Главная / Илм / ЛИТИЙ

ЛИТИЙ

litiyЛИТИЙ (лот. Lithium), Li, элементи химиявии гурухи I чадвали элементхои Менделеев; раками ат. 3, массаи ат. 6,941; металли ишкори. С. 1817 химики швед А. Арфведсон кашф кардааст. Л. металли сабук, нарм, ёзанда буда, ранги сафеди нукрагун дорад; t гуд. 180,5°С, t чуш. 1317°С, зичиаш 534 кг/м3 (20°С). Л. дар пайвастхояш яквалента аст. Хангоми дар оксиген ё хаво сухтан, оксид (Li2O) хосил мекунад.
Л. дар таркиби наботот ва бофтахои гуногуни одаму хайвонот мавчуд аст. Ахамияти биологии Л. пурра омухта нашудааст. Ба сифати дору баъзе намакхои он (мас., карбонати литий, оксибутирати литий ва г.)-ро кор мефармоянд; онхо фаъолияти рухгиро (психотропи) доранд. Хусусан карбонати литий (Lithii carbonas) бештар истифода мегардад. Онро барои истеъмол (баъди хурок) рузе 3 – 4 маротиба таъин мекунанд. Вояи дору ба таври фарди интихоб карда мешавад. Таъсири номатлуби дорухои Л. дар шакли тремор, хисси хастаги, атаксия, хоболуди, ташнаги, исхол, ихтилоли кори дил ба мушохида мерасад. Аз сабаби он ки ионхои Л. ба воситаи шири модар хорич мешаванд, имкон дорад дар кудаки синамак захролуди ба вучуд ояд. Дорухои Л.-ро факат духтури психиатр таъин мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …