо) безобита мекунад. Аломати мухими М. танг шудани рохи беруни сомеа аст. Беморон аз сардард, бехоби, беиштихои шикоят мекунанд; харорати бадан баланд (38 – 39°) мешавад. Аз гуш обияти гафси зардобмонанд меояд. М.-ро бо усули рентгенография ташхис мекунанд. Онро аз пучаки рохи беруни сомеа бояд фарк кард. Муоличаи М. ба мисли отити шадид аст: гармии хушк, соллюкс, табобат бо УВЧ. Ба гуш спирти борат мечаконанд, аз сулфаниламидхо, антибиотикхо истифода мебаранд. Дар сурати натича надодани табобат бо дорухо мастоидэктомия мегузаронанд (чок кардани чои иллати ва берун овардани устухони тагйирёфта).

Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …