Главная / Гуногун / МАСНАВИХОИ РУДАКИ

МАСНАВИХОИ РУДАКИ

Дар таърихи адабиёти навини фору точик Устод Абуабдуллох Рудаки аз аввалин бузургмардонест, ки маснавихои нагзе навишта, ин навъи адабиётро ба пояхои баланд расондааст. Аз ин чихат, мухаккикони варзидаи Рудакишинос Паул Хорн, С. Айни, С. Нафиси, Е. Э. Бертелс, А. Мирзоев, Рубен Леви, И. С Брагинский, А. Тохирчонов дар асоси пажухиши ашъори дастраси Устод Рудаки ба хулосае расидаанд, ки у чандин маснави суруда будааст. Аз гуфтори худи шоъир, муосирони у ва ахбороти манбаъхои адаби равшан мегардад, ки Устод Рудаки маснавихое бо номи «Калилаву Димна», «Синдбоднома» ва «Даврони Офтоб» таълиф карда будааст.

  1. «Калилаву Димна» машхуртарин маснавии Устод Рудаки буда, дар бораи он чунин маълумот мавчуд аст: «Калилаву Димна» аслан моли хиндухо буда, бо номи «Панчатантара» ба забони санскрит мавчуд будааст. Дар ахди Хусрави Парвези Сосони, ки чун Анушервони Одил (хукмр.531—579) машхур буд, табиби эроние бо номи Барзуя онро аз забони санскрит ба забони пахлави гардондааст. Баъд аз солхо адиби арабизабони эрони Ибн-ал-Мукаффаъ (724—759) «Калилаву Димна»-ро аз пахлави ба забони араби баргардондаву тахрираш кардааст. Баъдан, дар замони Наср ибни Ахмади Сомони (941-—943), бо супориши вазири у Абулфазли Балъами, соли 933 ба забони дари (точики) гардонда шудааст. Сипас Балъами ба Рудаки супориш дод, ки онро ба риштаи назм кашад. Дар ин бора Абумансури Саъолаби дар асари худ «Гурар-ус-сияр», ки онро ховаршиноси фаронсави Зотенберг сахван тахти унвони «Гурари ахбори мулук-ал-фурс» дар Париж чоп карда буд, чунин ахборот медихад: «Ин китоб (яъне «Калилаву Димна» — А. А.) хамчунон дар хазинаи подшохони форс нигох дошта мешуд, то ки Ибн-ал-Мукаффаъ онро ба араби гардонидаву Рудаки бо амри амир Наср ибни Ахмад ба шеъри форси кард».157

Аз Абумансури Саъолаби хеле пеш Абулкосими Фирдавси рочеъ ба пайдоиши «Калилаву Димна», ба Эрон оварда шудани он, ба араби арзи вучуд карданаш ва онро ба риштаи назми форси кашидани Рудаки дар мавриди тасвири замони Хусрави Анушервон менависад:

Набиштанд бар номаи хусрави,

Набуд он замон чуз хати пахлави.

Хаме буд бо арч дар ганчи шох,

Бад-у носазо кас накарди нигох.

Чунинаш ба този сухан ронданд,

Аз он пахлавони хамехонданд.

«Калила» ба този шуд аз пахлави,

Бад-ин сон, ки акнун хамебишнави. 

Ба този хаме буд то   гохи Наср,

Бад-он гах, ки шуд дар чахон шохи Наср.

Гаронмоя Булфазли дастури уй,

Ки андар сухан буд ганчури уй,

Бифармуд, то порсии дари

Бигуфтанду кутох шуд довари.

В-аз он пас бад-у расму рой омадаш,

Бар-у бар хирад рахнамой омадаш.

Хаме хости ошкору нихон,

К-аз у ёдгори бувад дар чахон.

Гузорандаро пеш биншонданд,

Хаме нома бар Рудаки хонданд.

Бипайваст гуё парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Хамчунин, дар мукаддимаи «Шохномаи Абумансури» омадааст: «…Чун шохи хиндувон, ки «Калилаву Димна» ва «Шонок» ва «Рому Ромин» берун овардаву чун Маъмуни писари Хорунаррашид маниши подшохон ва химмати мехтарон дошт, як руз бо мехтарон иишаста буд, гуфт: «Мардум бояд, ки то андар ин чахон бошанд ва тавонои доранд, бикушанд, то аз у ёдгори бувад, то пас аз марги у номаш зинда бувад». Абдуллохи писари Мукаффаъ, ки дабири у буд, гуфташ, ки аз Кисрои Анушервон чизе мондааст, ки аз хеч подшох намондааст. Маъмун гуфт: «Чи монд?» Гуфт: «Номае аз Хиндустон биёвард, он гох Барзуяи табиб аз хиндуи ба пахлави гардонда буд, то номи у зинда шуд миёни чахониён ва понсад хирвор хазина кард.» Маъмун он нома бихосту он нома бидид. Фармуд дабири хешро, то аз забони пахлави ба забони този гардонид. Пас амири саъид Наср ибни Ахмад ин сухан бишнид, хуш омадаш. Дастури хеш – Хоча Балъамиро бар он дошт, то аз забони този ба забони порси гардонид, то ин нома ба дасти мардумон-андар афтод ва хар касе даст бад-у андар заданд ва Рудакиро фармуд, то  ба назм оварду «Калилаву Димна» андар забони хурду бузург афтод ва номи у бад-ин зинда гашт ва ин нома аз у ёдгори бимонд. Пас чиниён тасовир андар афзуданд, то хар касро хуш ояд дидану хондани он».

С. Нафиси, баъди иктибоси ин порча, меафзояд: «Ягона чизе, ки дар ин чо нодуруст аст, ин аст, ки дар ин дебоча навиштаанд, ки Абдуллохи писари Мукаффаъ дабири Маъмун буд. Рузбехи писари Додвейх (Додуя) аз мардуми шахри Чур, адиби бисёр номии Эрон, ки чун ислом оварда ба номи Абуамр ва ба Абумухаммад Абдуллох маъруф шудаву ба Абдуллох Ибн-ал-Мукаффаъ маъруф будааст, дар худуди соли 139 (756 — А.А.) кушта шудааст. Маъмун дар рабеъулаввали 170 (сентябри 786—А.А.) ба чахон омадаву аз 198 то 202 (814—817) хилофат кардааст. Бад—ин гуна, Ибни Мукаффаъ 31 сол пеш аз валодати Маъмун ва 59 сол пеш аз огози хилофати вай кушта шудааст, мумкин нест, ки дабири Маъмун буда бошад. Ин хато аз ин чост, ки Ибни Мукаффаъ «Калилаву Димна»-ро аз тарчумаи пахлави ба този баргардондааст».158 Дигар хамаи ахбороти дебочаи «Шохномаи Абумансури» дуруст аст.

Чизе дигаре, ки маълум аст, он аст, ки «Калилаву Димна»-и Рудаки дар вазни рамали мусаддаси максур таълиф шудааст, ки аркони он ба фоъилотун ( — У — —) фоъилотун ( — У — —) фоъилон (— У~ ) баробар аст ва аз он то кунун 129 байт ба даст омадааст.

Аглаби пажухишгарон бар сари ин акидаанд, ки достони Устод Рудаки аз нахустин достонхои ахлокист, ки дар вакташ аз 12 хазор байт иборат будааст. Баъзехо то 18 хазор байт гуфтаанд хачми ин маснавиро.

Дар бораи замону макони пайдоиши «Калилаву Димна» донишманди номи Ризозода Шафак чунин акида дорад: «Ибни Мукаффаъ бисёре аз китобхои пахлавиро ба араби тарчума кард ва худ низ дар илму адаб таълифоте намуд. Мухимтарини тарчумахои вай аз забони пахлави «Калилаву Димна» аст, ки хануз бокист ва аз бехтарин китобхои адабии араби ба шумор меравад».159 «Асли ин достони маъруф дар замони Сосониён аз забони хинди ба пахлави накл шуда, баъд Абдуллох ибни Мукаффаъ онро аз пахлави ба араби тарчума намуд. Гарчи «Калила»-и Ибни Мукаффаъро дар давраи Сомони ба форсии манзум ва мансур даровардаанд, вале он аз миён рафту танхо ашъоре аз «Калила»-и манзуми Рудаки боки монд… «Калила»-и хозир, ки гузашта аз асли хинди ду-се хикояти эрони ва исломи бар он афзуда шуда, тарчумаи Абулмаъоли Насруллох ибни Мухаммад Абдулхамид — аз фузалои он замон аст аз «Калила»-и Ибни Мукаффаъ ва он дар авосити карни шашум, яъне дар давраи салтанати Бахромшохи Газнави 512-547/1118- 1152 — А. А.) ба амсолу ашъоре ба форси ва араби бар он афзуд ва, алхак, насри матин ва шевое бар кор бурд, чунон ки онро метавон аз китобхои адаби дар забони форси шумурд».160 Боз хам у менависад: «Яке аз осори мухимми Рудаки манзумаи «Калилаву Димна» буд, ки асли онро донишманди эрони Ибни Мукаффаъ аз пахлави ба араби накл карда буд. Ин манзума аз миён рафтаву абёте аз он дар китоби «Фарханги Асадии Туси» ва китобе мавсум ба «Тухфат-ул-мулук» ба мо расидааст. Рудаки дар мукобили ин хидмат аз шох инъом дидаву сила ёфта ва бинобар байте, ки ба Унсури нисбат дода шуда, чихил хазор дирам бигирифт».161

 Шиблии Нуъмони низ такрибан  хамин гуна андеша меронад: «Калилаву Димна» ибтидо аз санскирт ба порси тарчума шуда, лекин вакте ки Абдуллох ибни Мукаффаъ онро ба араби тарчума кард, нусхаи порсии он ба кулли аз равнак афтоду бад-ин чихат Наср ибни Ахмад Сомони амр кард ба Рудаки, ки онро дар форси ба хуллаи назм биёварад».162  Байти  Унсури, ки  чихил  хазор  дирам  аз  мехтари худ ато гирифтани Рудакиро ба хотир меовард, ин аст:

Чихил хазор дирам Рудаки зи мехтари хеш  

Ато гирифт ба назми «Калила» дар кишвар.

Аслан андешаи Унсури аз он байти худи Рудаки ибтидо мегирад, ки дар касидаи «Шикоят аз пири» баён доштааст:

Бидод мири Хуросон-ш чил хазор дирам,

Дар у фузунии як панч мири Мокон буд.

Забехуллохи Сафо мефармояд: «Мухимтарин асари Рудаки, ки акнун чуз абёти парокандае аз он боки намонда, «Калилаву Димна»-и манзум аст».163

«Калилаву Димна», ки таълифаш соли 320/932 огоз гардида, соли 325/937 ба итмом расидааст, мачмуъи киссаю хикоятхои пандомезест, ки аз забони хайвонот накл шуда, масъалахои мухимми ахлокию ичтимоиро дар бар мегирад. Рудаки «Калилаву Димна»-ро асосан аз руйи тарчумаи точикии Балъами ба риштаи назм кашида бошад хам, дар он хикмати омухта ва тачрибаи андухтаи хешро дарч намудааст. Аз 12 хазор байти ин шохасари Устод Рудаки холо як саду панчох байт боки мондааст.

Маснавии мазкур асари панду ахлоки буда, дар он масъалахои таргиби ахлоки пок, одамгари, дусти, рафокат, дониш ва, баръакс, мазаммати нуксонхои инсони ва иллатхои чамъияти тасвир мешавад. Ба акидаи Устод Рудаки, барои пеш рафтани инсон ду чиз аз хама заруртар аст: омухтани тачрибаи зиндаги ва ба даст овардани илму дониш. Аммо сарчашмаи муваффакиятхои шахсии одам ба кушиши максадноки хамешаги, сабру токат ва солорию бурдбори вобаста мебошад. Дар «Калилаву Димна»-и худ Устод Рудаки ягонагии дониши инсоният, иштироки халкхои гуногуни дунё дар кори ба вучуд овардани хазинаи маданият, хамеша дар такомул будани илм ва чун нури маърифат дилхоро мунаввар гардондани онро таъкид менамояд ва дар айни замон донишро аз хама бадихо чавшан мешуморад:

То чахон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар хар замон

Рози донишро ба хар гуна забон

Гирд карданду гироми доштанд,

То ба санг-андар хамебингоштанд.

Дониш андар дил чароги равшан аст

В-аз хама бад бар тани ту чавшан аст!

Достони   «Калилаву Димна»-и Рудаки бо байти пурхикмати зерин шуруъ мешудаст:

Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,

Хеч н-омузад зи хеч омузгор!

Ин байт, ки дорои санъати бароати истихлол аст, мазмуни ахлокии достони «Калилаву Димна»-и Устод Рудакиро рушан нишон медихад.

А. М. Мирзоев, баъди иктибоси панч байти боло, дучор нашудани мазмуни он байтхоро дар «Калилаву Димна»-и Абулмаъолии Насруллох гушзад намуда, кайд мекунад: «Масъалаи дар тарчума ба манзури асли «Калила ва Димна» ба кулли пайрави накарда, баъзе масъалахои ахлокиро ба он илова кардани Рудаки як амри табиъист. Замони зиндагии шоъир як давраи бедории фикри милли—халки буд, хар як шахси пешкадам кушиш менамуд, ки аз ифтихороти гузаштаи халки худ хар чизеро, ки медонад, зинда  гардонад ва хар амалиётеро, ки ба фикри у сабаби рушду пешрафти мардуми замон мегардад, ташвик намояд. Дар тарчумаи «Таърихи Табари» айнан хамин рохро пеш гирифтани Балъами, яъне дар вакти тарчима ба мазмуни аслии китоб аз ифтихороти гузаштаи халкхои эронинажод хеле чизхоро илова кардани у дурустии ин хакикатро комилан тасдик мекунад».164 Мо пурра ба ин акидаи А. М, Мирзоев рози хастем.

Сабаби хар гуна зикр шудани микдори абёти бадастомадаи маснавии «Калилаву Димна»-и Рудаки (115, 120, 129, 150 байт) он аст, ки дар вактхои гуногун гуфта шудаанд ва ракамхо холати хамонрузаи «Калилаву Димна»-и Рудакиро ифода мекунанд. Мумкин аст, ки бо мурури замон микдори ин абёт боз хам афзояд.

Соли 1958 дар шумораи дахуми мачаллаи «Шарки Сурх» маколахои Шарифчон Хусейнзода «Рудаки ва фолклори точик» (с. 79—97) ва Газанфар Алиев «Дар бораи «Калила ва Димна»-и Рудаки» (с. 117—126) ба табъ расида буд. Шарифчон Хусайнзода дар мавриди ба хам рост омадани порчахои достони «Калилаву Димна»-и Рудаки ва асари мансури Абулмаъолии Насруллох «Калилаву Димна»-ро зикр мекунад, ки дутои онро меорем. Дар хикояти бузинагони асари Абулмаъолии Насруллох сабт гардидааст: «Шабе чун осии рузи махшар боди шамол инон баркушодаву рикоб гарон карда даромад ва бар бузинагон шабохун кард. Бечорагон аз сармо ранчур шуданд, панохе бичустанд, ногох кирми шабтобе ёфтанд дар тарафе афтода, гумон бурданд, ки оташ аст, хезум гирд карданду бар он ниходанд».

 Аз Рудаки:

Шаб. Зимистон буд. Каппи сард ёфт,

Кирмаки шабтоб ногохе битофт.

Каппиён оташ хаме пиндоштанд,

Пуштаи хезум бад-у бардоштанд.

Дар боби «Хамомаи мутавакка» мехонем: «Дар дунё хеч шоди чун сухбату мучоласати дустон несту хеч гам ба фироки дустону факди бародарон баробар натавонад буд».

Дар «Калилаву Димна»-и Рудаки мехонем:

Хеч шоди нест андар ин чахон

Бартар аз дидори руйи дустон!

Хеч талхи нест бар дил талхтар

Аз фироки дустони пурхунар!

Газанфар Алиев рочеъ ба макони пайдоиши «Калилаву Димна», дар замони Анушервон ба Эрон оварда шудани он ва ба араби онро баргардондани Ибни Мукаффаъ бо амри Абулфазл Балъами ва ба назми порсии дари онро накл кардани Рудаки таваккуф намуда, 13 порчаи аз як хел манбаъ сарчашма гирифтани асари Ибни Мукаффаъ ва маснавии Рудакиро ба исбот мерасонад. Факат абёти Рудакиро бо порчахои тарчумаи русии «Калилаву Димна»-и арабии ибни Мукаффаъ мукоиса менамояд. Масалан, дар боби «Шер ва барзагов» Добшалим Байдоби файласуф бо хохиши подшохи Хинд чунин тамсил мегуяд: «Дар мулки Дастебо як савдогари давлатманде буд, ки се писар дошт, ки аз исроф кардани сарвати падар ибо намекарданд. Ба онхо падар панд медод: «Кас агар пулро сарфа карда, ба зиёд намудани он кушише накунад, харчи кам низ боиси камбудии сармоя мегардад, чунончи аз сурмадон сурмаро харчанд чун гард мегиранд, вале бо вучуди ин, он ба зуди тамом мешавад. Рудаки менигорад:

Дошти он точири давлатшиъор

Сад катори сор андар зери бор…

Гарчи хар руз андаке бардорадаш,

Бофдам рузе ба поён орадаш…

Хамчунон сурма, ки духти хубруй

Хам ба сони гард бардорад зи руй.

Ё чун шер нахустин бор овози   бадхайбати барзаговро мешунавад, аз тарс меларзад ва аз Димна чи будани онро мепурсад. Димна чи будани онро ба у мегуяд ва меафзояд: «Гуфтаанд, ки банди сустро об мебараду дили заъифро овози баланд». Рудаки ин мазмунро чунон мохирона ба назм кашидааст, ки як будани манбаъи он ва асли арабии «Калилаву Димна»-и Ибни Мукаффаъро пай бурдан душвор нест:

Димнаро гуфто, ки то ин бонг чист,

Бо нихебу сахм ин овои кист?!

Димна гуфт уро: «Чуз ин ово дигар

Кори ту на хасту сахме бештар!

Об хар чи бештар неру кунад,

Банду варги сустбуда бифканад.

Дил гусаста дори аз бонги баланд,

Ранчаке бошад-ту озору газанд!»

Вакте ки Димна бо Шатраба сухбат меорояд, Шатраба шикоят мекунад, ки тамаъкори ва хомтамаъи моро ба водии саргум андохта, рохро аз хар су бароямон бастаанд, мисли занбуре, ки дар гулугохи кузача гофилбанд шуда мемонад. Занбур буйи асалро шунуфта маст мегардад ва рохи начоти худро намеёбад, то ин ки ба даруни кузача афтода нобуд мешавад. Рудаки хамин мазмунро чунин ифода мекунад:

Хамчунон капте, ки дорад ангабин,

Чун бимонад достони ман бар ин?!

Хушаш омад суйи нилуфар шитофт.

Капт ногах буйи нилуфар биёфт.

В-аз бари хушбуйи нилуфар нишаст,

Чун гахи рафтан фароз омад, бичаст.

То чу шуд дар оби нилуфар нихон.

У ба зери об монд аз ногахон.

С. Нафиси 22 мавриди (29 байт) рост омадани абёти Рудаки бо «Калилаву Димна»-и Абулмаъолии Насруллохро   кайд   кардааст.165

Устод Рудаки дар «Калилаву Димна» борхо тарафдори сулх, ороми ва ошти буданашро иброз медорад. Ба акидаи у, сухани ором душманро дуст мегардонад:

Он-к-ро донам, ки уям душман аст

В-аз равони пок бадхохи ман аст.

Хам ба хар гах дусти чуям-ш ман,

Хам сухан б-охистаги гуям-ш ман.

«Синдбоднома» маснавии дигарест, ки Рудаки дар бахри рамали мусаддаси максур сурудааст. Агар таърихи итмоми «Калилаву Димна»-и шоъирро 325/937 ва фавти уро 329/941 шуморем, метавон хадс зад, ки Рудаки шояд достони «Синдбоднома»-ро кабл аз маснавии «Калилаву Димна» ба назм дароварда бошад. Достонхои «Калилаву Димна» ва «Даврони Офтоб»-ро айни як асар ва ин ду унвонро номи як маснави пиндоштани И. С. Брагинский166 шояд хамин дар охирхои умраш офарида   шудани  достони  «Калилаву Днмна» – и  Устод  Рудаки бошад.

Возех намудани номи маснавии марбут ба Синдбоди Рудаки низ басе душвор ва, хатто,    гайримумкин аст, ки он чи бошад: «Синдбоднома» ё «Китоби Синдбод» ва ё «Киссаи Синдбод» ва гайра. Вале сарфи назар аз ин хама, «Синдбоднома»- и Устод Рудаки аз осори пурарзиши замон ба шумор мерафт. Ин асар достоне буд дар бораи шохзода ва хафт вазир,  ки  асли  он аз манобеъи  хинди гирифта шуда, ба насри порсии миёна, араби ва форсии нав даромада, аз ин асари  хамоси  факат  чанд  байт шеър  боки  мондаасту бас».167 Нахустин бор Паул Хорн соли  1897 дар асоси мушохидаи Т. Нёлдеке ба хулосае омада  буд, ки Рудаки осори «Синдбоднома»-ро низ назм карда будааст ва ин ду дар хакикат аз хикояти дувуми шаби чахоруми китоби «Алфа лайла ва лайла» мебошад:

Гуфт: «Хангоме яке шахзода буд,

Гавхариву пурхунар, озода буд.

Шуд ба гармоба дарун як руз гушт,

Буд фарбеху калону хубгушт…»

Соли 1966 донишманди точик Чумъабой Азизкулов тахти унвони «Муносибати «Синдбоднома»-и Захири бо абёти Рудаки»168 маколае мунташир намуда, ба тахкик овард, ки байтхои наклшудаи Рудаки ба хафт хикояти «Синдбоднома»-и Захирии Самарканди, ки соли 555 (1160) танзим гардидааст, баробар меоянд. Сипас, соли 1972, Ч. Азизкулов дар яке аз чаласахои «Солонаи Рудаки» гузориш дода, иброз намуд, ки алхол чихил байти «Синдбоднома» – и Рудаки маълум буда, чойи 18 байти он аник аст. Ч. Азизкулов абёти Рудакиро бо нашри танкидии «Синдбоднома»-и Захирии Самарканди, ки соли 1948 дар Истонбул ба эхтимоми эроншиноси турк шодравон Ахмади Оташ ба табъ расидааст, мукоиса намуда, ба ин хулоса омадааст. Ин хулосаи мухаккик бисёр мухим аст. Аввалин порчаи аз «Синдбоднома» пиндоштаи Т. Нёлдеке ва П. Хорн дар асл ба хикояти «Зани сохибчамол бо марди баккол» рост меояд, ки дар тахрири Рудаки чунин омадааст:

Он гурунчу он шакар бардошт пок

В-андар он дастори он зан баст хок.

Он зан аз дукон фуруд омад чу бод,

Пас фаларзангаш ба даст- андар ниход.

Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,

Кард занро бонгу гуфташ: «Ай палид!..

Дар «Синдбоднома»-и Захири мехонем: «..гушаи чодар бикшоду турунчу шакар баргирифту порае хок дар чодар баст. Чун кор ба анчом расиду  шугли  хилват  ба  итмом  анчомид, зан  батаъчил  аз дукон берун омаду рохи хона баргирифту чодар хамчунон баста пеши дехкон ниход. Дехкон гушаи чодар бикшоду нигох кард, кадре хок дид дар вай баста, гуфт: «Ай зан, хок мебинам!…» (с. 131).

Ч. Азизкулов се байти парокандаи зерини Рудакиро ба хам пайваст дониста, каробати онхоро бо хикояти «Гандапир ва марди чавон бо зани баззоз» гушзад менамояд, ки мо комилан бо у мувофик хастем:

То ба хона бурд занро бо дилом,

Шодмона зан нишасту шодком.

Пас шитобон омад инак пирзан,

Руй як су, кога карда хештан.

Андар омад мард бо зан чарб-чарб,

Гандапир аз хона берун шуд ба тарб.

Захири хикоятро чунин менигорад: «(Гандапир) аз ин туррахои мумавваху музахрафоти музаввар чандон эрод кард, ки зан бад-он рози шуд, ки дарвакт бираваду уро бибинад… Гандапир гуфт, ки то ман мутолаъа бикунам, ки дар хона хозир аст ё не, таваккуф кун. Пас ба наздики чавон рафту гуфт: «Мухайё бош вусули максуд вуруди матлубро». Он гох наздики зани баззоз рафту гуфт: «Хез, то бо толеъи саъду фоли фархунда ба наздики хаким равем.» Пас бар меъоде, ки нихода буд, ба хонаи чавон омаданду замоне гаму шоди гуфтанду бисоти мубосатат бигустарданду хичоби мучонабат аз миён бардоштанд. Ва чун соъате баромад, гандапир бо бахонае аз хона берун омаду хар дуро дар хона ба салвату халват бигзошт» (с. 252—253).

 Чунон ки мушохида мекунед, дар каробати порчахои мазкури Рудаки ва Захири шакке буда наметавонад.

Чунин ба назар мерасад, ки маснавии «Синдбоднома»-и Рудаки аз достонхои арзишманди ахлоки ва омузиши тадвин гардида, аз панду андарз шодоб буда, бо сабки оли нигошта шуда будааст. Сад дарег, ки ин хама ганчи башарият аз байн рафтааст! Аммо умедворем, ки бо саъю кушиши хамагон боз абёту порчахои нав ба нави Устод Абуабдуллох Чаъфари Рудаки хар чи бештар дастрас хоханд шуд. Шояд суроги   «Синдбоднома»-и     Хоча     Амид   Абулфавориси Фанорузи, ки соли 339/950 аз пахлави ба форсии дари гардонда шуда буд, низ пайдо гардад. Ай кош!

  1. «Даврони Офтоб». Аз чунин маснави доштани Устод Рудаки нахустин бор муаллифи «Фарханги Чахонгири» Мир Чалолиддин Хусайн Ибни Фахриддин Хасан Инчуи Шерози, ки фархангашро соли 1017/1608 ба итмом расондааст, хабар медихад: «Устод Рудаки дар китоби «Даврони Офтоб» гуфта:

Аз Хуросон парвази товусфаш

Суйи Ховар мешитобад шоду каш.

Мехр,  дидам, бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон суйи Ховар мешитофт.» 

С.Нафиси чунин достон доштани Устод Рудакиро рад мекунад. У аввал менависад: «Шояд он маснавии «Даврони Офтоб», ки «Фарханги Чахонгири» ба Рудаки нисбат дода, хамон тарчумаи манзуми «Синдбод» буда бошад ва ё ин ки баъзе хикояти «Синдбод»-ро Рудаки дар манзумаи «Калилаву Димна»-и хеш гунчонидааст. Дар хар хол, он чи мусаллам аст, ин аст, ки баъзе аз мазомину матолиби китоби «Синдбод» дар миёни ашъори бахри рамали Рудаки дида мешавад. Агар «Даврони Офтоб» ба чуз «Калилаву Димна»-ву «Синдбоднома» буда бошад, зохиран у се манзумаи бахри рамал доштааст». Баъд у дар «Такмила»-и асараш махсусан таъкид менамояд: «Дар сахифаи 427 ва 235, бинобар гуфтаи муаллифи «Фарханги Чахонгири» ва «Фарханги анчуманорои Носири» ин нуктаро овардаам, ки Рудаки як маснави ба исми «Даврони Офтоб» доштааст. Дар он мавкеъ мутаваччех набудам, ки ин нукта ба хеч вачх дуруст нест, зеро гузашта аз ин ки бисёр дур менамояд Рудаки номи яке аз маснавихои худро «Даврони Офтоб» гузошта бошад ва калимаи «Даврон»-ро, ки дар он замон чандон ройич набудааст, дар номи китобе ба кор бурда бошад ва таркиби «Даврони Офтоб» барои маснави муносибат надорад ва бештар бо китобе дар ахтаршиноси ё коиноти чавв муносиб аст. Шеъре, ки дар он чо шохиди калимаи «барваз» овардаанд, ба хамон вазни «Калилаву Димна»  ва  «Синдбоднома»-и  Рудакист. Далели  ин  иштибох ин аст, ки ин шеър:

Аз Хуросон барвази товусваш

Суйи Ховар мехиромад шоду каш.

дар   бораи   рафтани  офтоб   аз   Хуросон   (машрик) ба Ховар   (магриб)  аст ва пайдост дар китоби дигаре, ки марчаъи муаллифи «Фарханги Чахонгири» будаву муаллифи «Фарханги анчуманорои Носири» аз    он гирифтааст, дар садри ин байт чизе монанди ин тавчех: «Рудаки  дар  даврони офтоб,  яъне  барои сайру харакати офтоб гуфтааст» ва муаллифи «Фарханги Чахонгири» «Даврони Офтоб»-ро яке аз маснавихои Рудаки пиндоштааст».170 М. Занд «Даврони Офтоб»-ро бо «Синдбоднома»   як  маснави    медонад.171    Вале  А. Мирзоев дуруст гушзад менамояд, ки мавзуъи китоби «Даврони Офтоб» тасвири сайри офтоб ва масоили ба хамин алокаманд будааст, ки он ба мундаричаи достони «Синдбод» наздикие надорад.172

Мо бар он акидаем, ки достони  «Даврони Офтоб» маснавии чудогонаи Устод Рудаки, гайр  аз «Калилаву Димна»  ва  «Синдбоднома» буда, ин се маснави дар як вазн иншо гардидаанд.

Мавзуъи «Даврони Офтоб» сипехршиноси, чугрофия ва ё нучум буданаш хам чойи таъаччуб надорад,  зеро пизишки хамзамони Устод Рудаки -Хаким Майсарии Сугди асари худ «Донишнома»-ро доир ба тиб дар байни солхои 367—380 (977—990)  таълиф  кардаст, ки он хам ба назм буда, ховии 4500 байт аст ва, хушбахтона, акнун мунташир хам гардидааст. Ба андешаи мо, дар мавзуъхои илми   асархои манзум навиштан махз аз маснавии Устод Рудаки «Даврони Офтоб» ба хукми анъана даромадааст.

Факат чахор байти поёнро аз маснавии «Даврони Офтоб» шуморем хам, маълум мегардад, ки он дар вокеъ рочеъ ба харакати офтоб, мавкеъи чой гирифтани бурчи чавзо, ки номи точикии он «барра» зикр шудааст, аз хуршедбаро, яъне Хуросон ба тарафи Ховар, ки ба маънии машрик аст, шитофтани мехр, ки номи дигари офтоб аст, дар нимрузон, яъне нисфи руз, бар болои сар рост омадан ва бегохи- дар офтобнишин нопадид гаштанаш, яъне аз Хуросон ба Ховар (магриб) расида, аз чашмхо ноаён гардиданаш ва, хамчунин, дар фасли бахорон сабз гардидани чахон (руйи гети) сухан меравад:

Аз Хуросон парвази товусваш

Суйи Ховар мешитобад шоду х(в)аш,

К-Офтоб ояд ба бахшаш зи бара,

Руйи гети сабз гардад яксара!

Мехр, дидам,  бомдодон чун битофт,

Аз Хуросон суйи Ховар мешитофт.

Нимрузон бар сари мо баргузашт,

Чун ба Ховар шуд,   зи мо нодид гашт.

Ин байт хам, якин, аз маснавии «Даврони Офтоб» аст:

Ахтаронанд,  осмоншон  чойгох,

Хафт тобанда давон дар дуву дох.

Маънии байт он аст, ки ахтарон, яъне ситорахо, дар фалак чой гирифта, хафт тобанда, ки хафт сайёраи машхур (Мох, Аторуд, Зухра, Хуршед, Миррих ё Бахром, Муштари, Зухал ё Кайвон)-анд, дар гирди замин доимо чарх зада (давон буда), дар давоми як сол мувофик дар дувоздах бурчи фалаки чой гирифтанашон фаслу моххои солро баркарор мегардонад. Маънои «ду» равшан аст. Аммо «дох» шакли дигари «дах» буда, бо такозои вазну кофия чунин суратро гирифта, дар байти дигар ба сурати аслии худ (Хафт солор, к-андар ин фалаканд, — Хама гирд омаданд дар дуву дах) истифода шудаанд.

Устод Рудаки, бар замми ин се маснави, маснавихои дигаре хам доштааст. Аз байтхои парокандае, ки дар фархангхо ва китобхои таъриху адаб сабт шудаанд, маълум мегардад, ки у муаллифи шаш маснавии дигар будааст, ки ба чуз вазни онхо дигар аз мазмуну мухтаво, ному таърихи эчод ва хачмашон хеч чизи дигар маълум нест. Ин маснавихо дар авзони зерин суруда шудаанд:

  1. Маснави дар вазни мутакориби мусаммани максур, ки арконаш ба фаъулун/фаъулун/фаъулун/фаъул (У— — /У— —/У— —/У—) баробар аст. Аз ин маснави 43 байт дастрас аст. Мутолиаи амики байтхои мутафаррика моро ба хулосае мебарад, ки ин маснавии Устод Рудаки рамзи буда, ба фикри пажухишгари гурчи Давид Кобидзе, аз он ки зикри номхои хамосаи миллии Эрон «Шохнома», аз кабили Сом, Рустам, Достон ва Исфандиёр дар осори Рудаки дучор меояд, шояд ин достон дар мавзуъи «Шохнома» навишта шуда бошад. Вай факат метавонист, ки аз ривоятхои мардуми ва маъхазхои араби ё пахлави истифода барад.173
  2. Маснави дар вазни   хафифи   аслами   мусаббаг, ки арконаш ба фоъилотун (—У— —) мафоъилун (У—У—) фаълон   (— —)   мусови  буда,  аз ин маснави то хол 28   байт   маълум   аст.   Маснави   соли   311/923   суруда шудааст:
  3. Маснави дар вазни хазачи мусаддаси максур, ки рукнхояш баробар аст бо мафоъилун/мафоъилун/мафоъил (У— — — /У— — —/У— —) Аз ин маснави то имруз 13 байт ба даст омадааст.
  4. Маснави дар вазни музореъи мусаддаси махфуз, ки рукнхояш ба  мафоъилу   (У— —У)   фоъилоту (—У—У)  фаъулун  (У-— —) рост меояд. Аз ин маснави хамаги се байт дар даст аст, ки дар зер сабт мегарданд:

Чавони гусасту чиразабони,

Табъам гирифт низ гарони.

Ва:

Ай булбули хушово, ово дех,

Ай соки, он кадах бо мо дех!

Ва боз:

Бо сад хазор мардум танхои,

Бе сад хазор мардум танхо не!

Абёти    сабтшуда гувохи    онанд, ки    ин маснавиро Устод Рудаки дар пиронсоли навишта, дар он ба масоили  ахлок  дахл   намуда,  дар   мавзуъхои   хуш  гузарондани вакт,   ганимат шумурдани    зиндаги  ва  хедонизм андеша ронда будааст.

  1. Маснавии вазни сареъи матвии мавкуф, ки аркони муфтаъилун /муфтаъилун/фоъилон (—УУ—/ —УУ—/—У~)-ро доро буда, аз он се байт бокист:

Чомаи пурсурати дахр, ай чавон,

Чирк шуду шуд ба кафи козарон!

  1. Д.Кобидзе. Рудаки (ба забони гурчи). Мачмуаи «Рудаки», Тбилиси, 1957.

Ранг хама хому чунон печутоб,

Мунтазирам, то чи барояд зи об!

Ин   маснави  хам   аз  масоили   ахлок  сиришта гардида, бо панду андарз оро ёфта будааст:

Лукмае аз захр зада дар дахан,

Марг фашурдаш хама дар зери ган.

  1. Маснавии хазачи мусаддаси ахраби макбузи махзуф, ки рукнхояш бо мафъулу (— —У) мафоъилун (У— — —) фаъулун (У— —) баробар аст. Ин маснави низ аз киссахои рамзи иборат аст:

На кафшгари, ки духтасти,

На гандуму чав фурухтасти.

Хочи Халифа дар «Кашф-уз-зунун» кайд мекунад, ки «Ароис-ун-нафоис» – форсиюн манзумун ли Фаридаддин Абуабдуллох Мухаммад Ар-Рудаки аш-шоъиру мин нудамои ал-малик Наср Ибн Ахмад ас-Сомони», яъне «Ароис-ун-нафоис» манзумаи форсист аз Фаридуддин Абуабдуллох Рудакии шоъир — аз надимони малик Наср ибни Ахмади Сомони».174

«Ва пайдост, ки Хочи-Халифа худ ин манзумаро надидааст, зеро ки одати уст, ки хар китоберо дида бошад, чумлаи нахустин ё байт ё мисраъи аввали огози онро меоварад ва ба хамин чихат ба хеч вачх макдур нест маълум кард кадом як аз ин шаш маснавиро ном «Ароис-ун-нафоис» будааст».175 С. Айни, Е. Э. Бертелс ва М. И. Занд бо истинод ба Хочи-Халифа сохиби чунин достоне будани Рудакиро эътироф мекунанд. Аслан, номхои «Ароис-ун-нафоис» ва «Тавоиф-ул-латоиф»-ро хануз Мухаммади Авфи зикр менамояд: «Яке аз чуххол дар назми у таъна карду «Ароис-ун-тафоис» ва «Тавоиф-ул-латоиф»-и уро тазйике намуд. Низомии Арузи ин байт дар хакки у иншо кард:

Ай он ки таън карди дар шеъри Рудаки,

Ин таън кардани ту зи чахлу зи кудакист!

Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар чахон

Сокибкирони шоъири Устод Рудакист!» 176.

Ба фикри С. Нафиси, Устод Рудаки шояд манзумаи маъруфи «Ардовирофнома»-ро,  ки  оид ба меърочи Зардушт ба забони пахлавист, низ назм карда бошад.177 Дар хамин хусус у боз менависад: «Окои Мухаммад Дабири Саёки дар кисмати чахоруми маколоте, ки пеш аз ин бад-он ишорате рафт, мегуяд: «Мархум Деххудо ин байти Рудакиро «Чор гунда, карбаша бо каждумон — Хурд эшон пусти руйи мардумон» аз «Ардовирофнома» — манзумаи маъруф дар акоиди зардуштиён ба забони пахлави медонистааст ва агар ин нукта мухаккак шавад, метавон гуфт Рудаки «Ардовирофнома» — ро низ ба шеъри дари дароварда будааст».178 Мутаассифона, ин масъала хамоно номакшуф аст.

Тамоми маснавихои Рудаки дорои чанбаи ахлоки буда, дар онхо ба гайр аз панду андарз мочарохои ишки, хикоятхои пандомуз, саргузаштхои бихрадону доноён ва ашхоси бузург, кору бори дехконон, кишоварзон, точирон ва ахли хунар, хикоёти хайвоноту хашарот, макри занон, базм (Яке базми хуррам биёростанд, — Маю руду ромишгарон хостанд), манзарахои бахор (Дурахш ар нахандад ба вакти бахор, — Хамоно нагиряд чунин абр зор), разм (Расиданд зи шахи Чиндон фароз, — Сипах хайма зад дар нишебу фароз), шархи ахволи муаллиф (Чавони гусасту чиразабони, — Табъам низ гирифт гарони), тамсилхо, латифахо, мутоябахо ва амсоли инхо фаровон будааст, ки инро аз абёти парокандаи бокимондаи онхо низ метавон пай бурд:

Бихиштойин сароеро биёрост,

Зи хар гуна дар у тимсолхо сохт.

Зи уду чандал уро остона,

Дараш симину заррин поликона.

Ин ду байт шаходат медихад. ки маснавии бахри хазачи Устод Рудаки киссахои рангини «Хусраву Ширин», «Юсуфу Зулайхо» ва ё шабехи онхоро фаро мегирифтааст.

Хулласи калом, Устод Рудаки чандин маснави эчод карда, дар ин чода низ аз саромадони ин навъи адаби будааст. Аксари пажухишгарони эчодиёти Рудаки акида доранд, ки у муаллифи нух маснави мебошад. Аммо Абдурахмон Тохирчонов ба хулоса омадаст, ки алхол Устод Рудакиро гуяндаи понздах  (15)  маснави шумурдан  мумкин   аст,  ки   аз  инхо  иборатанд:   «Калилаву Димна», «Синдбоднома», «Даврони    Офтоб», «Ардовирофнома»,   «Точ-ул-масодир»,   «Лугати   тачнисоти   араби ба форси»,  «Ароис-ун-нафоис»,  «Тавоиф-ул-латоиф», як маснави рочеъ ба нучум ва як   маснавии дигар рочеъ ба мавзуъи дигар, ки хар ду дар бахри музореъ суруда шудаанд. Достоне, ки дар вазни мутакориб танзим гардида, аз чихати мазмун хамосави мебошад    ва боз ду маснавие, ки дар шохахои гуногуни бахри хазач навишта шуда ва як маснави дар бахри сареъ иншо гардидааст.  Вале маснавии «Вомику Узро»,  ки онро ба калами Устод Рудаки мутааллик медонанд, аслан иштибох буда, чунин    маснавиеро Устод  Рудаки нанавиштааст».

Хамин тарик, Устод Рудаки нахустин суханвари бузурги форсизабон будааст, ки бо камоли устоди ва чамоли махорат анвоъи гуногуни шеърии аз чихати мундарича рангоранг ва гани офаридааст. Достонсарои, газалнависи, касидапардози ва рубоъигуиро дар адабиёти форсу точик бар пояи устувор гузоштааст, ки то имруз эътироф карда мешавад. 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …