Главная / Варзиш / Лахзае бо варзиш

Лахзае бо варзиш

Тайёр кардани вазифахои хонаги шуморо хаста мекунанд. Дар натича шумо бисёр хато мекунед, фаромушхотир мешавед, вазифахоро хуб дархотир нигохдошта наметавонед.

Тарзи хуби дур сохтани хастаги- лахзаи тарбияи чисмони мебо- шад. Он аз машкхо комплекси, ки ба гимнастикаи пагохирузи монан- данд, иборат аст. Агар шумо пас аз 20-25 дакикаи кори хастагиро хис кардед, машкхои зеринро ичро кунед.

Комплекси 1 (расми 29)
(Дар холати рост истодан)

1.     Ангуштонатонро мушт кунед, дастхоро ба боло бардошта, ангуштонро кушоед, баданатонро рост кунед, ба ангуштони дастон нигох кунед (нафас кашед) сипас, ба холати аввала баргардед (нафас бароред) 4-6 маротиба.

Расми 29
Расми 29

2.   Дастхо дар миён. Дастхоро дар пеши худ доред (нафас кашед), зуд бо суръат шинед (нафас бароред) ба холати аввала баргардед. 4-6 маротиба.

3.   Дастхо ба ду тараф. Дастхоро ба боло бардоред (нафас кашед), ба пеш каме хам шавед, нуги ангуштонро ба нуги пойхо расонида нафасбароред. 3-6 маротиба.

Комплекси 2 (расми 30)

Расми 30
Расми 30

1.  Дастхоро ба боло бардошта, комататонро рост кунед, тахта- пуштро ба тарафи кафо хам кунед (нафас кашед), дасгхоро фуроред (нафас барорнд) 2-3 маротиба.

2.  Ба гушаи курси нишаста, худро ба пушт партоед, пойхоро рост карда (нафас кашед) ба холати аввала баргардед ва 2- маротиба нафас бароред.

3.   Дастхо дар миён. Баданро бо суръат ба ду тараф тоб дихед, 2-3 маротиба.

Хангоми дуру дароз хондан ё навиштан мушакхои даст хаста мешаванд, барои хамин хар вакт ангуштони дастро кушодану пушидан вабанди дастротакондодан лозимаст.

Барои он ки чашмхо хаста нашаванд, ичрои машкхои дар кисми «узвхои хис» чойдодашударо тавсия менамоем. Ичрои чунин машкхо наздикбиниро пешгири мекунанд.

Андешахои пешина, ки гуё дар муддати 1 рузи кори барои барка- рор намудани фаъолияти кории узвхои бадани хонандагони синфхои ибтидои 1-2 дакикаи тарбияи чисмони кифоя аст, ба хакикат рост меояд.

Дар баъзе холатхо, дар хафтахои аввалини дарсхони ва дар охир! рузи дарозкардашуда дар давоми 1 дарс 1-2 маротиба гузаронидаш дакикаи тарбияи чисмони муфид аст.

Олимон чунин хулоса намудаанд, ки давомнокии диккати хонан дагони хурдсол дар як вакт 15-20 дакикаро ташкил медихад. Пас аз 30 35 дакикаи дарсхои пайдарпай фаъолияти кории онхо суст шуда фои данокии фаъолияти онхо то 37% паст мешавад, сифати кор бошад то 5< % паст мешавад. Дар ин холат наздики 50 % хонандагон ба дарсх< диккат намедиханд.

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …