Главная / Илм / МАРГ

МАРГ

margМАРГ (Exanimatio), ачал, фавт, бебозгашт катъ гардидани фаъолияти организм, зинаи охирин ва ногузири хаёти хар як фард. Дар одаму хайвоноти олиташаккул катъи амалиёти хаётан мухим (нафаскаши, гардиши хун) дархол боиси ихтилоли бебозгашти сохти хучайраю бофтахо намегардад. Катъ гаштани чараёни мубодилаи моддахо ва ихтилоли узву бофтахои гуногун якбора фаро намерасад, яъне хамаи кисмхои организми серхучайра дар як лахза нобуд намешавад. Чунончи, баъзе узвхои аз организми маит гирифта фаъолияти худро дар мухити махсус тулони нигох медоранд (баъзе узвхои шахси фавтидаро ба одами зинда пайванд кардан махз ба хамин усул асос ёфтааст). Муддате ки дар давоми он баъзан реаниматсияи организм имконпазир аст, мафхуми «марги клиники»-ро ба вучуд овард. Марги клиники фосилаи вактест, ки дар давоми он фаъолияти хучайрахои асабро баркарор кардан мумкин аст. Ин хучайрахо ба норасоии оксиген, ки дар натичаи ихтилоли нафаскаши ва гардиши хун (мас., хангоми гарк шудан, буги кардан, аз кор мондани дил дар вакти чаррохи, дар натичаи инфаркти миокард вайрон шудани фаъолияти дил ва г.) ба вучуд меояд, хассосияти бештар доранд. Мухлати миёнаи давраи М.-и клиники аз 2 то 6 дак. буда, баъди он М. – и биологи фаро мерасад. Баробари фаро расидани М.-и биологи организм ба часад табдил ёфта, ихтилоли сохти бофтахо огоз меёбад; моддахои мураккаби органикии организм ба пайвастхои нисбатан соддаи органики ва гайриорганики таксим мешаванд. Тачзияи моддахои мураккаб ва ихтилоли сохти хучайраю бофтахо аз таъсири ферментхои худи организм ва ферментхои бактерияхое, ки микрофлораи организмро ташкил медиханд, ба амал меояд.
М. табии ва патологи мешавад. М. – и табии дар натичаи фанои табиии фаъолияти организми тадричан пиршаванда фаро мерасад. М. – и патологи бинобар таъсири бемахали ягон омили зарарнок (бемори, фалокат) руй медихад. Азбаски одам нисбат ба имкониятхои физиологии организми худ хеле камтар умр мебинад, амалан хама гуна М.-ро М. – и патологи мехисобанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …