Главная / Маданият ва санъат / МАОРИФПАРВАРИ ВА АДАБИЁТИ ТОЧИК АСРИ ХIХ

МАОРИФПАРВАРИ ВА АДАБИЁТИ ТОЧИК АСРИ ХIХ

sadriddin_aini-maksim_gorki-603x330Ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна ба равнаки маданияту санъату адабиёт объективона мусоидат кард. Олимони тараккипарвари Россия дар бобати тадкики иктисодиёт, этнография, таърих, забон, адабиёт, сарватхои табии ва гайраи Осиёи Миёна хизмати калон карданд.

Бисёр мутафаккирон ва шоирони Осиёи Миёна аз намояндагони зиёиёни пешкадами Россия сабак мегирифтанд. Тадричан адабиёти кишвар хам пеш рафт. Дар ташаккули чахонбинии мутафаккири шахири он солхо Ахмад Махдуми Дониш, мулаккаб ба Ахмади Калла (1827–1897) таъсири маданияти пешкадами Россия калон аст.

Ахмади Дониш яке аз фозилтарин одамони Бухоро ба шумор мерафт. У дар бораи худ ба таври хаккони навишта буд, ки дар симои як шахс духтур, шоир, мусикачи, рассом, муначчим, олим ва хаттотро мучассам намудааст. Ахмади Дониш ба ивази озодфикри ва акидахои танкидиаш ба «кофири» ном бароварда буд. Бо вучуди хамин хам, дониш ва маълумоти фавкулоддаи у амирро мачбур мекард, ки ба вай бо назари эътибор нигарад. Ахмади Дониш ба сифати котиби сафорати амир се маротиба ба Петербург сафар карда буд. Шиносои бо Россия ва маданияти рус дар тамоми хаёт ва фаъолияти у роли халкунанда бозид. Дар хамон шароити таърихие, ки Ахмади Дониш умр ба сар мебурд, барои алока пайдо кардан бо одамони пешкадами Россия имконият надошт ва ба пояи халли револютсионии масъалаи дигаргун кардани тарзи зиндагони расида наметавонист.

У дар ибрози максад ва орзухои сиёсии худ ба шиори хаёлпарастонаи подшохи маърифатнок ру меовард. Ба акидаи вай, агар амир ба фоидаи маорифи халк «бовар кунонда шавад», гуё худи хамин барои ба тарзи нав сохтани хаёти вокеии Бухоро кофист. Лекин, дар айни замон, Ахмади Дониш барои таъсис намудани идорахои машварати ва ба ин восита махдуд гардонидани яккахукмрони баромад мекард. Рухи тамоми гуфтахои уро мехру мухаббат нисбат ба халк ва гамхори барои саодатмандии он фаро гирифтааст. Ахмади Дониш асли мохияти хукумати мутлакаи Россияро дарк карда натавониста бошад хам, аммо Россияро бо Бухоро мукоиса карда, табиист, ки аз маданият, саноат ва шахрхои рус ба вачд меомад.

Ахмади ДонишМухимтарин асари Ахмади Дониш рисолаи «Наводир-ул-вакоеъ» мебошад, ки аз мачмуи порчахои илмии фалсафи, публисисти ва бадеи фарохам омадааст. Ахмади Дониш дар акидахои фалсафии худ дар мавкеи идеалист монда, монанди Абуали ибни Сино ва Умари Хайём ба таълимоти абадияти олам ва офариданашудани он мухлис будани худро низ изхор доштааст, ки ин дар шароити онвактаи пуртаассуби Бухоро хамаи пояхоро ба ларза медаровард. У дар рисолаи оид ба таърихи хукмронии сулолаи Мангитияи Бухоро, ки ба тарики пинхони пахн гардида буд, Бухорои феодалиро ба зери танкиди сахт гирифта, ошкоро гуфтааст:

«Бас, агар холи султонро тафтиш куни фосике, золиме, саффоке; ва кози марди мурташии харомхоре, госибе; ва раис к… бедиёнате ва асас мухаммир ва мукаммир, саргурухи рохзанон ва саркардаи сорикон мебуд»[1].

Вай хамчунии пешбнни карда буд, ки начот аз зулму истибдод факат бо ёрии халки рус муяссар хохад шуд.

Тамоми одамони боистеъдоду поквичдони он солхои Бухоро дар атрофи Ахмади Дониш гирд меомаданд. Устод Айни дар «Ёддоштхо»-и худ хеле зиндаву таъсирбахш ба калам медихад, ки чи тавр Ахмади Дониш ба тадрич худро аз дарбор дур мекашид ва дар атрофи худ одамонеро чамъ мекард, ки кушиш доштанд мардумро аз банди чохили ва бенавои рахо диханд.

Ба ин тарика фикру акидахои Ахмади Дониш, бо вучуди он хама махдудиятхои синфии худ, нисбат ба он замон акидахои пешкадам ва прогрессиви буданд. Бузургтарин хизмати Ахмади Дониш аз ин иборат аст, ки у тавонист дар атрофи худ як гурух пайравон – маорифпарварони асри ХIХ точикро муттахид кунад.

Абдулкодирхочаи Савдо (ваф. 1874), Кори Рахматуллохи Возех (1828–1894), Исо Махдуми Бухорои (1826–1887), Шамсиддин Махдуми Шохин (1857–1893), хайрати Бухорои (1876– 1902) барин шоирони махфили Ахмади Дониш харчанд шоирони забардасти охири асри ХIХ буданд, вале аз чихати акидаву мафкура ба дарачаи ин мутафаккири бузург расида натавонистанд.

Ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна дар вилояти Фаргона, ки аз чихати тараккиёти саноат нисбатан пеш буду бар хилофи аморати Бухоро худ ба хайъати генерал-губернатории Туркистон дохил мешуд, ба инкишофу равнаки акидахои чамъиятию сиёсии ходимони ин кишвар хеле мусоидат намуд. Дар атрофи шахру дехоти ахолии махалли пайдо шудани махаллахои русхо, алокаву робита бо русхои тараккипарвар ва револютсионерони рус, ки ба хоки кишвари Туркистон бадарга шуда буданд, шиносои бо харакатхои револютсионии Россия дар охири асри ХIХ, сохтмони рохи охан ва зиёдшавии рафтуомад ба нохияхои марказии Россия ва гайра ба адабиёти маорифпарваронаи нимаи дувуми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ хеле таъсир карданд. Намояндагони пешкадами ин гуна адабиёт дар вилояти Фаргонаи кишвари Туркистон — Мукими, Фуркат, хамза хакимзода, Дилшод ва Анбаротун буданд.

Дар эчодиёти Мухаммадаминхочаи Мукими (1850–1903) хачв макоми намоён дорад. Мукими махз бо тавассути хачв беинсофию бедодию худсарию золимии амалдорони идорахои подшохи, заводчихо, сохибони фабрикахо, риёкори, муфтхури ва чохилию нодонии муллохоро фош мекунад.

Зокирчон Фуркат (1858–1909) ба Россия, ба маданияти рус хусни таваччухи махсус дошт, дустию рафокати халки рус ва халкхои Осиёи Миёнаро доимо таргибу ташвик мекард.

Эчодиёти шоири маорифпарвар хамза хакимзода (1889–1929) баъди револютсияи якуми Россия хеле равнаку ривоч ёфт.

Омилхои асосии ташаккули акидахои пешкадами маорифпарварони халкхои точик ва узбек зиндагии вазнини халкхои Осиёи Миёна ва шиносо шудани шоирону мутафаккирони Осиёи Миёна бо марказхои илмию мадании Россия хам дар худи хамин чо, яъне Туркистон ва хам дар маркази ин мамлакати бекарон буд. Дар ташаккули акидахои чамъиятию сиёсии Дилшод (1800–1905/06) ва Анбаротун (1874–1908/09) низ ин омилхо яке аз омилхои мухимтарин буданд.

Дилшод ва Анбаротун мисли тамоми дигар равшанфикрон худсарию бедодии хукуматдорон, хокимияти вахшиёнаи феодалхо, истисмори гушношуниди халкро махкум карда тавонистанд. Онхо риёкори, хариси, фосики, чохили ва берахмии бойхоро фошу ошкор карда, муфтхурон, молимардумхуронро зери хачви сахт мегирифтанд.[2]

5. АДАБИЁТИ ТОЧИК ДАР ИБТИДОИ АСРИ ХХ

Фаъолияти адибони пешкадами точик

sadriddin_aini-300x240
Садриддин Айни

Дар ибтидои асри ХХ фаъолияти баъзе адибони пешкадами точик басо вусъат ёфт. хайрат, Сахбо, Асири, Айни ва баъзе дигарон аз чумлаи он адибон буданд. Шиносои бо адабиёти рус ба эчодиёти онхо таъсири бузург расонд.

хайрат (1878–1902) шоири боистеъдод ва газалсарои забардаст буд. Аммо шаклу мазмуни кухнаи назм ба хайрат танги мекарданд ва у дар назм роххои нав мечуст. Дар хаёти тираву тори аморати Бухоро вай нури умеде надида, рухафтода шуд ва дар эчодиёташ хам охангхои яъсу хузну гаму андух хеле афзуд. Вале гуфтан даркор, ки хайрат шеърхое низ дорад, ки дар онхо охангхои ичтимои равшан ба назар мерасанд ва шоир дар ин шеърхояш халкро ба маърифат даъват намуда, дар рохи бехбудии мардум чахд карданро сифати олии инсон мешуморад. Сахбо худаш амалдори олимартаба буд, унвони туксабо дошт. Аммо авомфиребию харисию чохилии дарбориён ва амалдорони амир ба ин шоири поквичдон маъкул нашуд. Сахбо аз дарбор рафт. Ашъори вай асосан лирики бошад хам, вале хачви сахт хам бисёр ба назар мерасад. Соли 1918 Сахбо бо фармони амир барои иштирок дар нехзати озодихохии халк ба катл расонида шуд.

Тошхуча Асири (1864–1915) дар Хучанд зиндагони мекард. Бо косиби камбагалона руз мегузаронд, касбаш сангиосиётароши буд. Асири шоири инсондуст буд ва мегуфт, ки вазифаи адабиёт тавсифи аклу дониш аст. Асири дар ашъораш бою муллохои риёкорро сахт танкид карда, онхоро «худозадагони рохи дин» меномад ва дар чои дигар мегуяд: «хама хумории майхонаи шароратанд, чи мухтасиб, чи мударрис, чи козию, чи раис».[3] Дар як шеъраш Асири менависад:

Ох, аз ин чинси начосаттинатони зухдкеш.

Чуз ба оби тег натвони мутаххар доштан.

Анкабутонанд хангоме, ки гиранд эътикоф,

Сайди мазлуме гараз дар зери чодар доштан.

Суфпушонанд, аммо дар гами дебои Рум,

Аз кулох ин чо хавои зеби кайсар доштан.

Чумла тарророни рохи дину имони туанд.

Чашм бар хамёни симу кисаи зар доштан.

Аз сару кори намозу рузаи эшон мапурс!

Хешро дар зери бори охират дар доштан.[4]

Асири таргиботчии фаъоли илму дониш буд ва акидае дошт, ки бо рохи маърифат халкро аз чахолат ва таассуби дини рахо додан мумкин аст. Вай имони комил дошт, ки мактабхои дуняви, илму маданият мардумро хушбахт карда метавонанд. Масалан, вай дар як шеъраш мегуяд:

Шуморо шояд акнун чахд кардан,

Гами ислохи кори хеш хурдан,

Макотибхои нав эчод кардан,

Рахи дарси наве иршод кардан,

Кироатхонахо барпо намудан,

Макоми маслихат иншо намудан,

Ба авлоди азиз миннат ниходан,

Ба нури дидагон фан ёд додан,

Сару кори дигар бояд гирифтан

Ба рохи тоза бояд пеш рафтан,

Сари худ дар хама сурох хастан,

Зи хар дар рохи истикбол чустан.[5]

Садриддин Айни (1878–1954) хам аз адибони тараккипарвари он давра буд, ки соли 1909 аввалин китоби дарсии дуняви «Тахзиб-ус-сибён»-ро таълиф кард. Дар хамон солхо Айни бисёр шеърхое навишта буд, ки ба масъалахои мухимми ичтимои бахшида шудаанд.

Тамоми адибони мазкур дар эчодиёти худ хусусиятхои мусбати маорифпарварии Ахмади Донишро махфуз дошта, бо рохи маърифат ба халк хизмат мекарданд, аморатро зери танкид мегирифтанд ва бо Россия алокаву робита карданро ташвик менамуданд. Вале бояд кайд кунем, ки онхо фаъолияти маорифпарварии худро бо вазифаю талаботи револютсия, ки руз аз руз вусъат меёфт, мутобик карда натавонистанд, ба хамин сабаб, акидаи онхо ва, умуман, фаъолияти онхо ба андозае махдуд ва либерали буд. Зиёда аз ин баъзе аз ин адибон пайрави идеологияи чадидизм шуданд. Тадричан, адибони равшанфикр ва дилсофу поквичдон ба андозаи ривочи револютсия бовари хосил карданд, ки ба кучаи чадиди даромада хато рафтаанд. Онхо бо мурури замон фахмиданд, ки факат партияи коммунисти кудрат дорад ба халк озодии хакики ва маърифат оварад. Ба кавли устод Айни, партия уро ва у барин бисёр зиёиёни поквичдони чуяндаро «аз ботлоки чадидизм берун кашид». Ин кабил одамони ботинан тараккипарвар чадидиро катъиян тарк карда, ба мавкеи бинокори сотсиализм, ба мавкеи маърифати коммунистии халк карор мегирифтанд.

[1] Ахмади Дониш, 1959, с. 72.

[2] Муфассал дар бораи онхо ниг.: Мухторов А., 1969.

[3] Рачабов 3.Ш., 1974, с. 45.

[4] Дар хамон чо, с. 44.

[5] Дар хамон чо, с. 44.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …