Главная / Илм / МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИХО

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИХО

tabiatМАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИХО, хусусияти як катор беморихои сирятист, ки ангезандаи онхо дар худуди муайян бидуни тамос бо одамон ё хайвоноти хонаги, дар организми хайвоноти вахши паразити мекунанд. Чунин беморихоро беморихои манбаашон табии ва махаллеро, ки ангезандаи ин беморихо вомехурад, манбаи табии меноманд. Мафхуми «манбаи табии»-ро с. 1938 акад. Е. Н. Павловский пешниход кардааст.
Ангезандаи беморихои манбаашон табии дар байни хайвонот, бештар хояндаю паррандахо муттасил дар гардиш мебошанд. Онхо аз хайвонот ба хайвонот ва аз хайвонот ба одам асосан тавассути хашароту канахо мегузаранд (гохо ба воситаи обу хурок низ пахн мешаванд). М., одатан, дуру дароз боки мемонад.
Одам ё хайвоноти хонаги дар натичаи ба нохияи манбаи табиии беморихо дохил шудан сироят меёбад. Ба беморихои манбаашон табии тоун, туляремия, энсефалитхо, хори, лептоспироз, табларзахои хунрез, лейшманиози пуст, хасба ва г. мансубанд. Як катор беморихои хайвоноти хонаги (хори, оксил, лептоспироз, трихинеллез, эхинококкоз ва г.) манбаи табии доранд.
Моягузаронии фаъол, мас., зидди тоун, туляремия, энсефалит, сухтани ва г., инчунин истифодаи воситахои хусонанда (репеллентхо), пушидани либосхои мухофиз, мубориза бо хашарот, кана, хояндахо тадбирхои босамари пешгирии беморихои манбаашон табии мебошанд. Ниг. низ. Дезинсексия, Дератизатсия.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …