Главная / Илм / МАНи

МАНи

maniМАНи (юн. sperma – тухм) сперма, моеъи сафедчатоби гализ, ки мардон ва хайвоноти нарина хангоми алокаи чинси мебароранд. Моеи часпаки ширешмонанд буда, буи махсус дорад. М. аз гадуди чинсии нарина хосил мешавад ва дорои нутфа (сперматозоидхо) буда, дар афзоиши чинси иштирок мекунад. М. сафеда (аз он чумла ферментхо, нуклеопротеидхо), липид, ангиштоб, витамин, простогландин, намакхои натрий, калий, калсий ва г. дорад. М. аз давраи балогати чинси хосил шуда, баъди 40-солаги кохиш меёбад. Дар холатхои мукаррари 1 мл М. аз 60 – 120 млн нутфа иборат аст. Илова бар ин, дар таркиби М. хучайрахои махсус – сперматогонияхо ва сперматидхо мавчуданд. Дар лахзаи инзол (эякулятсия) ба хисоби миёна аз 2 то 10 мл М. хорич мешавад. Ин микдор М. барои бетаъсир гардондани туршии махбал, ки ба харакати нутфа халал мерасонад, басанда аст. Кам хосил шудани М. мумкин аст боиси бенаслии мардон гардад. Ихтилоли хосил ва ихроч шудани М. ба сабзиши нокифояи хояхо, изхои дагали мачрои М., гадуди простата ва рохи пешоб, ки баъди садама ва илтихоб боки мондаанд, вобаста аст. Дар баъзе холатхои ночурии организм М. нутфа надорад (азооспермия, аспермия) ё микдори нутфаи он кам мешавад (олигоспермия), нутфахои мавтшуда (некроспермия) ё нокис (тератоспермия) дорад. М. – ро барои муайян кардани сабаби бенасли, инчунин дар амалияи экспертизаи судии тибби тадкик мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …