Главная / Илм / МАЙВИЗАЧ

МАЙВИЗАЧ

mayvizachМАЙВИЗАЧ (Delphinium oreophilum), гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 70 см кад мекашад. Пояаш сершох, баргаш думчадароз, 3 – 5 – парра, гулаш кабуд, мевааш дарфшмонанди нугкач, пашмакдор. Июн – июл гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар дашту арчазор, маргзор, чимзамин, нишебихо ва санглох меруяд. Дар к.-куххои Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, нохияхои Точикистони Шарки, Помири Гарбию Шарки (дар баландии 2000 – 4000 м аз с.б.) пахн шудааст.
Хосияти захрноки ва табобатии М. аз кадим маълум аст. Ба гуфтаи Абуалии Сино М. хосияти сузонандаги, хурандаги, тамъи тез дорад. М.-ро дар сирко чушонда, хангоми дарди дандон ва илтихоби ворахо дахонро мечайконанд. Нушидани он хавфнок аст, чунки масонаро захмдор мекунад.
Дар тибби халки чушоби М.-ро дар мавриди омосхои гуногун, чурра, сифилис, зардпарвин, илтихоби гадуди зери меъда, беморихои узвхои чинси ва чигар истифода мебурданд. Гули онро чой карда, чун воситаи киччарон, аракрон, пешоброн, зидди илтихоб истеъмол менамоянд. Шираи баргу пояи М. хангоми бемории роххои болоии нафас тарбанди (барои гарм кардани гулу) карда мешавад. Бо чушоби он дар мавриди фалач, тарбод, радикулит ва касалихои пуст оббози мекунанд. М. растании хеле захрнок аст. Бинобар ин, дар шароити хона истифода бурдани он маслихат дода намешавад.
Алкалоидхои таркиби М. (делсамин, конделфин, метилликаконитин) дар тибби илми маълум буда, хангоми баландии тонуси мушакхо ва баъзе иллатхои марбут ба ихтилоли фаъолияти харакат (паркинсонизм, склероз, фалач ва г.), ки бинобар амрози силсилаи асабхои маркази рух менамоянд, фаровон истифода мегарданд.
Ад.: Ковалёва Н. Г. Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …