Главная / Маданият ва санъат / Либоси аз пахтаги (аз нахи пахта)

Либоси аз пахтаги (аз нахи пахта)

Пахта –  нахи табии мебошад, ки он аз гурухи растанихо пайдо шудааст, ки ватанаш хиндустон аст. Пахта аз асри 1-и томелод асосан дар мамлакатхои Осиё парвариш ва истехсол карда мешавад. Чумхурии Точикистон ба тараккиёту истехсолии пахтаи эътибори калон додааст.

Пахтаро дар урфият «тиллои сафед» мегуянд, ки дар хакикат арзиши пахта ба тилло баробар аст. Пахта хамчун ашёи хом ба хисоб меравад ва аз он баъзе навъхои то 33-55% ва навхои махиннах то 38-40% нахи табии мегиранд. Пахта растании яксола буда, дарозии нахаш аз 12-20 то 50-60 мм мешавад. Аз хама пахтаи бехтарин нахи дарозтариндошта ба хисоб меравад. Аз пахта нах, ресмон гирифта, матоъ истехсол мекунанд.

chakan_duxtar

Fайр аз ин аз пахта равган, кунчора, шулха, собун ва дигар равганихои техникию стратеги истехсол мекунанд. Баробари он аз партовхои пахта дар истехсолот селюлоза, лак, ранг, линолеум, киноплёнка, материалхои изолятсиони истифода мебаранд. Аз барги пахта кистлотаи сирко,

кислотаи себ ва дигар кислотаи органики истехсол мекунанд. Пояашро хам чун хезум истифода мебаранд. Аз пахта ресмонхои гафс ва бисёр матоъхои зебо, монанди чит, дока, вилвет, духоба ва гайрахо истехсол мекунанд.

Матоъхои пахтаги нисбат ба дигар матоъхо бисёр хусусиятхои баланди гигени доранд. Онхо сабук ва осон шуста мешавад. Намии хаво ва гармиро нагз мегузаронад пас аз шустан хусусиятхои гигиении худро тез ва осон баркарор мекунанд, сабук дарзмол мешавад. Дар вакти шустан хачмаш хурд мешавад.

Агар 1 тонна пахтаро талаф дихем, хочагии халк 4320 м матои пахтагин, 110 кг равган, 16 кг собун, 260 кг кунчора, 180 кг шулха гум мекунад. Аз ин сабаб нигох доштани пахта аз талафшави вазифаи мукаддаси хар як фарзанди Точикистон мебошад.

Раванди технологияи тайёр кардани нахи пахта бисёр душвор мебошад. Аввал аз чирку ифлосии тоза ва наддофи мекунанд, баъд аз он наххоро хосил мекунанд. Раванди истехсоли матои пахтагин чунин аст.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …