Главная / Гуногун / Лексия чист?

Лексия чист?

Руз рузи офтоби буд. Хаво гарму нарм, ба дил ким-чи хел шоди мебахшид. Онхо бошанд, дар ин толори танг нафасгир шуда, интизори лектор буданд. Интизори тул кашид. Толорбудагон бекарор шуданд. Аз бехуда гузаштани вакт дилтангона:

– Уф-ф! – гуён, ба дари даромад менигаристанд.

– Чаро намеояд-а? – пурсид Салим аз хамшафаташ Халим.

– Ки? – бепарво пурсид Халим.

– Ки, ки?! – бо ситез гуфт Салим. – Лектор!

– О, холо вакт бисёр, – чавоб дод Халим. – Маъруза соати панч сар мешавад.

– Рост? – пурсид Салим ва ба соаташ нигариста, изофа намуд: – Эха, холо ним соат вакт хаст-ку.

– Ха, хаст, – бепарво гуфт Халим.

– Набошад чаро ин кадар барвакт моро ба толор оварданд, – бо хайрони пурсид Салим.

– Аз руи эхтиёт, – чавоб дод Халим. – Хамон колаби кухна. «Бодо» мабод гашту «мабодо» ба бод рафт, «Оё» зиёд рафту «чаро» дар гулу шикаст.

Харду лахзае хомуш монданд. Баъд Салим лаб ба сухан во намуда, аз Халим прсид:

– Чи мегуфта бошад?

– Ки? – боз бепарво пурсид Халим.

– Ки, ки?! – боз бо ситез гуфт Салим. – Лектор!

– Чи мегуфт, – чавоб дод Халим. – Чун дигар лекторон оби дахон пошида, як соат вазъ мехонаду чизе намефахми.

– Кай ин хама сохтакорихо хотима меёфта бошад?! – бо кахр пурсид Салим.

– Вакти гули най! – аз суолхои бешумори Салим безор шуда, нидо дардод Халим.

– Шух будаи-а? – Халимро песонда гуфт Салим.

– Хазлу шухи умрро дароз мекунад, – бепарво чавоб дод Халим. – Фахмиди?

– Э чи лозим хамин умре ки дар толорхои бугин гузарад, – эътирозомез гуфт Салим.

Ин лахза хуроккашии Иззат, ки дар пахлуи Халим менишаст, уро норохат кард. Вай ба шиками Иззат зад. Иззат бошад, ба кавли худаш «нол вниманий». Баръакс, мисли тундар калдар-кулдуркунон хуррокаширо ба авчи аъло расонд. Халим аз «Бафаросати»-и Иззат дар газаб шуда, ин дафъа ба шикамаш бо мушт зад. Иззат як кад парида, бо тарс пурсид:

– Чи гап, маъруза тамом шуд?

– Не, холо сар нашудааст, – хандид Халим.

– Набошад, чаро бедор карди?! – норозиёна Халимро песонд у.

– Ба ин чо хобкуни омади? – бо ситеза гуфт Халим.

Хамин вакт лектор вориди толор гашту бо кадамхои устувор рост ба минбар рафт ва чузвдони «бугуз»-ашро болои минбар гузошт.

– Вах!-вах – чанд кас аз чузвдони у тарсида, нидо дардоданд. – Худо зад! Се-чор соат мехондагист.

Вале лектор ба ин нидохо ахамият надода, охиста кулохашро аз сар гирифта, болои чувздон гузошту ру ба толор оварда, бо овози баланд:

– Салом! – гуфт.

Толорбудагон хама дар пайравии у баланд чавоб доданд:

– Ассалом!

Лектор табассум кард. Аниктараш нешханд зад ва пурсид:

– Дустон! Шумо хамаатон садову симо доред-а?

– Садову симояш чи? – пурсид нафаре аз катори дуюм.

– Радиову телевизор-дия, – хандид лектор.

– Ха-а, дорем, – посух доданд хама бо як овоз.

– Рузномаву мачалла мехонед-а? – боз пурсид лектор.

– Ха, мехонем, – ахлона посух доданд толорбудагон.

– Бисёр хуб, – хурсанд шуд лектор. – Ман медонам, ки аз маъруза то таги гулу сер хастеду ба гушатон овози булбул хам намефорад. Он чизеро, ки ман ба шумо гуфтани хастам, аз ман хубтар медонед. Аз ин ру, ман вакти кимати шуморо намегирам. Дар урфият «Дунёи ба муросо» гуфтаанд. Радио гуш кунед. Телевизор тамошо намоед. Рузномаву мачалла хонед. Маъруза тамом. Шумо рози?

Касе лаб ба сухан во накард. Хама моту мабхут шуда буданд.

– Ба диккататон ташаккур! – хурсандона гуфт лектор ва кулохашро гирифта, ба сараш монд. Охиста, бо эхтиёт зер кард. Чузвдони «хомила»-ашро ба даст гирифт. Аз минбар фуромад. Ба касе нигох накарда, бо кадамхои устувор баромада рафт. Толорбудагон гуё мехкуб шуда буданд.

– Дар умрам бори аввал чунин маърузаи пурмазмунро мешунавам, – гуфт Халим.

– Ха, маърузаи пурмазмун, – тасдик кард Салим.

– Э пурмазмун хам гап-ми! Оличаноб!

– Э бачагаре! Зур будааст, зур!

– У шахбозе!

Хама ба гап даромаданд. Хар кас хар чи мегуфт. Оташи бахсу мнозира аланга заду ду соат давом кард.

11 ноябри соли 2000

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …