МАНИДОН (Vesicula seminalis), як чуфт гадуди таносули мардхо. Дар байни каъри масона ва рудаи рост чой гирифтааст; ба девораи кафои гадуди простата чафс мебошад.
Беморихои М. – киста ва римхалта. Сабаби римхалта баста шудани мачрои М. бинобар беморихои уретит ва простатит аст. Хангоми уретрит бисёр вакт илтихоби М. низ рух менамояд, ки онро везикулит (сперматосистит) меноманд; он бо гаронию дард дар мавзеи чатан ва рудаи рост падид омада, дард ба камар ва хоя мегузарад, бемор зуд-зуд пешоб мекунад, эхсоси сузиш пайдо мешавад. Хисси шахвонии чунин беморон баланд аст, эхтилом якчоя бо дард сурат мегирад.
Беморихои М.-ро бо усули физиотерапия, микроклизмахо, антибиотикхо табобат мекунанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …