МАХМАЛАК (Scarlatina), скарлатина, бемории шадиди сироятист, ки бо таб, газаки бодомакхои гулу ва дамидани доначахои хурд дар пуст падид меояд. Барангезандаи М. стрептококк аст (ниг. Бактерияхо). Бештар кудакони 2 – 7-сола М. мешаванд. Бемори дар фаслхои тирамоху зимистон авч мегирад.
Сироят аз кудаки бемор мегузарад (у барои атрофиён дар муддати бемори ва хатто чанд вакт баъди шифо ёфтанаш низ хавфнок аст). Хамчунин ашхосе, ки М.-ро бисёр сабук ва номаълум аз сар гузаронидаанд, манбаи сироят мебошанд. Кудак аз шахси гирифтори ангина хам сироят меёбад (баъзан одамони калонсол ба М. гирифтор мешаванд ва бемории аксари онхо монанди дарди гулу аст). Ангезандаи М., ки дар катрахои балгам ва оби дахон вучуд доранд, хангоми сурфа, атса задан ва гуфтугу ба хаво, баъд тавассути роххои нафас ба организми кудаки солим мегузаранд. Ангезандахо фаъолияти худро дер нигох медоранд, аз ин сабаб ашёи бемор хам манбаи сироят махсуб меёбад.
Стрептококкхо аксаран ба организм аз халк, баъзан аз пусти осебдида ва луобпардахо ё шуш дохил мешаванд. Стрептококк баъди ба луобпарда афтоданаш дар он меафзояд ва боиси инкишофи газак мегардад. Захре (токсин), ки стрептококк чудо мекунад, ба хун гузашта, боиси бехоли, дамидани доначахо, иллати системаи асаб ва дилу рагхо мешавад. Дар натичаи вокуниши аллергии организм ба токсин (ниг. Аллергия) дар хафтаи 2 – 3-юми бемори иллати бугумхо, гурда ва дил фаро расиданаш мумкин аст. Агар мукобилати организм суст бошад, стрептококкхо метавонанд ба хун гузашта, боиси сирояти умумии организм – уфунат шаванд. Чунин навъи бемори бештар дар кудакони хурдсол (1 – 3-сола) ба мушохида мерасад.
Ангезандаи М. дар организми одам муддати 2 – 7 руз (баъзан то 11 руз) бидуни ягон нишонаи бемори (давраи нихони) метавонад вучуд дошта бошад. М. ногахон огоз меёбад; харорати бадан то 39 – 400 баланд ва бемор бехол мешавад; гулу (хангоми фурубари) дард мекунад, дил бехузур гашта, мариз кай менамояд. Дар 10 – 12 соати аввали бемори пусти бадан тоза, хушк ва гарм аст. Дар халк, ком, забон сурхии холчадор пайдо мешавад. Доначахо дар охири шаборузи якум ё аввали шаборузи дуюми бемори аввал дар гардан, байни шонахо ва сина пайдо шуда, минбаъд ба тамоми бадан пахн мегарданд. Доначахо махсусан дар руи даст, пахлу ва поёни шикам бисёр медаманд. Ранги доначахо сурх ё гулоби буда, андозаашон ба тухми хашхош (кукнор) баробар аст; аксар вакт пуст хориш мекунад. Факат манах ва кисми болои лаб бетагийр монда, ба ном секунчаи сафеди махмалаки ба вучуд меояд. Забон хушк шуда, онро губорпардаи сафеди зардчатоб мепушад (дар рузи 3-юм он тоза ва рангаш гулоби мегардад). Нишонахои бемори 3 – 5 руз боки монда, минбаъд тадричан нест мешаванд. Дар охири хафтаи якум ё аввали хафтаи дуюм чои дамидаи доначахо варак-варак пуст мепартояд: аввал гардан, нармаи гуш, минбаъд нуги ангуштони дасту пой ва нихоят кафи дасту пой. Пустпартои баъди 2 – 3 хафта ба охир мерасад.
М.-и вазнин кам вомехурад. Чараёни он бештар сабук аст; харор. бадан то 37, 1 – 37, 30 баланд шуда, 1 – 2 руз як хел мемонад; баъзан бемор таб намекунад. Луобпардаи халк кадре сурх мешавад. Доначахо базур намоён шуда, чанд соат боки мемонанд. Кудак худашро солим хис мекунад.
М. бемориест, ки дар сурати сабук гузаштан хам, ба дил, гурда, асабхо ва г. боди ногувор боки мегузорад. Солхои охир бинобар табобати босамари М. оризахои ногувори он кам шудааст. Боди М. бештар инхоянд: газаки (баъзан римнок) укдахои лимфавии гардан ва зери чог – лимфаденит, илтихоби гуши миёна – отит, газаки шуш, газаки гурда – нефрит, иллати дил – миокардит, осеби банду бугумхо – синовит, хуручи чараёни тарбод.
Баъзан дар хафтаи 3 – 4-уми бемори такрор ёфтани он (аз нав таб баровардан, дарди гулу, дамидани доначахо) аз эхтимол дур нест. Аксаран ин холат ба сирояти такрори вобастаги дорад, зеро холо ба М. масуният (иммунитет) пайдо нашудааст. Масъалаи ба беморхона чойгир намудани беморро духтур хал мекунад. Агар чараёни бемори вазнин набошад, маризро дар хона зери назорати духтур табобат кардан мумкин аст.
Хангоми М. (сарфи назар аз шакли он) бистари кардани бемор зарур аст. Агар харорати бадан муътадил бошад ва мариз худашро хуб хис кунад, ба у барои ба хочатхона рафтан, хеста нишастан ичозат дода мешавад. Минбаъд бо ичозати духтур кудак метавонад дар хона каме рох гардад, баъд дароз кашад ё дар бистар нишаста бози кунад. Танхо духтур метавонад барои кудакро ба тартиби мукаррари гузарондан ичозат дихад, чунки хатто баъди муътадил гаштани харорат ва нест шудани нишонахои бемори низ иллати силсилаи дилу рагхо мушохида мешавад. Беморро дар хонаи алохида чойгир мекунанд ё аз байн парда кашида, чои хобашро чудо менамоянд. Хурок бояд ба синни кудак мувофик бошад, вале хангоми дарди гулу дар рузхои аввал истеъмоли гизои наботи ва шири матлуб аст. Ба кудак рузе 5 – 6 маротиба дар соатхои муайян хурок мехуронанд. Духтур бо мурури шифои кудак ба у мувофики синну сол ба истиснои хуроки тунду тез ва гуштоби сергизо пархез таъин мекунад. Ба кудак зуд-зуд лимучой, афшураи сабзавоту мева додан зарур аст. Мебел ва чихози хонаи беморро рузе ду маротиба бо латтаи нам пок карда, фарши онро бо латтае, ки ба махлули хлорамин тар карда шудааст, мешуянд. Мебели нарм ва колинро аз хонаи кудаки бемор баровардан ё хар руз бо чангкашак тоза кардан муфид аст. Хонаро шамол додан лозим. Дар хавои гарм тирезаи хона бояд доимо кушода бошад; дар сармо бодхони хонаро баъди хар ду соат 15 – 20 дак. кушода мемонанд. Кудак бояд косаву табак, сарулибос ва бозичахои алохида дошта бошад. Косаву табаки кудакро чудо шуста, баъд мечушонанд. Сарулибос, чойпуш, сачок ва руймолчаи беморро чушондан хатмист. Парастори бемор бояд дар тан хилъат ё куртаи махсус дошта бошад, ба дахону бини бандинаи докаги (3 – 4 кабат) бандад. Баъди аз назди бемор баромадан, дастро бо собун шуста, хилъатро мекашанд (онро хар руз дарзмол мекунанд).
Хамин ки таби кудак муътадил гашт, у метавонад бо ичозати духтур оббози кунад. Кудакони хурдсолро хар руз ё руз дар миён дар оби харор. 380 (10 дак.), кудакони калонро баъди 3 – 5 руз (дар вакти пустпартои баъди 1 – 2 руз) оббози медоранд (баданро бо дастмол намешаканд). Кудакон бояд дахонашонро мунтазам бо махлули содаи хуроки (як кошукча ба як истакон об) мазмаза кунанд. Духтур катъи назар аз дарачаи вазнинии бемори барои табобат ва пешгирии оризаи М. дору таъин мекунад. Доруро хатман дар хамон воя ва соати таъинкардаи духтур додан лозим аст. Агар таби кудак муътадил ва ахволаш бехтар шавад, ба хеч вачх табобатро катъ кардан лозим нест. Хамаи масъалахои нигохубин ва табобати кудакро бо духтур хал бояд кард.
Хар бемор бояд ба беморхона хобонда ё дар хона чудо нигох дошта шавад. Ба бемор як-ду нафар нигохубин мекунад. Маризро 10 руз чудо нигох доштан лозим аст. Кудакони синни томактаби ва талабагони синфхои 1– 2 факат баъди 12 рузи аз беморхона чавоб шудан ё дар хона чудо нигох доштан, яъне баъди 22 рузи огози бемори, ба муассисахои бачагона ё мактаб рох дода мешаванд. Кудакони солим ва бо мариз тамосдоштаро дар муддати 7 рузи чудо нигох доштани бемор ба муассисаи бачагона ва мактаб рох намедиханд. Ба кудакони аз 8-сола боло, инчунин ба кормандони муассисахои бачагона дар муддати 7 руз муоинаи тибби муайян карда хохад шуд.
Дар сурати дард кардани гулуи одами калонсол кудакро аз у чудо нигох доштан лозим аст. Зеро баъзан сабаби чунин гулудард М. буда, боиси ба он гирифтор шудани кудак мегардад.
Ад.: Детские болезни: новейший справочник, СПб., 2004; Детские инфекции, М., 2005; Савельева Ю., Детские болезни, М., 2005.
Н. А. Рахматов.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …