Главная / Гуногун / Лохути Ахмадшох Улфатшоев

Лохути Ахмадшох Улфатшоев

Калби поки хунарпешаи халкии Точикистон, актёри кино ва театри ба номи Лохути Ахмадшох Улфатшоев асри имруз дар синни 75 солаги аз тапидан монд. Устод беш аз 50 соли умри худро ба  хизмати  мардум бахшида буд. Мархум чанд соли ахир аз бемории канд ва фишорбаланди азият мекашид.

УлфатшоевМо бо устоди зиндаёд Ахмадшох Улфатшоева 20 сол боз дар хамсояги зиндаги кардем. Гами марги бемахали яккаписари чавонмаргаш як соли охир устодро аз пой афтонда буд. Ин холат дар чехраи махзуни устод бараъло мушохида мешуд((((. Чанозаи мархум пагох, 10-уми октябр, дар масчиди ба номи Мир Саиди Хамадони, дар махаллаи Испечаки нохияи Сино баргузор мешавад.

Худованди Азза ва Чалла рухи устодро шоду хонаи охираташро обод бигардонад. (Ин расмро мохе кабл, хангоми сухбат бо устоди зиндаёд дар назди бинои истикоматиямон гирифта будам).

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …