Главная / Илм / «МАНОФЕЪУ-Л-АГЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИХО»

«МАНОФЕЪУ-Л-АГЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИХО»

kitob«МАНОФЕЪУ-Л-АГЗИЯ ВА ДАФЪУ МАЗОРРИХО», асари Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози (865 – 925). Китоб дар баёни судмандихои гизохо ва чигуна бартараф кардани зиёни онхо буда, ба забони араби таълиф шудааст. Дар баъзе сарчашмахо бо номи «Китобу дафъи мазорри-л-агзия» низ зикр шудааст. Муаллиф китобро барои амир Абулаббос Ахмад ибни Али таълиф кардааст. Аз мукаддима, ду макола ва хаждах фасл иборат аст. Дар мукаддимаи китоб Рози максади таълифро баён карда, хостааст сахву хатохои Чолинус ва Яхё ибни Мосавайхро, ки дар таълифоти худ доир ба гизохо содир карданд, бартарф намояд, сабабу иллати суду зиёни гизохоро аз нуктаи назари файласуфони табиатшинос шарху тафсир дихад. Маколаи якуми китоб дар баёни масъалахои хоси чузъи ва маколаи дуввум дар баёни умури кулли ва дастуроти лозими оид ба гизохо мебошад. Чанд нусхаи хаттии ин китоб ва тарчумаи лотинии он дар марказхои фархангии Аврупо махфуз аст. Матни арабии он борхо ба шаклхои гуногун ба табъ расидааст.
Ад.: Закариёи Рози, «Манофеъу-л-агзия ва дафъу мазоррихо». Бо мукаддима, шарх ва тахкики Хусайни Хамави, Димишк, 1984.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …