Главная / Илм / МАРВОРИД дар Канзи Шифо (Китоб)

МАРВОРИД дар Канзи Шифо (Китоб)

marvorid-660x330Ин гавхари машхур аст, ки аз шиками навъе аз садаф бармеоваранд. Марворид дар хачм гуногун аст: майдаи он аз тухми кукнор резатар ва калони он то микдори тухми гунчишк ва банудрат ба андозаи тухми кабутар низ ёфт мешавад ва то алхол ба вазни то 14 граммаш мавчуд ва маълум мебошад. Гуфтаанд: бехтарини он сафеди обдори софи ялаккосии кулулаи галтони бахрайни, хурмузи ва уммонии он аст. Баъд аз он сурохи (шишаранги), ки бо сифатхои номбурда аст; ва шаклхои дигари обдори сафеди ялаккосии он аз он пасттар аст; зард ва сиёхи беоб ва бисёр резаи он бекора мебошад. Дар бахри чазираи Сейлон ва чазирахои дигари монанди Биразил аз арзи чадид (нав кашфшуда)-и арзи чануби, ки на саро ба наздики ба даст овардаанд ва гайри он чо низ ба хам мерасад.

Дар Муршидобод ва Хавзаи Об ва дигар бахрхо низ марворид ба хам мерасад, лекин бисёр резаи зардранги носара аст. Ахёнан донахои бузург ба андозаи нахуд ва нихоят то 1,4 грамм дар вазн ва моил ба сурхи бармеояд. Он дар хакикат мобайни хайвон, растани ва санг аст. Сангията он бар хама голиб монанди подзахри хайвони ва садафи он хайвонот аст, ки дар зери бахр зиндаги ба сар мебарад, монанди растани реша дорад ва сиёхранг, ки дар байни сангхо ва сангрезахои каъри бахр банд менамоянд ва батадрич калон мешавад.

Хангоми гуруснаги дахан, яъне ду садафи худро мекушояд; мохиёни реза, кирмхо ва чизхои шилмаки зери бахрро, ки он чи дар даруни он меоянд, гизои худ месозад. Харчанд ин махлук бузургтар гардад, решаи он кавитар ва садафаш калонтар, сафед ва ялаккоси мегардад. Марворид дар миёни он кариб ба дили он пайдо мешавад. Ва мегуянд, ки вай то хадди муайян калон мегардад ва агар гаввосон он марворидро аз даруни он барнаоваранд, бо мурури вакт боз гудохта шуда, бархам мехурад. Дар чойхое, ки зери дарё аз хоки соф иборат бошад, марвориди хуб ба камол мерасад ва харчанд санглохтар бошад, бехтар мешавад.

Он чи ривоят аст, ки гуё вакти боридани борони найсон садаф руйи об омада, дахани худро мекушояд ва катраи борон дар он бичакад, аз он марворид хосил мешавад — тамоман беасос аст. Мизочи марворид дар охири дарачаи дувум сард ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: хусусиятхои умумии он: фарахбахшанда, ракиккунанда (суюк), кувватбахши узвхои ботин, афзункунандаи кувватхои нафсони, ки манбааш майна аст; куввати хайвони, ки манбааш дил аст ва куввати табии, ки манбааш чигар аст, инчунин, кувватбахш ба руххои бадан, ки манбаъи инхо низ хар се узвхои номбаршуда мебошанд. Марворид дар хислати фарахбахши кавитар аз тилло аст ва ба тамоми узв ва кисмхои бадан нуфузкунанда мебошад.

Агар соидаи инро бихуранд, хун кай кардан ва хар гуна хунравихоро манъ мекунад; васвос, девонагихои гуногун, бадбуии дахан, дамкутахи, хамаи навъхои дилтапак (дилбози), хавф, хузн ва тарс аз бисёр гаштани моддаи савдо дар майна, беморихои дил, сустии меъдаи гарммизочон, инчунин, сустии чигар ва гурдаро дафъ мекунад; гиреххоро дар узвхои бадан мекушояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; зардпарвин ва сузиши пешоб (сузок)-ро дафъ менамояд; исхоли хунин ва сафровиро банд мекунад, инчунин, хуни бавосир ва хайзро хам манъ месозад.

Оберо, ки дар он марворид хал карда шуда бошад, дар бини бирезанд, дарди сарро, ки аз рехтани мижгонхои чашм ба амал омада бошад, дар мартабаи аввали нушидан шифо мебахшад. Марворидро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм, шилпуки, торикии чашм, гули чашм, пардан дудмонанди ба чашм афтода, тираги ва захми онро шифо мебахшад.

Махлули марворидро ба чашм бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад, ба чашм кувват мебахшад, сихати чашмро нигох медорад. Агар инро ба дандонхо бимоланд, милки дандонро кави мегардонад ва дандонро аз чирк пок мосозад. Махлули марворидро занхо аз таг бардоранд, хомила шуданро манъ мекунад. Марвориди гайримахлулро бимоланд, догхон кунчидак, доги сафеди пуст, доги махав ва гайраро пок мекунад. Вале махлули онро бимоланд, песро дафъ месозад — ин ба кавли Арасту аст.

Куфтаи онро бипошанд, аз узвхои беруни хун равон бошад, катъ мегардонад; ба захмхо бипошанд, онхоро ба хам оварда сихат мебахшад. Инро бихуранд ва бимоланд, захрхои хурдашуда ва аз газидани мору каждум бошанд, дафъ мекунад. Марворидро ба худ биёвезанд, дилро кувват мебахшад. Дар дахан нигох доштани он барои махав фоида дорад, гам ва сустии дилро бархам медихад. Истеьмоли марворид ба дарун ба кавле барои хичак зарарнок аст, давои ин марчон хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз марворид дар як руз то 2,25 грамм аст. Ба чойи ин садафи сафедро истеъмол намоянд, равост.

Огох намоем, ки марворид аз расидани равган, буйи бад, чирк ва дуд бадранг ва бекора мегардад. Шустани он дар обе, ки биринч пухта бошанд, нимгарм ё оби биринч тар карда шударо бимоланд, онро соф мекунад. Ва ё агар ранг ва хислати марворид вайрон шуда бошад, ба кабутар ва мург бихуронанду баъди каме фурсат онро кушта, аз шикамаш берун оваранд, низ соф мегардад. Тарики хал (махлул) кардани марворид чунин аст. Инро соида, дар шиша андохта, аз болояш то пурра пушонидан оби турунч бирезанд, дахани шишаро махкам намуда, дар зарфе, ки дар он сирко бошад, муаллак биёвезанд, баъд он зарфро дар саргини асп то 14 руз гур кунанд, инак хал хохад шуд. Баъзе мутахассисон гуфтаанд, ки бар болои сирко овехтан шарт нест, балки худи хамин дар саргин гур кардан кифоя мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …