Главная / Гуногун / МАМЛАКАТХОИ ОСИЁ ВА АФРИКА

МАМЛАКАТХОИ ОСИЁ ВА АФРИКА

Тараккиёти пуравчи саноат дар мамлакатхои пешкадами Европа ва ИМА аз корчаллонхо майдони васеъи фаъолиятро такозо мекард. Молхои истехсолкардаи онхо дар дохили мамлакат ба фуруш намерафтанд. Хукуматхои ин мамлакатхо ба сармоядорони бузурги милли тобеъ шуда, манфиатхои онхоро ифода мекарданд. Ширкатхои пуриктидор аз хукуматхои худ талаб мекарданд, ки ба мустамликазабткуни даст зананд. Харчанд мамлакатхои пуркувваттарини Европа кайхо боз ба забти мустамликахо шуруъ карда, аксари давлатхои Осиё ва Африкаро ё мустамлика ва ё ниммустамликаи худ гардонида буданд, лекин ин кор то хол анчом наёфта буд.

1385685886_osvobozhdenie_narodov_afriki_1945-1990

Португалия, Испания, Холандия ва Туркия мустамликазабткунии худро хануз дар асрхои XV – XVI огоз карда буданд. Аз паси онхо ба ин кор Фаронса ва Англия даст заданд. Баъдтар Австрия, Италия, Русия ва ИМА ба мустамликазабткуни шуруъ карданд. Дар нимаи дуюми асри XIX Германия ва Чопон хам ба ин катор дохил гардиданд. Аз хама охир ба ин кор Белгия cap кард.

Дар нимаи дуюми асри XIX аксарияти мамлакатхои Осиё ва Африка хануз хам дар холати асримиёнаги карор доштанд. Ба иктисодиёти онхо саноати мошини бо мушкилихои зиёде ворид мегардид. Артиши ин мамлакатхо бо сипохи кухнаи пастсифат мусаллах буд. Мамлакатхои истилогари европави, ИМА ва Чопон артиши худро аллакай бо техникаи харбии хозиразамони оташфишон мусаллах карда буданд. Онхо флоти бугии пуркувват хам доштанд. Аз хамин сабаб мамлакатхои Осиё ва Африка худро аз тачовузи мамлакатхои Гарб ва Чопон мухофизат карда наметавонистанд.

Дар нимаи дуюми асри XIX мамлакатхои пешкадами Европа, ИМА ва Чопон ба давраи империалистии тараккиёти худ дохил гардиданд. Ин холат барои забти мустамликахо ракобати тезу тунди байнихамдигарии онхоро ба миён овард.

Нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX мамлакатхои чахон, аз он чумла, мамлакатхои Осиё ва Африкаро дар хамин холат дарёфт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …