Главная / Гуногун / МАРДЕ АЗ АХЛИ ВАФО

МАРДЕ АЗ АХЛИ ВАФО

Руи мизи «П» монанд лабрези нуклу нушоки буду буи фораме ба машом мерасид. Буйхои гуворо мавч зада ба хам мепечиданд ва аз ин сари кас чарх мезад.

– Ако, як дуо медодед. Аввалан бузургон фармуданд:

Бе пир марав, ки дар бимони,

Харчанд Сикандари замони.

Сониян бе дуо, бе панди шумо маъракаро сар кардани ман аз руи одоб нест.

Ва Ако бо хамон кадду комати боло, сару либоси воло, чехраи зебо, нигохи нурполо аз чой мехезад. Як– як ба нишастагон менигарад. Аз тамоми вучудаш гуё нур медамад ва хозирон хар як тораи он нурро бо тамоми хастиашон чабида мегиранд. Ако бо забони буррову ширин, пухта ва суфта дуо медихад. Ва маърака огоз меёбад.

Бале, ягон маъракаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон бе дуои Ако – Абдучаббор Ваххобов – ёрдамчии Раиси кумита огоз намеёбад. Вокеан, агар у кайхо бобо шуда бошад хам, хама «Биёед Ако», «Ёри дихед Ако», «Фалон карорро ёфта дихед Ако», «Хамина тарчума карда дихед Ако» гуён мурочиат мекунанд.

Ба яке сухан доданд. У гуфт, ки имруз ин аст ва  бигузор, ки хар рузи мо хамин хел бошад. Ба кавли Мавлави:

Ид омаду ид омад, рузе ки расид, омад!

Идона фаровон шуд, то бод чунин бодо!

Яке аз нишастагон ба вачд омада гуфт:

– Ба дахонаш Ако туф кардаги.

Ако хандид. Мисли кудак самимона ва завкида хандид.

Маърака авч мегирифт. Гулсухан меборид. Орзухои нек меборид. Мераксиданд, хурсанди доштанд. Табъи Ако нихоят чок буд, дар лабонаш ханда, дар чехраашон табассум гул мекард. Дилашон ба хаячон омада, тугён мекард.

 

*       *       *

 

Он руз табиат дар дехаи Калъаи Дусти нохияи Гончи , ки зери осмони кабуд, дар домани куххои сарбарфалаккашидаи барфпуш, дар ихотаи арчазорон чойгир аст, дар рахшандагию кашанги хамто надошт. Хама дар амалу дар тараб. Ва ба хамаи ин 8–уми март – иди занон нуру зиёи тоза эхдо мекард. Ва дар хамин рузи саид дар кулбаяке Оча ном зане дард мекашид. Нахустфарзанди у бояд ба дунё меомад. Чавонмарде паси дар буду хаячон гулугираш. Аз зурии хаячон дилаш гуп– гуп метапид. Халкаш кок, нафас дар гулуяш мепечид. Дар во гашт. Як кад парид. Аз дар доя баромад.

– Чаро гиря?

У лаб во карда натавонист. Доя хам чавоби уро интизор нашуда, ким– чи гирифту саросема гашта ба хона даромад.

Ва чавонмард боз бо хаячону изтиробаш танхо монд. Вай ба само дида духт ва бо овози баланд гуфт:

– Худоё, дардашро сабук кун!

Ва хастиаш гуё ба як пора илтичо табдил ёфта буд. Овози гиряи кудак уро ба  худ овард. Ва хамзамон овози доя ба гушаш расид.

– Писар!

Дар лабони чавонмард, ки падар шуда буд, табассум гул кард.

Тифлро, ки Абдучаббор ном ниходанд куллахои осмонбуси сарбафалаккашида, чашмасорони шух, фазои бегубори диёр ба огуш гирифт. Модар шири сафед дод, падар панди бузургвор. Тифл лаззати чор бахорро чашида кадам ба  бахор панчум мениход, ки чанги хонумонсуз сар шуд. Падар, ки комиссари харбии нохия буд, рузи авали чанг ихтиёри ба хифзи Ватан рафт. Дар деха мард намонд. Занону кудакон ба чои онхо шабу руз мехнат мекарданд.

«Хама чиз барои фронт! Хама чиз барои галаба!» Ва одамон вокеан хам барои галаба хеч чизро дарег намедоштанд. Дар он миён модари у хам бедарег захмат мекашид.

Ба кудак гуруснаги дуст шуд. Дусти чони. Лахзае аз у чудои надошт. Ох, чи дусти берахм! Меъдаашро ба дард  меовард, мадорашро мечабид. Дам ба дам дилаш бехузур мешуд. Сараш чарх мезад. Имруз нон нахурдааст. Хар руз модар ба у як пора нон медод. Чашми  субх кушода нашуда ба магоза мерафту бо нон бармегашт. Вале имруз бе нон баргашт.

Субхи рузи дигар хам модар баргашт, аммо кани нон?! Маълум шуд, ки у карточкаи нонро гум карда, аниктараш кадом беинсофе дуздидааст. Каме картошка доштанд. Модар онро гур карда монда буд. Онро кушоданд. Картошка чо ба чо пусида буд. Хамон бегох вай ба сар то пои модар бо диккат зехн монд. Дарёфт, ки модар худро нихоят гирондааст. Чехрааш тира, лабонаш парсин баста. Руяш дар офтоб сухта, пуст партофта. Хар чо – хар чои кафи дасташ яра шуда. Куртааш ранги аслиашро  гум карда. Вай тани кучаки худро ба модар чафс кард. Модар сари уро ба сандуки синаи логараш чафс намуд, сила кард.

– Оча!

– Чони оча.

– Немис чи мехохад?

– Мехохад одамонро кир кунад, тамоми дунёро гирад.

– Чи, вай зур–ми?

– Ха, зур…

– Набошад одамонро кир карда, тамоми дунёро мегирад?  –  бо андуху гам пурсид бача.

– Не, наметавонад.

– Чи хел?

– Чунки зурба бо зур хаст. Давлату халки мо зуртар. Галаба аз мост. Зеро мо кувва дорем…

– Кувва? Ин чи хел кувва?

– Ин кувва ишки поку самими ба Ватан  аст, –  чавоб дод модар ва писарашро ба огуш гирифта, илова намуд:

– Пас аз шоми тира субхи босафо медамад.

Малоикахо омин гуфта буданд, ки гапи модар шуд. Субхи босафо даррасид. Чор сол гузашту чанг анчом ёфт. Вале падари уро бо худ бурд. Абади бурд.

 

*       *       *

 

Чанг кудакии Абдучабборро хам рабуд. Вай дигар кудак набуд. Мард буд у. Ва ба китфи кучаку логараш гаму гуссаи рузгор бор шуд. Он касонеро, ки «оху вох» мекарданд, бад медид, ба онхо нафрат дошт. Вай ба оянда эътикод ва боварии том дошт. Аз ин ру аз мушкилихои хаёт ва носозихои замона харгиз афсус намехурд. Тухми мехнат дар дили худ кошта буд. Вай тез ба шикасту рехти рузгор дил баст. Лахзае фориг набуд. Мактаб, хона, сахро ва боз мактаб. Дили модар месухт, обу адо мешуд. Чанд кас маслихат доданд, ки шавхар кунад. Вале у хаёли шавхарро ба сар чо намедод. Ба «дилсузон»– аш катъи мегуфт:

– Ин хонаву дар накхату накши Ваххобро дорад ва шахси бегона метавонад онро барбод дихад.

Ва у писарашро солиму бардам ба воя расонд. Ва инак дар дасти писар номаи камол. Модар гуфт, ки: «Ба Душанбе рафта хонданатро давом дех». Вай рози нашуд. О, дар оила ягона мард аст. Чи хел дилаш мешавад, ки модар ва ду хохарчаашро партофта ба шахри дур биравад? Чун дид, ки дили модаре, ки ба чон дусташ медорад пургаму чашмонаш пурнам шуд, чора чуз ин надид, ки рози шавад. Дуои хайри модар ва  дустонро кабул намуда ба Душанбе рафт. Рафту бо сари баланду руи сурх баргашт. Модар  дарвозаро шитобону ашкрезон кушод.

– Писаракам, нури дидаам! – Модар уро ба огуш гирифт. Рую муяшро бусид. Шукр кард, ки дида ба дидор расид. О, дар 17 сол бори нахуст писарро ин кадар дуру дароз надида буд. Писар нагуфт, ки азоб кашид, захри нокасон чашид. Вале хастии у фигон дошт.

Тифлию домони модар хуш бихиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем…

Модар меболид. Ба   хаёли у  хамаи одамони деха ба суи вай бо хавас менигаранд.

 

*       *       *

 

Вай ба хондан чун пашша ба шира часпид. Зеро медонист, ки:

Точи сари чумла хунархост  илм,

Кулфкушои хама дархост илм.

Хамин, ки дари китобхонаи ба номи Фирдавси кушода мешуд, вориди он гашта то пушида шуданаш машгули мутолиа мешуд. Вай мехонду мехонд, харгиз хаста намешуд. Вале хамин, ки хастагиашро хис мекард, тез ба кори чисмони машгул мегашт.

– Олим мешавад! – нидо медоданд хамкурсон.

Ин нидо хавас хам дошту писханду рашк хам. Не, у олим нашуд, вале одам шуд. Пас аз хатми донишгохи Давлатии Точикистон чун як тоифа шахсон чои гарм накофт, лукмаи серравган нахост, ба хар коре ки равонаш карданд, рафт. Аз паи рохат нашуд, бештар захмат кашид. Гам хурд. Гами дигарон. Чигар хун кард. Ин буд, ки кимат ёфту кадраш афзуд. Бахори соли 1971 Чанобиддин Лафизов мудири корхои Совети Вазирони РСС Точикистон ба хукумати нохияи Ленин омад. Ва уро, ки инструктори хукумати нохия шуда кор мекард, ба наздаш хонд. Тарсон – тарсону дар сар хазору як фикру хаёл рафт.

– Натарс! – гуфт Чанобиддин Лафизов. – Ман омадам, ки туро барам.

– Ба кучо?

– Ба кор, ба Шурои Вазирон.

Вай лахзае гаранг шуда монд. Сипас худро ба даст гирифту охиста лаб ба сухан во кард:

– Ман хашт фарзанд дорам. Ба онхо хона, богча лозим. Ба Шурои Вазирон гарон намеафтад?

– Не, ба хукумати нохияи Ленин гарон меафтад. Хукукшинос, ташкилотчи, журналистро ба даст медихад. Ха, як нохия бой медихад, вале зиёда аз 50  нохия бурд мекунад.  Кадомаш бех?

«Не» гуфтанро эб надид. Охир «не» гуфтан нописандию ношукри мешуд.

Абдучаббор Ваххобов бист сол дар дастгохи Шуров Вазирон захмат кашид. Ба хамаи шахру нохияхои Чумхури рафту омад дошт. Ба хар кучое, ки мерасид, хуш мепазируфтанд, зеро дар чашмаш нури хирад ва дар суханаш фасохат медиданд. Ва хар чи, ки у мегуфт, кабул мекарданд, зеро ки бечо сухан намегуфт, хар чи, ки мегуфт, пухта  буду суфта.

Дар баробари ин, чун занбури асал баду некро   зарра– зарра чамъ оварда, дар намуди маколаю очеркхо дар рузномаву мачаллахо ба чоп мерасонд. Баъд китобаш «Шурохо ва бозсози» чош шуд, ки он хамчун дастури амали дар фаъолияти органхои махаллии мамлакат, барои баланд бардоштани дарачаи корхои оммави – ташкили, маданияти коргузори, шаклу услубхои рохбари ба кори сохахои хочагии халк, тарбияи кадрхо то имруз ахмияташро гум накардааст.

Соли 1991  Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон таъсис ёфт. Ва уро ёвари Раиси кумита таъин карда гуфтанд:

– Шумо он чо чун обу хаво зарур!

 

*       *       *

 

Дил мекашад по меравад. Аксар касоне, ки назди Раис даромадани бошанд, аввал ба утоки у  медароянд.

– Димоги раис читу?

Агар чавоб «чок» бошад, хурсанд, «хафа» бошад, зику дилтанг мешаванд.

– Эх, кор чаток гуед?! Кори зарур, хал кардан лозим буд.

Илочи вокиа кабл аз вукуъ бояд кард,

Дарег суд надорад, чу рафт кор аз даст.

Ва у ки одати «не» гуфтан надорад, медарояд. Раис хам волозавк. Зарифтабъонро дуст медорад.

­­– Харду як чуфт муза!

Он хама базлахои намакинашон факат барои дилхуши набуда, дар хазлу шухии бамаврид чавхари аклу тамиз ва одамият нихон аст.

 

*       *       *

 

Кобилияти Ако ба панч навъ аст: эчодкори, ташкилоти, дилёби, суханрони ва накуи. Ин мисрахои Шайх Саъдиро мароми зиндаги карор дода, доим ба дигарон гушрас мекунад:

Ба даст овардани дунё хунар нест,

Якеро гар тавони, дил ба даст ор.

Хатто хастии у ба дилхо умеду ба дидахо  нуру зиё мебахшад. Худ месузаду рохи ахли механро  равшан ва зиндагиашро пурнур мекунад. Кариб хар руз як ё ду бор ба утоки кормандон бо чехраи шукуфон ва чашмони аз шоди баркзананда ворид мегардад. Ва дасту дили онхоро ба кору зиндаги гарм мекунад.

Шамс чун пайдо шавад, офок аз у рушан шавад,

Мард чун донно шавад, дил дар бараш дарё шавад.

Як руз агар уро набинанд, бекарор мешаванд. Ва хамин, ки уро диданд, чун гул мешукуфанд.

– Э Ако, кучо будед? О, аз зики кафидем–ку!

– Ако даратонро чанд бор кашидам, руст буд.

Утоки кории у  хамеша серодам аст. Касе, ки ба он гамгин ворид мегардад, шоду мамнун мебарояд.

– Бовар кунед, –  мегуяд Иктисодчии хизматнишондодаи Чумхури Хайрулло Сулаймонов, –  агар дар хамёнаш як сомони дошта бошад хам, сарфи дуст мекунад.

– Бе дуст, –  мегуяд Ако, –  зиндаги маъно надорад. Харчи дорам фидои дуст ва  харчи дорам боз дуст. Чон бодо фидои дуст!

 

*       *       *

 

Хар касе, ки як рах бо Ако мулокот менамояд, хатман итминон хохад ёфт, ки у мухлиси чонфидои адабиёт аст.

– Коми Акоро ба шеър бардоштаанд, – бо ифтихор мегуянд хамкорон.

Кудакии у бе ранчу машаккат нагузаштааст. Хушию хурсанди ва саодати кудакиро начашидааст. Аммо бо туфайли панди модар, чавхаре, ки аз падар гузаштааст ва бо тарбияи устодон ба рохи дурусти зиндаги кадам гузошта, то ба шохрох расидааст. Аксари шабхо модар ба даст китоб гирифта, ба у   шеърхо мехонд. Ва шояд хамон шабхо дар калби у тухми мухаббат ва адабиёт кошта шуда буд.

Дар забони у доим шеър аст. Хар як суханашро бо шеър зеб медихад. Хар як каломашро бо шеър оро медихад. Ако бо хаячон мегуяд:

– Гуш кунед, ки Шайх Саъди чи гуфтааст.

Ё ки:

– Бах– бах, ки байти Бедилро бишнавед.

Дустонаш мегуянд, ки:

– На хар сухандон ба дасти у об рехта метавонад.

Бале, у ёвагуй нест, сухангуй аст. Бисёр медонаду кам мегуяд. Ва он мегуяд, ки ба кор ояд. Ва хар чи мегуяд, ба андеша ва рост мегуяд.

– Сардсухан мабош, ки сухани сард душмани зояд, –  мегуяд Ако.

Суханхое мегуяд, ки касро ба кори хайр, ба рохи нек хидоят кунад. Ва боз мегуяд:

Гар сухан гуйи, зи анчоми сухани андеша кун,

Ё зи ахли нуктадони анчуман андеша кун!

Ако ба андеша меравад ва боз лаб ба сухан во мекунад:

– Гохо як сухани хуш кофист, ки дилхо пур аз суруру табъ болида гардад. Сухани хуш бехтарин давову дармон аст.

 

*       *       *

 

Ин марди ачиб ва начибро як рабту низоме амри вочиб гашта. Кам хурок мехурад ва аз се кадах зиёд май наменушад. Ин «режим»– и уро хазорон таклифу гиред– гиред, садкаву банда шудан ва ё  тахдиди «риштаи дустиро меканам» дигар карда наметавонад.

– Хама чиз меъёр бояд дошта бошад, –   мегуяд Ако. – «Андоза нигах дор, ки андоза накуст!» –  гуфтаанд.

Вай бо ки нишастан ва меъёри нушиданро нагз медонад. Ва бисёр вакт ин байти машхурро хотиррасон мекунад:

Гар май бихури, бо хирадмандон хур,

Ё бо санами лоларуху хандон хур!

 

*       *       *

 

Бо як шиносам ба чанозаи хешаш рафтам. Он чо Акоро дидам. Ашк мерехт. Чигараш кабобу дилаш об.

– Маит хеш аст?

– Не.

– Шинос?

– Не.

– …?

Вай охи сард кашиду ба осмон, ба абрхои сиёх чашм духт ва охиста бо овози пур аз хузн гуфт:

–  Пас аз марг ба мурдаи худ гириста натавони.

Бо дахшат ба у нигох кардам. Ва дилам чун хезуми тар ба  сузиш даромад.

 

*       *       *

 

Ба утоки Ако сардои раёсат – чавони хурдакаки сиёхчашму сиёхабру ворид гашт. Гамгин буд. Чун хамеша салом дода ахволпурси анкард. Хомушона когазеро ба у дод.

– Ин чи?

– Ариза… Ха, аризаи аз коррави. Ба раис дихед,ки тез имзо гузорад. Дигар як руз дар ин чо намеистам.

Маълум шуд, ки бо чонишини раис гапаш гурехтаасту аз кор рафтанист. Ба насихати Ако гуш надода, аспи чахлро махмез мезад. Лахзае хомуши ба миён омад. Ако ба руи чавон менигарист, чавон ба пеши пояш.

– Ту бояд худро хушбахт бихисоби, – яхи хомуширо шикаст Ако.

– Хушбахт? – хайрон шуд  чавон. – Хушбахтии ман дар чист?

– Аввалан дар он ки чор ишкелат бутун, сониян кори ба халк зарур дори…

«Дар суханхояш хакикат аст» – гуфт дар дил чавон ва ба у дида духт. Чехраашон лабрези мехрубони. Ва омехтаи латифию дилорои. Ба худ икрор кард, ки: «Бале, у хирадманд аст!»

Дар калби чавон пушаймони ру зад. Ва у аз аспи чахл фуруд омад. Чавонро он шаб хоб набурд. У тамоми шаб дар бораи Ако, суханхои у фикр кард. Чи аблахи, ки аз бахт ру мегардонад. Вай хис кард, ки ба мочарои дил ру ба ру шуда истодааст. Ва дарахти шукр дар калбаш боровар мегардад.

 

*       *       *

 

Ако тарчумаро хам дуст медоранд.

– Тарчума тифли мухаббат аст! – гуфтанд боре Ако.

– Ох–ох! Чи хуб гуфтед! – нигаристам ба у.

– Инро ман не, Маршак гуфта аст.

Хамон руз маводеро тарчума кардан лозим буд. Онро бояд ба Хукумати Чумхури мефиристодем. Наберачаам касал буд ва дасту дилам ба кор намерафт. Ако омаданд. Аз холам вокиф гашта «Ба ман те»  –  гуфтанд. Додам. Пас аз чанде тарчума карда оварданд.Он ба ман басо маъкул шуд. Вале аник медонистам, ки ба баъзе кормандони дастгохи Хукумат маъкул намешавад. Зеро ба онхо тарчумаи бадеи не, расми лозим. Аз ин ру ба андеша рафтам, ки чи хел карда фахмонам, ки он кас наранчанду ба кавле «ба хизмат тухмат» нашавад. Нихоят ба Ако ру оварда гуфтам:

– Инро ба «Адабиёт ва санъат» не, ба  Хукумати Чумхури мефиристам. Ако аз паси айнак бо табассум нигох карда гуфтанд:

– Ха, шайтоне, те аз сари нав дида мебароям!

 

*       *       *

 

Чанде пеш Ако бо хаячон ба утокам ворид гаштанд.

– Чи гап?

– Дар хоб монди–чи? О, имруз Мехринисо Набиева панчохсола мешавад.

Мехринисо – апаи шодравон Мукаддас Набиева, ки дар Кумитаи мо кор мекунад, як  хафта пеш илтимос карда буд, ки 50– солагиашро кайд накунем ва ба хеч кас нагуем. Ман хам нархи сабзиву пиёзро напурсида, рози шуда будам.

– Хайр чи шудааст? – гуфтам бепарво.

– Чи хел хайр чи шудааст?! Ягон тайёри диди?

– Не.

Мушохида кардам, ки он пайкари боло такон хурда, худро ба курсии пахлуям расонду гунча шуда, ба курси нишаст. Сару руямро арак зер кард. Хомушии хавлангезе ба вукуъ пайваст. Даме нештари дудилаги ба калбам чанг мезад. Гуям ё  нагуям? Ноилоч асли вокеаро ба у накл кардам.

– Э, ин сара дар осиёб сафед карди? Э, содда, соддае. О, мо туро бо хамин ният раиси иттифоки касаба интихоб кардем? О, наход хоксории Мехринисоро надони? Вай аз  хоксори ин  илтимосро кардааст. Охир одам як бор 50– сола мешавад. Мефахми?

Хатоямро фахмида дар хичолат мондам ва афсусомез гуфтам:

– Оббо, дер шуд.

– Холо хам вакт хаст, – гуфтанд он кас  ва рохи начотро фахонданд. Бо ёрии он кас тез табрикнома ва гулу тухфа омода намуда, коллективро чамъ овардему Мехринисоро табрик кардем. Вай мисли кудак шод шуда дар куртааш намегунчид. Ман сипосгузорона ба Ако дида духтам.

 

*       *       *

 

Боре пагохи ба кор омадам, ки дар утокаш бо ришгираки электрики риш мегирифт.

– Ха, Ако дар хоб мондед? – шухиомез гуфтам ман.

– Не, дар хона на барк хасту на газ.

Яке аз кормандонамон, ки он чо хузур дошт, гуфт:

– Дар мо хамеша хаст!

Ако бо табъи болида нидо карданд:

– Гарчи худ бебахраам, шодам ба айши дигарон!

 

*       *       *

 

– Шукр, ки дар чодаи хеш, – мегуянд Ако, – кач по  нагузоштаам. Бале, рост буд, ки аз худ бог монд на рог. Ва имону инсоф, нияту муроди некаш ба у номи нек ато намуд. Вале у  хануз конеъ нест аз худ. Дар дил муродхои тозатаре дорад, агар умр вафо кунад. Як хамкори чавонаш аз у пурсид:

– Ватан обод мешуда бошад, Ако?

– Ободи ба гуфтор аст ё рафтор?

– Ин суол?

– Бале!

– Ё харду!

– Бале! Агар гуфтору рафтор як бошаду нек. Ватан обод хохад шуд.

Оре, чунин аст у. Ва боз имонаш кавист. Ба ояндаи Ватан боварии комил дорад. Мо хам орзумандем, ки ин марди начиб, ки имруз ба синни мубораки шаст кадам гузошт, умри дароз дида, эхёи дубораи Ватанро, ки дар ободонии он хиссаи у хам хаст, бо чашмони хеш бубинад. Шастатон бешикаст, Ако!

22 феврали соли 1998

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …